Биосфера: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 1:
[[Акс:Seawifs global biosphere.jpg|thumbnail|right]] '''БИОСФЀРА''' (аз {{lang-la|био...-ҳаёт}} ва юн. {{lang-gr|sphaira}} – кура, қишр), табақаи махсуси кураи [[Замин]], ҷойи зисти ҷонварон.
Биосфера қисми атмосфера (тропосфера), тамоми гидросфера ва қисми болоии қишри Замин (литосфера)-ро то қаъри 2–3 км дар бар мегирад. Биогеотсеноз таркиби мабдаи фаъоли Биосфера кунунӣ мебошад. Истилоҳи «Б.»-ро аввалин бор с. 1875 геологи австриягӣ Э. Зюсс ҷорӣ кард. Таълимоти умумиро оид ба Биосфера акад. В. И. Вернадский (1926) офарид. Аз 105 унсурҳои кимиёӣ барои ташаккули организмҳои зинда шаш унсур ҳатмист: C, N, O, H, P, S. 99 дарсади массаи зиндаи организмҳоро H, C, N, O, Na, Mg, P, S, Cl, K, Ca, Fe ташкил медиҳанд.
 
Бино ба пажӯҳишҳои олимон мавҷудияти [[Коинот]] ба 20 млрд сол баробар аст. Замин 4,7 млрд сол қабл пайдо шудааст. Аввалин организмҳои зинда 3,8 ва мавҷудоти серҳуҷайра 1 млрд сол пеш ба вуҷуд омадаанд. Нахустин ҳайвоноти муҳрадор 500, рустаниҳои хушкӣ 400, ширхӯрҳо 200 ва приматҳо 70 млн сол қабл ташаккул ёфтаанд. Аввалин намояндагони ҷинси Homo sapiens 20 ҳазор сол пеш умр ба сар бурдаанд.
 
Биосфера на фақат соҳаи ҳаёт, балки дигар қисматҳои Заминро, ки аз ҷиҳати генетикӣ бо моддаҳои зинда вобастаанд, дар бар мегирад. Мувофиқи таълимоти Вернадский Биосфера аз ҳафт моддаи гуногун, вале аз ҷиҳати генетикӣ бо ҳам алоқаманд иборат аст. Дар ҳудуди Биосфера моддаҳои зинда ё осори фаъолияти биокимиёии онҳо вомехӯранд. Газҳои атмосфера (оксиген, нитроген, гази карбонат), оби табиат, нафт, ангиштсанг, оҳаксанг, гил ва ҳосилаҳои метаморфози онҳо (варақсанг, мармар, хоро ва ғ.) дар асоси моддаҳои зиндаи Замин ба вуҷуд омадаанд. Фаъолияти истеҳсолии инсон якҷо бо тағйироти босуръати табиати зинда ва ғайризинда (истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, кам шудани ҷангалзор, корам кардани заминҳои партов, сохтмони обанборҳо, тағйири маҷрои дарёҳо, нест кардани намудҳои рустанию ҳайвонот, аз маҳсули фаъолияти инсон ифлос гаштани об, хок ва фазо, истифодаи нуриҳои минералӣ, обшӯю хоксели замин, сохтмони шаҳрҳо, дарғот ва ғ.) вусъат меёбад. Дар рӯйи Замин қитъаи хушкӣ ё баҳре нест, ки дар он осори фаъолияти одам набошад. Дар атмосфера, уқёнус ва хушкӣ ҳамаҷо маҳсули сӯхтани нафт, ангишт, газ, партовҳои саноатӣ, пестисидҳо, нуриҳо ва ғ. мушоҳида мешавад. Ифлос гаштани Биосфера ба ҳаёти худи одамон зарари калон мерасонад. Муҳофизати Биосфера аз таъсироти манфии антропогенӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Нигар. низ
==Бознигаред==
* [[Экология]],
* [[Муҳофизати табиат]].
 
== Адабиёт==