Раҳмат Назрӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
|Номи аслӣ= Раҳмат Назрӣ
|Акс= noimage.gif
|Зодрӯз= [[15 окяброктябр]]и [[1951]]
|Зодгоҳ= [[шаҳр]]и [[Кӯлоб]]
|Даргузашт=
Сатри 12:
'''Раҳмат Назрӣ''' [[15 октябр]]и соли [[1951]] дар [[шаҳр]]и [[Кӯлоб]] ба ҷаҳон омадааст. Соли 1968 [[мактаби миёна]]и №7 зодгоҳаш ва соли 1973 шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]]ро ба итмом расонидааст.Чанде мухбири [[рӯзнома]]и «Маориф ва маданият» (1973-1979), коргузори Дафтари тарғиби [[адабиёт]]и [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1979-1983), мудири шуъба ва муовини [[сармуҳаррир]]и [[ҳафтанома]]и «[[Адабиёт]] ва [[санъат]]» (1983-1989), мушовири [[назм]]и [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1989-2002) будааст. Аз соли 2002 то имрӯз котиби масъули Кумитаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ]] дар соҳаи [[адабиёт]], [[санъат]] ва меъмории назди Ҳукумати [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]], узви Садорат ва Раёсати [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] мебошад. Аз соли 1979 узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] аст.
==Эҷодиёт==
Нахустин чакидаи хомааш ҳанӯз овони [[мактаб]]хонӣ дар [[маҷалла]]и «Машъал» чоп шудааст. Баъдан [[шеър]]ҳои навмашқонаи ӯ дар [[рӯзнома]]ҳои «Маориф ва маданият» ва «Комсомоли Тоҷикистон» дарҷ гардидаанд. Солҳои ҷавонӣ дар Фестивалҳои VIII, IX, X умумииттифоқии шоирони ҷавон (Ашқобод 1975, Полтава 1978, Владивосток 1985) ва Машварати VI адибони Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамлакатҳои сотсиалистӣ (Москва 1979) ширкат варзидааст. Соли 1977 маҷмӯаи нахустини шеърҳои ӯ «[[Барг]]и сабз» бо фотиҳаномаи устод Боқӣ Раҳимзода ба табъ расидааст. Сипас маҷмӯаҳои [[ашъор]]аш «[[Ситора]]и рӯз» (1982), «[[Лола]]и [[оташ]]» (1984), «Сарнавишт» (1988), «Меҳроб» (1991), «Ҳафтранг» (2002), «Садои хомӯшӣ» (2006), «[[Ситора]]борон» (2011), «Чилчароғ» (2011), «Ширмаҳтоб» (2012), «Ширинкома» (2012), «Шилшила» (2013), «Дида ба дида» (2014) интишор ёфтаанд. Намунаҳои аъшораш ба чандин баёзҳо ва [[китоб]]ҳои [[дарс]]ӣ ворид шудаанд. Соли 2004 маҷмӯаи ашъораш «Сояи танҳоӣ» дар [[Ҷумҳурии Исломии Эрон]], 2011 «То боздид, эй офтоб!» дар [[Тоҷикистон]] бо ҳуруфи ниёкон аз чоп баромадаанд. Ҳамчунин намунаҳое аз шеърҳои ӯ дар баёзҳои эронии «Хуршедҳои гумшуда», «[[Боғ]]и бисёрдарахт», «[[Эрон]] дар шеъри муосири тоҷик» ва [[маҷалла]]ҳои эронии «Кайҳони фарҳангӣ», «Симурғ», «[[Шеър]]», «Оянда», «[[Бухоро]]», «[[Рӯдакӣ]]», «[[Оина]]и зиндагӣ» ва ғ.ба табъ расидаанд. Соли 1988 барои [[китоб]]и «Сарнавишт» сазовори Ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон, соли 1993 барои китоби «Меҳроб» шоистаи Ҷоизаи адабии ба номи [[Мирзо Турсунзода]], соли 2000 барои силсилаи дубайтиҳои «Хирмани моҳ» арзандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ]] ва соли 2003 шарафёби унвони [[Шоири халқии Тоҷикистон]] гардидааст. Борҳо дар озмунҳои ватаниву байналмилалии [[шеър]] ғолиб омадааст. Як силсила шеърҳои шоир ба [[забонҳоизабони русӣ|забонизабонҳои русӣ]],[[забони инглисӣ|инглисӣ]], [[забони олмонӣ|олмонӣ]], [[забонҳоизабони арабӣ|арабӣ]], [[забонҳоизабони туркӣ|туркӣ]], [[забонҳоизабони украинӣ|украинӣ]], [[забони булғорӣ|булғорӣ]], [[забони арманӣ|арманӣ]], [[забони аварӣ|аварӣ]], [[забони латишӣ|латишӣ]], [[забони ӯзбакӣ|ӯзбекӣ]], [[забони қазоқӣ|қазоқӣ]], [[забони қирғизӣ|қирғизӣ]] ва ғ. тарҷума шудаанд. Ба [[шеър]]ҳои алоҳидаи ӯ бастакорони маъруфи кишвар оҳанг бастаанд. Се қартаи овоз, ки «[[Суруд]]ҳо бар [[ашъор]]и [[Раҳмат Назрӣ]]» ном дорад, солҳои 1985, 1986, 1990 аз ҷониби фирмаи «Мелодия»-и [[Тошканд]] интишор ёфтааст.
==Мукофот==
*Ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон (1988);