Кароматуллоҳи Мирзо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 13:
==Эҷодиёт==
Аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта рӯ ба таълифи насри бадеӣ овардааст. Нахустин [[ҳикоя]]и ӯ «Айб аз худатон, додар!» соли 1965 дар [[рӯзнома]]и «Маориф ва маданият» ва [[китоб]]и аввалинаш – қиссаи «[[Ситора]]и умед» соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи ҳикоя, очерк ва [[қисса]]ҳояш «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди [[ишқ]]» (1986), «[[Суруд]]и муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «[[Ситора]]ҳои паси [[абр]]» (2005), «Ҷилои ситораҳо» (2012), [[роман]]ҳои «Дар орзуи падар» (иборат аз се қисмат, 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Ду [[ҳикоя]]» 2013), «Деҳаро хоб мебинам» (2014) пасиҳам рӯи чоп омада, мақоми ӯро дар [[адабиёт]]и тоҷик шоиста гардонидаанд. Асарҳои [[нависанда]] бо забони суфтаю фасеҳи тоҷикӣ ба қалам омада, хислатҳои неку бади ҳамзамонони моро воқеънигарона ба риштаи тасвир кашидаанд ва [[муаллиф]]ашонро ба ҳайси яке аз шогирдони муваффақи мактаби нигорандагии Устод [[Садриддин Айнӣ]] ва давомдиҳандаи кори [[Сотим Улуғзода]]ю [[Ҷалол Икромӣ|Ҷалол Икроми]]ю [[Фазлиддин Муҳаммадиев]] ва дигар устодони насри муосири тоҷик шуҳратёр
намудаанд. [[Радио]]и ҷумҳурӣ дар асоси қиссаи «Дарди ишқ» ва қисмати аввали романи «Дар орзуи падар» радиотеатр офаридааст, ки писанди ҳамагонанд. Ҳанӯз дар даврони шӯравӣ Киностудияи «[[Тоҷикфилм]]» аввалин бор ба забони тоҷикӣ аз рӯи қиссаи «Дарди ишқ» [[филм]]и ҳамноме ба навор гирифтааст, ки то имрӯз ҷолиби диққати тамошобинонанд. Дар заминаи романи сегонаи «Дар орзуи падар» иборат аз 23 қисмат сериали ҳамноме танзим гардидааст, ки на танҳо дар [[Тоҷикистон]], балки дар [[Эрон]]у [[Афғонистон]], маъруфияту маҳбубияти хоссае пайдо кардааст. Вобаста ба мавзӯи романи «[[Марг]]иМарги бегуноҳ», қиссаи «Нишони зиндагӣ» силсила[[филм]] ва ҳикояи «Меҳри модар» филм омода ва пешкаши умум гардидааст. [[Муаллиф]]и филмномаҳо ва радиотеатрҳои дар заминаи асарҳои [[нависанда]] таҳиягардида Шоири халқии Тоҷикистон [[Гулназар Келдӣ|Гулназар Келди]]ст, ки бо эҷодиёти адиб хуб ошноӣ ва бо ӯ ҳамкорӣ дорад. [[Китоб]]и [[қисса]]ҳои «Дарди ишқ»-аш таҳти унвони «Муки любви» соли 1989 дар Маскав (ба забони русӣ), романи «Дар орзуи падар» соли 2002 дар Ҷумҳурии Исломии [[Эрон]] интишор ёфтаанд. Осори гуногунаш дар 20 маҷмӯаи дастҷамъӣ ба чоп расидаанд. Асарҳои алоҳидаи ӯ, ҳамчунин, ба [[забони англисӣ|забонҳои инглисӣ]], [[забони чехӣ|чех]]ӣ (тарҷумон [[Иржи Бечка]]), [[забони туркманӣ|туркман]]ӣ, [[забони ӯзбакӣ|ӯзбек]]ӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.
 
==Мукофот==