Фазлиддин Муҳаммадиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Removing "Фазлиддин_Муҳаммадиев.jpg", it has been deleted from Commons by Jameslwoodward because: Per c:Commons:Deletion requests/Files uploaded by Shamsiddini m.
х →‎Эҷодиёт: илова, сарчашма
Сатри 13:
Дастпарвари мактаби миёнаи №.15 ш. [[Самарқанд]]. Соли [[1946]] ба [[Сталинобод]] омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш чун ходими адабии рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” (минбаъд – “Тоҷикистони Советӣ”, ҳоло – “Ҷумҳурият”, 1947-1949) сар шудааст. Мактаби марказии комсомол (Москва, 1951), курси олии адабии назди Институти адабии ба номи М.Горкий (Москва)-ро хатм кардааст (1962). Минбаъд дар вазифаҳои Котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло – “Ҷавонони Тоҷикистон”, 1951-1954), муҳаррири рӯзномаи “Газетаи муаллимон” (ҳоло – “[[Омӯзгор]]”, 1954), мудири шӯъбаи маданият ва маишати рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (1954-1955), котиби масъули маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” (ҳоло – [[Фирӯза (маҷалла)|“Фирӯза”]]), “Хорпуштак” (1955-1957), мудири шӯъба, котиби масъули моҳномаи “Шарқи Сурх” (ҳоло – “Садои Шарқ”, 1957-1960), муҳаррири маҷаллаи [[“Хорпуштак”]] (1962-1964), узви коллегияи сенариянависони Киностудияи ”[[Тоҷикфилм]]” (1965-1966), муҳаррири калони нашриёти “Ирфон” (1967-1968), мудири редаксияи назорати адабии Сарредаксияи илмии ЭСТ (1969-1973), сармуҳаррири Комитаи давлатии ҶТ оид ба синамо (1973-1976), котиби [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1978-1981) кор кардааст. Фазлиддин Муҳаммадиев [[16 октябр]]и соли [[1986]] бар асари кордзании чанд тан авбош дар рӯи мизи ҷарроҳӣ ҷон додааст. Фазлиддин Муҳаммадиев дар [[оромгоҳ]]и [[Боғи Лучоб]] ба хок супорида шудааст.
== Эҷодиёт ==
Аввалин [[ҳикоя]]ҳояш аз аввали солҳои 50-уми асри мозӣ чоп шуда дарак аз зуҳури нависандаи ҷавони соҳибсабақу соҳибистеъдоде додаанд. Ҳамон солҳо беҳтарин очеркҳоро навиштааст, ки дар маҷмӯаи «Муҳоҷирон» (1958) гирд омадаанд. Баъдан [[қисса]]ҳои «Таркише, ки ба амал наомад» (1960), «Одамони
Фазлиддин Муҳаммадиев аз соли 1981 бо кори эҷодӣ машғул буд. Муаллифи маҷмӯаи очеркҳои “Муҳоҷирон” (1959), “Сози Мунаввар” (1967), китобҳои “Одамони кӯҳна” (1963), “Дар он дунё” (1965), романи “Палатаи» кунҷакӣ” (1974), повестҳои “Шоҳии япон” (1982), “Варта” (1983), маҷмӯаи публисистии “Дӯстон тоҷи сар” (1985). Бисёр асарҳои нависандаҳои ҷаҳон, аз ҷумла “Зарбаи аввал”-и Андре Стил, “Ҷазираи гулистон”-и Михаил Садовяну, “Ҷамила”, “Алвидоъ, Гулсарӣ” ва “Дуроҳаи бӯҳронӣ”-и Чингиз Айтматов, пиесаҳои Н. Погодин “Достони саввуми муассир”, “Ҷон модаракон” ва “Садо аз тобут”-и Абдулло Қаҳҳорро ба тоҷикӣ гардонидааст. Худ низ мазҳакаи “Охирин арӯси амирулмӯъминин”-ро навиштааст. Бисёр асарҳояш ба забони англисӣ, франсавӣ, олмонӣ, испанӣ, чехӣ, руминӣ, маҷорӣ, булғорӣ, арабӣ ва русӣ тарҷума шудаанд.
кӯҳна» (1963), «Бибизайнаб» (1964), «Дар он дунё» (1965), романи «Палатаи кунҷакӣ» (1974), қиссаҳои «Шоҳии япон» (1982) «Варта» (1983), маҷмӯаи ҳикояҳои «Сози Мунаввар» (1990)-аш ба табъ расидаанд. Солҳои 1978-1980 дуҷилда, солҳои 1989-1991 сеҷилдаи осори мунтахабаш чоп шудаанд.
Соли 1985 китоби дигари очеркҳояш «Дӯстон – тоҷи сар» пешкаши хонандагон гардидааст, ки аз биҳин намунаҳои навъи мазкур дар насри муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд.
Ҳамаи асарҳои ӯ борҳо ба русӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд. «[[Тоҷикфилм]]» аз рӯи сенарияҳои ӯ филмҳои «Задухӯрд» (1973), «Субҳи ватани ман» (1974), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980)-ро
офаридааст. Филми ҳунарии «Вохӯрӣ дар дараи марг» дар бисёр озмунҳои байналмилалӣ сазовори мукофот гардидааст. Драмаи «Арӯси охирини амиралмӯъминин» (1963)-ашро Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузоштааст.
Ҳикояҳои алоҳидаи А. Чехов, Т. Драйзер, романи А. Стил «Зарбаи аввалин», қиссаву романҳои Ч. Айтматов «Ҷамила», «Дуроҳаи бӯронӣ» ва «Алвидоъ, Гулсарӣ!», романи А. Қаҳҳор «Модарони меҳрубони ман» ва ғ.-ро устодона ба тоҷикӣ гардондааст.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 144 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
 
== Мукофоту ҷоизаҳо ==
* Бо ордени “Дӯстии халқҳо”,