Нурмуҳаммад Ниёзӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 8:
|Вазифа= [[шоир]]
}}
'''Нурмуҳаммад Ниёзӣ''' —[[шоир]], узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1980),[[Шоири халқии Тоҷикистон]] (2012)
==Зиндагинома==
'''Нурмуҳаммад Ниёзӣ''' [[20 сентябр]]и соли [[1946]] дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира [[ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров]]) ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилро дар [[мактаби миёна]]и зодгоҳаш оғоз карда, дар [[шаҳр]]и [[Хуҷанд]] анҷом додааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]] буда, ду сол дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз бахшида, баъдан дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва [[ҳафтанома]]и «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳайси [[мухбир]] фаъолият бурдааст. Чанде ходими Маркази тарғиби [[адабиёт]], солҳои 1989-1994 котиби масъули шуъбаи Суғди [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] будааст. Аз соли 1994 раиси Иттиҳодияи адибони ҷавони [[вилояти Суғд]] мебошад. Барои [[китоб]]и [[шеър]]ҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи [[Камоли Хуҷандӣ]] гаштааст. Аз [[шоир]]они соҳибзавқ буда, дар [[ашъор]]аш асолату балоғати [[забон]]и шевои модариро мутаҷаллӣ сохта, дар тасвири манзара, офаридани образҳо ва корбурди васоити суханороӣ муваффақ аст. Мекӯшад баёнгари дарди миллат ва дармонбахши он бошад, хонандаро ба худогоҳию хештаншиносӣ ва эҳтироми армонҳои миллӣ ҳидоят кунад. Аз соли 1980 узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] мебошад.