Асри санг: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: ислоҳ карда истодааст., replaced: Точик → тоҷик
Сатри 4:
==Даврабандии асри санг==
Омӯхтани аслиҳа ва олоти гуногуни истеҳсолии мавриди истифодаи инсони қадим чунин нишон медиҳад, ки дар давраи хеле қадим олоти мавриди истифодаи инсони ибтидоӣ оддӣ ва дағал буд. Ин давраро давраи палеолитӣ ё худ асри санги қадим меноманд, ки дар Осиёи Марказӣ дар ҳудуди аз 800 то 12 ҳазор сол давом кардааст. Аслиҳа ва олоти давраи неолит ё худ асри санги нав бошад, аз 6 то 2 ҳазор солро дарбар гирифта, то андозае як шакли такмилёфтаро дар худ акс кардаанд.
Таърихи ҷамъияти ибтидоӣ аз нигоҳи илмҳои археология, таърих, палеоанторопология ба давраҳои алоҳида тақсим шудааст. Ин давра, баъди таърихи қадимтарин ба асри санг, асри биринҷ, ва асри оҳан тақсим мешавад.
Асри санг ба давраи қадимаи сангӣ - палеолит ҷудо шуда, он дар навбати худ ба марҳилаҳои палеолити поён 800-200 ҳазор сол, миёна 200-35 ҳазор сол, боло 35- 12 ҳазор сол тақсим мешавад.
Давраи нави санг неолит аз 6 то 2 ҳазор солро дарбар мегирад. Дар давраи охири неолит аввалин олоти мисӣ паӣдо шуданд. Олимон ин марҳилаи мису сангро давраи энеолит меноманд.
 
Бостоншиносон дар асоси фарқи навъҳои олоти сангӣ ва тарзу усули тайёр кардани онҳо асосан Асри сангро чунин даврабанди кардаанд:
* '''палеолит''' - (асри қадимтарини санг то ҳазорсолаи 12–13 то м.),
* '''мезолит''' - (асри миёнаи санг – ҳазорсолаҳои 10–6-и то м.) ва
* '''неолит''' - (асри нави санг – ҳазорсолаҳои 6–2-и то м.)
 
==Давраҳои палеолит==
Дар навбати худ палеолитро ба палеолити поён, миёна ва боло тақсим кардаанд.