Рафоат Абдусаломова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Рафоат Абдусаломова
No edit summary
Сатри 8:
|Вазифа= [[наттоқ]]и ТВ
}}
'''Рафоат Абдусаломова''' – аввалин наттоқи ТВ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон <ref> [ftp://91.218.161.60/kitobho/Takvim_2014.pdf Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2015) - Душанбе: Бухоро, 2014.- 280 с.]</ref>
==Зиндагинома==
Рафоат Абдусаломова 10 марти соли 1939 дар Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. 3 октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии телевизиони Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд. Аз соли 1961 (45 сол) дар телевизиони тоҷик ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор карда, баҳри рушду камоли теле­визиони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.
Сатри 14:
Барномаҳои телевизионии «Дугонаҳо», «Гулдаста», «Ватан ва фарзандон», «Муҳаббат ва оила», «Гулдухтарон», «Дилафрӯз» ва ғ., ки миёни тамошобинон маҳбубият дош­танд, маҳсули эҷоди ӯ мебошанд. Абдусаломова Рафоат солҳои зиёд барандаи барномаҳои хоса барои телевизиони Москва ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
==Мукофот==.
*Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1989);
*Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон;
*Нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиои СССР». <ref> [ftp://91.218.161.60/kitobho/Takvim_2014.pdf Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2015) - Душанбе: Бухоро, 2014.- 280 с.]</ref>
Ос.: Телевизион – оинаи зиндагӣ, Д., 2002; Наттоқ чеҳраи телевизион, Д., 2008.