Асри санг: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 16:
==Давраҳои палеолит==
Дар навбати худ палеолитро ба палеолити поён, миёна ва боло тақсим кардаанд.
* Палеолити поён аз зинаҳои ''олдувай'' ва ''ашел'',
Палеолити пойн (950-200 хазор сол кабл аз милод).
Аввалин одамони ибтидоӣ дар ҳудуди сарзаминҳои тоҷикон такрибан дар фосилаи аз 950 ҳазор сол то 1 миллион сол қалб аз милод пайдо шуданд. Бостоншиносон Али Ориёи аз [[ Эрон ]] ва Клод Тибу аз [[ Фаронса ]] соли 1975м. (1354ш) дар канораи Кашафрӯди остони [[ Хуросон ]] шаст намуна абзори мутааллиқ ба даврони кӯҳани сангиро ҷамъоварӣ карданд. Ин абзор ба замони байни 800 хазор то 1 миллион сол муқаддам пардохта шуда, дар шумораи нахустин дастсохтаҳои башар дар ин минтақа махсуб мешаванд.
Осори одамони ибтидои дар пештар аз 30 нуқтаи ҷануби [[ Тоҷикистон ]], дар қабатҳои замини қадими буришҳои зардхок ошкор гардиданд. Лекин танҳо 5 нуқта аз назари бостоншиноси тадқиқ шудааст. Соли 1980 бостоншиноси ленингради Пётр Павлов дар хайати илмии археологи бо сардории В.А.Ранов дар Кулдараи нохияи Ховалинги вилояти Хатлон дар қабатҳои 11 ва 12-уми буриши зардхоки баландиаш 130 метр ёдгории алъон қадимтарини палеолити поёнро дар [[ Осиёи Миёна ]] кашф намуд. Хамаги 40 адад абзори сангии одамони аввалин: белчаҳо, асбобҳои теғдор ва дирафш ёфт шуданд. Мувофиқи тадқиқи методи бо ном марҳилаҳои изотопи каҷ, синни бозёфтҳои сангии қабатҳои 11-12 Кулдара ба 950 ҳазор сол баробар аст. Дар ҷануби [[ Тоҷикистон ]] ҷой гирифтани одамони аввалин наздик 1 миллион сол қабл руй дод.
* палеолити миёна аз ''мустйе'',
* палеолити боло аз ''перигор'', ''ориняк'', ''солютр'' ва ''мадлен'' иборат мебошанд.