Абдуманнон Насриддинов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова, таҳрир
х таҳрир
Сатри 10:
'''Абдуманнон Насриддин''' -[[олим]], [[адабиётшинос]], доктори илмҳои филология (1990), [[профессор]] (1991). Аълочии маорифи ҶТ (1996), дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1997), Ҷоизаи Президенти Чумхурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2006). Узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1996).
== Зиндагинома ==
Абдуманони Насриддин [[20 ноябр]]и соли [[1953]] дар [[Ҷамоати Ёва]]и [[ноҳияи Ғафуров| ноҳияи Хуҷанд]] ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар факултаи таъриху филологияи [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров]] таҳсил карда соли 1974 ба итмом расондааст. Аз ҳамон сол дар донишкада ба ҳайси муҳаррири рӯзномаи «Маҳорати педагогӣ» (1975-1976), лаборант, ассистент (1978-1982), сармуаллим (1982-1983), дотсент (1983-1987) кор кардааст. Декани факултаи филологияи ДДОЛ (1987-1988), докторанти Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988-1990) будааст. Соли 1990 дар мавзӯи «Проблемаҳои маърифати бадеӣ ва шарҳу тафсири осори адабиёти форсу тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст, ки дар эроншиносии дунё зуҳуроти тоза ба ҳисоб меравад. Аз соли 1991 [[профессор]], аз соли 1992 то поёни умраш мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]] будааст. [[Соли 2011]] бо ҷаҳон падруд гуфт.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 157-158 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
==Фаъолияти илмӣ ==
Муаллифи бештар аз 30 китобу 450 мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ ва илмию методӣ доир ба масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёти тоҷик, фарҳангшиносӣ, матншиносӣ ва шарҳнависист.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 238157-239158 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref> Мавзӯи таҳқиқоти илмиаш “Проблемаи маърифати бадеӣ ва шарҳу тафсири осори адабиёти форсу тоҷик”. Дар маҷмуаҳои илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳои ватанию хориҷи бештар аз 700 мақолаи ӯ роҷеъ ба масъалаҳои муҳими таърихи адабиёти форс-тоҷик, поэтика, текстология ва фарҳангнигорӣ ба табъ расидаанд. Дар омухтани шарҳҳои адабиёти классикии форс-тоҷик замина гузошт. Маҳсули тадқиқи бисёрсолаи шарҳҳо асари бунёдии ӯ “Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форс-тоҷик” дар ду ҷилд аст. Як силсила мақолаҳояш доир ба масъалаҳои адабиёти форс-тоҷик дар Эрон ба чоп расидаанд. Осори илмии Абдуманнон Насриддинов дар [[Эрон]], [[Ҳиндустон]], [[Покистон]], [[Афғонистон]], [[Русия]], [[Украина]], [[Қазоқистон]] ва [[Ӯзбекистон]] ба табъ расидаанд. Узви Шӯрои дифои рисолаҳои номзадии [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]], узви Кумитаи С. Айнии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]], узви Бунёди Рудакии ПЗА [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] , раиси кумитаи истилохоти Бунёди забони [[вилояти Суғд]].
[[Профессор]] Абдулманнони Насриддин дар ин замина мактаби қавии намунавии илмии худро ба вуҷуд оварда, 30 нафар аз шогирдони ӯ ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология соҳиб гардидаанд.
Абдуманнон Насриддин дар чандин анҷуману ҳамоиши илмӣи байналхалқӣ ширкат ва суханронӣ кардааст. Аз ҷумла, дар анҷуманхои гуногуни устодони забони форсӣ (Теҳрон, 1994, 1998, 2002; Душанбе, 2004), Анҷумани 18-уми устодони забони форсии Ҳиндустон (Дехли-Ромпур, 1996), Анҷумани тамаддуни эронӣ дар оғози қарни ХХ1 (Маскав, 2002), Анҷумани эроншиносӣ (Техрон, 2003), “Мавлавӣ ва ҷаҳони муосир” (Алмаато, 2007) ва ғ.
Сатри 37:
умуман, масоили умдаи адабиёти форсии тоҷикӣ сухане тоза буда, аз ҷониби донишмандону ховаршиносони номвари олам мавриди ситоишу эътироф қарор гирифтаанд.
Ниҳоят, соли 2013, ба муносибати 60-умин солгарди зодрӯзи муҳаққиқи тавоно, сарварону донишмандони дақиқназару сипосгузори вилояти Суғд осори бозмондаи ӯро дар ҳафт ҷилди муҷаллои «Куллиёти осор»-аш интишор доданд, ки ҷамъан 4526 саҳифа (282 ҷ.ч.)-ро фаро гирифта, беҳтарин ёдгори рӯзгори олим
ва гуётарин намунаи посдории хотиру мероси гузаштагони фарзонаамон мебошад. Намунаҳое аз осори Абдулманнони Насриддин, ҳамчунин, дар Эрон, Ҳиндустон, Русия, Украина, Қазоқистон ба табъ расидаанд. Ӯ дар конфаронсу ҳамоишҳои байналмиллалии Теҳрон (1994, 1996, 1999, 2004, 2006), Табрез (1996), Деҳлӣ (1996), Ромпур (1996), Машҳад (1999), Маскав (2001, 2008), Алмаато (2007) ва ғ. ширкату суханронӣ карда, дар ҷаҳонишавии шуҳрати илми ҳозиразамони тоҷик ҳиссаи калон гузоштааст.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 238157-239158 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
== Осори илмӣ ==
* Нависанда ва шореҳи асари бадеӣ. - Душанбе, 1990;