Анвар Олим (Ориёнмеҳр): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Анвар Олим (Ориёнмеҳр)
(бе тафовут)

Нусха 10:23, 14 май 2016

Шаблон:Зиндагинома Ориёнмеҳр – нависанда ва . Аз соли 1996 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Анвар Мирзоҳакими Олим (Ориёнмеҳр) соли 1956 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёна шомили Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод шуда, соли 1977 соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардидааст. Солҳои 1986-1988 дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хидмат кардааст. Аз соли 1980 дар соҳаи рӯзноманигорӣ заҳмат мекашад. Ҳоло корманди масъули маҷаллаи «Паёми Суғд» мебошад.

Эҷодиёт

Муаллифи маҷмӯаҳои «Қиссаҳо аз ислом ва панди Мавлонои Рум», «Вақти гули зардолу», «Балогардон», «Макрӯҳ», «Шаби 13-ум…» мебошад. Асарҳои адиби литвонӣ Скрайрис «Чароғи сеҳрнок», нависандаи рус В.Гринков «Ашки ҷаллод», нависандаи қирғиз Ч. Айтматов «Алопаре, ки медавад лаб-лаби баҳр»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон. Бо медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст. [1]

Манбаъ

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 157 ISBN 978-99947-2-379-9