Абдумалик Баҳорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Манбаъ: ивази гурӯҳ
х таҳрир
Сатри 10:
'''Баҳорӣ Абдумалик''' (насаб '''Раҳмонов'''; 22.3.1927, Хуҷанд – 3.12.2010, Душанбе) — нависанда, шоир ва драматурги тоҷик.
==Зиндагинома==
Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон (1987). [[Нависандаи халқии Тоҷикистон]] (1994), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рудакӣ (1984). Хатмкардаи факти забон ва адабиёти Институти педагогии Ленинобод (1946). Дар Институти мазкур муаллим ва дар бахши ленинободии Кумитаи радиошунавонии назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (1946–1950) кор кардааст. Муҳаррири г. «Пионери Тоҷикистон» (1951–56), мудири шуъбаи адабиёт ва санъат ва ҷонишини муҳаррири г. «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият», 1956–61), муҳаррири маҷалаи «Садои Шарқ» (1961–65), сармуҳаррири коллегияи барномавии Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон (1965–72), муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» (1972–75), мушовири адабии Шӯрои адабиёти кӯдакону наврасон (1975–79) ва Шӯрои насри Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон (1979–87) буд. Аз с. 1987 то охири умр ([[2010]]) ба корҳои эҷодӣ машғул шудааст.<ref>http://www.ozodi.org/content/article/2238187.html Даргузашти нависандаи фантаст Абдумалик Баҳорӣ - Озодӣ 03.12.2010</ref>
== Эҷодиёт ==
 
