Зебо Аминзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
Сатри 12:
'''Зебо Муҳиддиновна Аминзода ''' – ([[3 октябр]]и соли [[1948]]), раққоса ва балетмейстери тоҷик. [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]] ([[1980]]). [[Ҳунарпешаи халқии ИҶШС]] ([[1986]]).
==Ансамбли давлатии рақсии «Зебо»==
Зебо Аминзода хатмкунандаи Омӯзишгоҳи хореографии Маскав дар назди Театри Калони ИҶШС ва Мактаби олии рақсу хореографии Тошкент аст. Ӯ [[11 май]]и соли [[1979]] ансамбли давлатии рақсии «Зебо» назди [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ]] (пештар Телевизион ва радиои давлатии ҶШС Тоҷикистон) таъсис дода буд. Зебо Аминзода, ки дар он вақт вазифаи роҳбари ансамблро ба ӯҳда дошт, дар асоси озмун 25 нафар духтаронро интихоб намуда, баъдан 10 нафар духтарони зебою истеъдодноктарин ба ансамбл қабул шуданд.
Ансамбли ӯ тайи якчанд сол на фақат дар [[Тоҷикистон]] балки дар ҳудуди собиқ [[ИҶШС]] ва берун аз он машҳур гардида, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кард. Ансамбли мазкур ҷоизи мукофоти Комсомоли ленинӣ гардида, соли [[1986]] роҳбари он унвони фахрии [[Ҳунарпешаи мардумии халқии ИҶШС]] касб намуд. Соли [[2014]] Зебо Аминзода боз барои таъсиси ансамбли рақсии «Зебо» ба Душанбе баргаштааст. <ref>ЗЕБО АМИНЗОДА БА ДУШАНБЕ БАРГАШТ http://khovar.tj/culture/33595-zebo-aminzoda-ba-dushanbe-bargasht.html</ref>
 
== Пайвандҳои беруна ==
* [http://www.vfarhang.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=98&Itemid=75&lang=tj Сомонаи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон]