Асри санг: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 17:
Дар навбати худ палеолитро ба палеолити поён, миёна ва боло тақсим кардаанд.
* Палеолити поён аз зинаҳои ''олдувай'' ва ''ашел'',
Палеолити пойн (950-200 хазорҳазор сол каблқабл аз милод).
Аввалин одамони ибтидоӣ дар ҳудуди сарзаминҳои тоҷикон такрибан дар фосилаи аз 950 ҳазор сол то 1 миллион сол қалб аз милод пайдо шуданд. Бостоншиносон Али Ориёи аз [[ Эрон ]] ва Клод Тибу аз [[ Фаронса ]] соли 1975м. (1354ш) дар канораи Кашафрӯди остони [[ Хуросон ]] шаст намуна абзори мутааллиқ ба даврони кӯҳани сангиро ҷамъоварӣ карданд. Ин абзор ба замони байни 800 хазор то 1 миллион сол муқаддам пардохта шуда, дар шумораи нахустин дастсохтаҳои башар дар ин минтақа махсуб мешаванд.
Осори одамони ибтидои дар пештар аз 30 нуқтаи ҷануби [[ Тоҷикистон ]], дар қабатҳои замини қадими буришҳои зардхок ошкор гардиданд. Лекин танҳо 5 нуқта аз назари бостоншиноси тадқиқ шудааст. Соли 1980 бостоншиноси ленингради Пётр Павлов дар хайати илмии археологи бо сардории В.А.Ранов дар Кулдараи нохияи Ховалинги вилояти Хатлон дар қабатҳои 11 ва 12-уми буриши зардхоки баландиаш 130 метр ёдгории алъон қадимтарини палеолити поёнро дар [[ Осиёи Миёна ]] кашф намуд. Хамаги 40 адад абзори сангии одамони аввалин: белчаҳо, асбобҳои теғдор ва дирафш ёфт шуданд. Мувофиқи тадқиқи методи бо ном марҳилаҳои изотопи каҷ, синни бозёфтҳои сангии қабатҳои 11-12 Кулдара ба 950 ҳазор сол баробар аст. Дар ҷануби [[ Тоҷикистон ]] ҷой гирифтани одамони аввалин наздик 1 миллион сол қабл руй дод.
* палеолити миёна аз ''мустйе'',
Полеолити миёна (200-35 хазорҳазор сол каблқабл). Муҳимтарин хусусияти абзори сангии палеолити миёна якхелаги, стандартноки ё такроршавии пораҳои шикастаи санг ва мавҷудияти шумораи зиёди варақаҳои тарҳашон мутаносиби саҳеҳ мебошад. Устоҳои ибтидои бо тарзи махсуси шикастан, кафонидан аз магзи санг ҷудо кардани варақа, ки онро техникаи «леваллуа» меноманд, теғаи дастии ба иҷрои ҳамаи корҳо муносиб сохтанд.
Зоти одамони неандертал – пешинаи насри муосир ташаккул ёфт. Донишмандон ин зотро намояндаи маданияти палеолити миёна ё худ мустиер (аз номи ёдгории маъруфи [[ Фаронса ]]) номидаанд. Тамоми абзори сангии ин зинаи таърихи давраи қадимтарин аз ваҷҳи техникаи сохташавиашон ба навъҳои леваллуа – мустиер, мустиери кӯҳӣ ва мустиери соани (аз номи Соани [[ Ҳиндустон ]]) тақсим гардиданд.
Аз ёдгориҳои леавллуа – мустиер Ҷарқутан ва [[ Қайроққум ]] дар шимоли [[ Тоҷикистон ]] маъруф ҳастанд. Ёдгории Ҷарқутан дар ниҳоди худ 670 адад абзори сангини бо тарзи леваллуа сохташударо нигоҳ доштааст. Якчанд асбобҳои буранда олоти кордмонанд барои коркарди чӯб ва пуст ёфт шуданд. Дар 31 нуктаи дашти Қайроққуми соҳили рости рӯди Сир бештар аз 1000 мансуоти палеолити миёна, маводи ҷолиб, варақаҳои нафис ва мутаносиб, аз ҷумла олатҳои нӯгтез, буранда, шикананда, тарошанда ҷамъ гардиданд. Бозёфтҳои палеолити миёна дар қабатҳои замини қадими 3-2-1-и буришҳои зардхоки Хонако, Оби Мазор ва Лохутии Ховалинг мансуб ба 240-170 ҳазор сол қабл низ ошкор шуданд.