Баҳорӣ фаъолияти адабии худро ҳамчун шоир оғоз намуда, пас ба эҷоди асарҳои публитсистӣ, насрӣ, драматургия, тарҷума ва адабиётшиносӣ шурӯъ кардааст. Мавзӯи аввалин шеъру сурудҳои ӯ («Посбони сулҳ», «Сарзамини хуррами доимбаҳор», «Сафи мубориз», «Ҳамдард даркор» ва ғ.) ҳодисаҳои солҳои бачагӣ, заҳмати содиқонаи коргарону кишоварзон, қаҳрамонии ҷанговарон ва муҳаббат ба Ватан буданд. Аввалин шеърҳои Баҳорӣ дар маҷмӯаҳои «Саҳнаи қаҳрамонӣ» (1951), «Таронаи мулки озод» (1953) гирд оварда шудаанд. Баъдан шеърҳо ва ҳикояҳои ӯ дар маҷмӯаҳои «Одамони шинос» (1958), «Сарахбори зиндагӣ» (1959), «Дили беқарор» (1962) ва «Ҷавоби ошиқ» (1965) чоп шуданд. Мавзӯъҳои ашъораш ишқу муҳаббати поки инсонӣ, васфи диёри маҳбуб, манзараҳои дилкаши он, васфи заҳматкашони кишвар, одамони касбу корашон гуногун мебошанд. Солҳои 60–70 а. 20 низ Баҳорӣ шеъргӯиро идома дод ва маҷмӯаҳои дигари ашъораш ба табъ расиданд («Умеди равшани дил», 1998; «Сарпаноҳ», 2004 ва ғ). Баҳорӣ дар шеърҳои дар ин маҷмӯаҳо ҷойдодааш аз ҷаҳони ботинии қаҳрамонон, фаъолияту зиндагии мардум, хислатҳои ҳамида ва қимати инсон сухан кардааст. Масъалаи тарбияи ахлоқи нек ва хислатҳои наҷиби инсонӣ мудом дар маркази диққати шоир қарор дошт. Хидмати Баҳорӣ дар пешравии насри адабиёти муосири тоҷик, махсусан насри фантастикӣ намоён аст. Ӯ дар адабиёти муосири тоҷикӣ нахустин адибест, ки ба эҷоди асарҳои фантастикӣ оғоз карда, чун поягузори насри фантастикии тоҷик эътироф гардидааст. Соли 1970 аввалин маҷмӯаи ҳикояҳои фантастикии ӯ «Ҷуръати доктор Мансур» ба табъ расид, ки ба он «Сандуқи пӯлод», «Мурофиа», «Нақли Ашани пир» ворид шуданд. Баҳорӣ жанри мазкурро такмил дода, қиссаҳои сегонаи «Занбӯри айнакдор» (1971), «Аҷоиботи Нодар» (1971) ва «Бозгашт» (1973), инчунин повестҳои «Сунбула» (1974), «Бачаҳои чобуксавор» (1976), «Фирори ассистент» (1979), «Шоҳидони шаҳид» (1981), «Соҳили мурод» (1992), «Умеди ягона» (1993), «Марди мастур» (1996), «Баҳси нотамом» (2001), «Мулоқот» (2003), романи фантастикии «Қудрати илоҳӣ»-ро эҷод намудааст. Баҳорӣ дар асарҳои фантастикӣ масъалаҳои муҳимми илму техника ва тақдиру ояндаи инсонро тасвир намудааст. Қиссаҳои фантастикии ӯ сужетҳои ҷолиб, воқеаҳову ҳодисаҳои аҷиб ва ҷанбаи амиқи илмию бадеӣ доранд. Хусусияти асосии қиссаҳои адиб ду самти асосиро дар бар мегирад: тасвири воқеаҳои фавқулода ва муносибати ошиқонаи қаҳрамонони асарҳо. Асарҳои мазкур аҳаммияти зиёди маърифатӣ, зебоипарастӣ ва бадеӣ доранд. Повестҳо ва ҳикояҳои воқеии Баҳорӣ низ ҷолиб ва таъсирбахшанд. Дар қиссаҳои «Қаймоқи гирди коса» (1975), «Гирдоб» (1977), «Ду моҳи пурмағал» (1980), «Ҷабрдида» (1984), «Тирукамон» (1986), «Дили гумҷӯ» (1988), «Дастовез» (2002), «Панди ҳаёт» (2005) муаммоҳои ҳалталаби ҳаёт, воқеаҳои муҳимми зиндагӣ, ишқу муҳаббати ҷавонон, адои қарзи инсонӣ дар назди халқу Ватан инъикос ёфтаанд. Баҳорӣ аз аввали солҳои 60-ум ба навиштани асарҳои саҳнавӣ оғоз намуда, як қатор асарҳои ҷолиб офаридааст. Вай дар тӯли фаъолияти минбаъда пйесаҳои «Роҳи сафед» (1962), «Ишқи мансабдор» (1964), «Фармони Кадушоҳ» (1965), «Корвон равон аст» (1967), «Хан¬даҳои ашколуд» (1969), «Рӯзи таваллуд» (1970), «Се нафар хушдор» (1972), «Меҳмони серӯза» (1975), «Сирри пурасрор» (1978), «Фолбин» (1980), «Баҳодур» (1983), «Сӯиқасд» (1995), «Фасли хазонрез» (1999), «Рӯзҳои арафа» (2004)-ро эҷод кардааст.
 
Сатри 19:
 
==Осор==
*[[Дили беқарор]] Д.,[[1962]]
*[[Қарзи ҷӯрагӣ]]
*[[Аҷоиботи Нодар]] Д.,[[1972]]
*[[Сунбула (асар)|Сунбула]] Д.,[[1974]]
* Соҳили мурод. Д., 2000;
* Дастовез. Д., 2002;
* Сарпаноҳ. Д., 2004;
* Сирри пурасрор. Д., 2005;
* Файзи умр. Д., 2007;
Осори мунтахаб. Ҷ. 1–2. Д., 2010.
'''==Намунаи ашъориашъор== Абдумалик Баҳорӣ'''
 
Хавотир буд доим модари ман,
Line 66 ⟶ 71:
Худамро бекасу танҳо нагӯям.
 
Вай нависандае буд, ки пеш аз зуҳурашон телефонҳои ҳамроҳ ва эҳтимоли "клон" кардани инсонро пешгӯӣ кард<ref>http://www.ozodi.org/content/article/2238187.html Даргузашти нависандаи фантаст Абдумалик Баҳорӣ - Озодӣ 03.12.2010</ref>.
== Адабиёт ==
Адибони Тоҷикистон. Д., 2003. А. Раҳмонов, З. Раҳмонов.
== Манбаъ ==
<references>