Раҳим Ҳошим: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Манбаъ: ивази гурӯҳ
сарчашма
Сатри 9:
}}
'''Раҳим Ҳошим''' - адабиётшинос, [[мунаққид]], [[забоншинос]], мутарҷим ва [[нависанда]]и тоҷик. Номзади илми филологӣ (1963). Узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1960). Ходими хизматнишододаи илми Тоҷикистон (1978).
 
==Зиндагинома==
Раҳим Ҳошим [[5 октябр]]и [[соли 1908]] дар гузари Боғимайдони ш. [[Самарқанд]] ба дунё омадааст, Мак. ибтидоии усули навро хатм кардааст (1916), дар мак. навташкиле, ки дар он устод Айнӣ дарс мегуфт (1917) ва баъд дар мактаби русӣ, Дорулмуаллимини Самарқанд таълим гирифтааст (1918-1920). Ходими адабии рӯзномаи “Зарафшон” ва маҷаппаи “Маориф ва ӯқитувчи”, “Раҳбари дониш” (1920-1925), коттби масъули маҷаллаи “Раҳбари дониш” (1926; 1934-1935), муҳаррир ва тарҷумони Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд (1927-1930, 1935-1936). Соли 1930 ба Тоҷикистон омадааст. Котиби масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1933-1934). Иштирокчии Анҷумани якуми нависандагони СССР дар Москва (1934). Аз с.1944 то 1954 дар Сибир бадарға шуда буд. Аз соли 1955 то охири умр ходим ва ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон| АИ ҶШС Тоҷикистон]]. Узви ҳайати таҳририяи нашрияҳои Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон| АИ ҶШС Тоҷикистон]], узви ҳайати таҳририяи “Куллиёт”-и С.Айнӣ ва А.Лоҳутӣ буд.
 
==Эҷодиёт==
Аввалин мақолааш “Жадид шоир Саидаҳмад Сиддиқий” дар маҷ. “Маориф ва ӯқитувчи” чоп шудааст (1928, № 10). Муаллифи зиёда аз 500 асару рисола, мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, китоби дарсӣ, аз ҷумла:
Line 28 ⟶ 30:
* “Роҳи нав”, «5 дар 4» (бо ҳамқаламии С.Айнӣ, П.Сулаймонӣ, В.Лубенсов) ва ғ.
Дар таълифу таҳрири луғатҳои тоҷикӣ, дузабона, фразеологӣ ва истилоҳии “Луғати русӣ-тоҷикӣ” (1933, 1985), “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (1969) ва ғ., саҳм гузоштааст. Асарҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Маликушшуаро Баҳор, Фузулӣ, М.Ф.Охундов ва дигар класс. адаб. Шарқро ба нашр ҳозир кардааст. Тарҷумаи чандин асари В.И.Ленин, асарҳои М.Горкий (“Модар”, “Қиссаҳои Италия”, пиесаҳои “Дар қаъри ҳаёт”, “Мешанҳо”, “Боғнишинон”, “Душманон”, “Егор Буличёв ва дигарон”), Марк Твен (“Шоҳзода ва гадо”), Д.Дефо («Робинзон Крузо»), А.Н.Радишев (“Саёҳат аз Петербург ба Москва”), В.Г.Короленко (“Мусиқачии нобино”), М.Ю.Лермонтов (“Мтсири”), А.Фадеев (“Гвардияи ҷавон”, кит.2), А.И.Гертсен (“Кӣ айбдор?”), И.А.Гончаров (“Ҳодисаи оддӣ”), Л.Н.Толстой (“Анна Каренина”), В.Ян (“Чингизхон”), Нозим Ҳикмат (“Абри ошиқ”), Г.Фигейредо (“Эзоп”), Р.Нурӣ (“Чаманоро”) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ дорад.<ref>Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 1988. – С. 148 -149.</ref>
 
== Адабиёт ==
* "''Hoshimov, Rahim''". In: Iraj Bashiri (Professor at the University of Minnesota). [http://www.angelfire.com/rnb/bashiri/TajikFigures/TajikFigures.pdf PROMINENT TAJIK FIGURES OF THE TWENTIETH CENTURY]. Dushanbe, Tajikistan, 2002, p. 107.
 
== Манбаъ ==
<references/>