Каъба: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
аниқ, имло, танзим
Сатри 2:
[[Акс:Kabaa.jpg|thumb|250px|Каъба]]
 
'''Каъба''' ({{lang-ar|الكعبة}} «мукааб») — азизи [[ислом|муъминон]] ки намуди сохти [[мукааб]]ро дорад ва дар дарунидохили ҳавлии [[Масҷид альал-Ҳарам]] ([[Макка]]) қарор дорад.

Ин ҷойи асосииасосие, ки мувофиқи фармони [[Қуръон]] ҳар як бандаи муъмин бояд [[зиёрат]] ([[Ҳаҷ|ҳаҷ]]) кунад. Каъба аз [[забони арабӣ]], ишораи рамзии номи ''ал-Байт ал-Ҳарам''-ро дорад, ки маънояш ''«хонаи азиз»'' аст.
 
== Тафсир ==
Каъба бинои чоркунҷаест, ки аз санги хокистарранг сохта ва ҳавлиаш бо сутунҳои равоқбандишуда иҳота шудааст. Дарозиаш 13 м, бараш 12 м, баландиаш 15 м мебошад. Мусулмонон Каъбаро Байтулаллоҳ (хонаи Аллоҳ), Байтулҳарам (хонаи муқаддас) ва Масҷидулҳарам (масҷиди муқаддас) меноманд.Дар кунҷи шарқии девори берунии Каъба санги муқаддас-ҳаҷаруласвад (санги сиёҳ) ҷойгир аст, ки онро «санги иброҳимӣ» низ меноманд, зеро ба ривояти динӣ гӯё Маккаю Каъбаро Иброҳиму Исмоил сохтаанд. Санг дар иҳотаи 3-4 қатор толору манораҳо гузошта шудааст. Ибтидои соли 930 пайравони фирқаи қарматия ба Макка ҳамла оварда сангро аз Каъба берун оварда, ба се тақсим карда, ба Ал-Ақсо бурданд. Баъди 20 сол санг бо талаби халифаи фотимӣ бо ҳалқаи нуқрагин пайванд ва ба ҷояш баргардонда шуд. То ислом Каъба маъбади бутҳои сершумори қабилавии арабҳо буд. Мувофиқи ривоятҳо дар атрофи Каъба зиёда аз 300 санам (асном) ва гӯри пайғамбарон мавҷуд буданд. Баъдтар ҳамаи санамҳо нест карда шуда, Каъба ҷойи асосии муқаддаси мусулмонон гардид. Дар ҳавлии Каъба [[чашмаи Замзам]] воқеъ аст. Мусулмонон уҳдадор ҳастанд, ки ҳангоми намоз ба Каъба рӯ оранд [[қибла]] ва дар тӯли зиндагӣ агар имкони молиявӣ дошта бошанд, онро боре [[зиёрат]], ([[ҳаҷ]]) намоянд. <ref>Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 296 </ref>
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Каъба"