Абдумалик Баҳорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
х таҳрир
Сатри 8:
|Вазифа=[[нависанда]], [[фантаст]], [[шоир]]
}}
'''Баҳорӣ Абдумалик''' (насаб '''Раҳмонов'''; 22.3.1927, Хуҷанд – 3.12.2010, Душанбе) — [[нависанда]], [[шоир]] ва драматурги тоҷик.
==Зиндагинома==
Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон (1987). [[Нависандаи халқии Тоҷикистон]] (1994), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рудакӣ (1984). Хатмкардаи факти забон ва адабиёти Институти педагогии Ленинобод (1946). Дар Институти мазкур муаллим ва дар бахши ленинободии Кумитаи радиошунавонии назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (1946–1950) кор кардааст. Муҳаррири г. «Пионери Тоҷикистон» (1951–56), мудири шуъбаи адабиёт ва санъат ва ҷонишини муҳаррири г. «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият», 1956–61), муҳаррири маҷалаи «Садои Шарқ» (1961–65), сармуҳаррири коллегияи барномавии Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон (1965–72), муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» (1972–75), мушовири адабии Шӯрои адабиёти кӯдакону наврасон (1975–79) ва Шӯрои насри Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон (1979–87) буд. Аз с. 1987 то охири умр ([[2010]]) ба корҳои эҷодӣ машғул шудааст.<ref>http://www.ozodi.org/content/article/2238187.html Даргузашти нависандаи фантаст Абдумалик Баҳорӣ - Озодӣ 03.12.2010</ref>
Сатри 16:
Баҳорӣ асарҳои саҳнавии ҳаҷвии ҷолиб офаридааст, аз қабили «Фармони Кадушоҳ», «Се нафар хушдор», «Фолбинии Афандӣ» ва ғ. Тавассути ин асарҳо адиб маводди нав, образҳои нотакрор, ҳолатҳои мухталифи хандаовар, махсусан фикрҳои муҳимми нишонрас ба тамошобин пешкаш намудааст. Пйесаҳои Баҳорӣ дар саҳнаи театрҳои пойтахти ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва театрҳои ноҳияҳо борҳо намоиш дода шудаанд.
 
Баҳорӣ аз оғози фаъолияти эҷодиаш барои бачагон ва наврасон асарҳо меофарид ва ин корро то охири умраш идома дод. Повесту ҳикояҳои барои бачагон навиштааш дар маҷмӯаҳои «Ошноҳо» (1954), «Дар оғӯши мактаб» (1955), «Қарзи ҷӯрагӣ» (1957), «Ба сӯи моҳ» (1962), «Танқиди дӯст» (1963), «Себи тилло» (1969), «Задухӯрди аввалин» (1965), «Ҳикояҳо» (1972), «Мулоқот» (1977), «Меҳмони серӯза» (1980) ва ғ. ҷой гирифтаанд. Мазаммати танбалон, танпарварон, фиребгарону коргурезон ва булҳавасон мавзӯи асосии ҳикояҳои «Садақа», «Роҳи сеюм», «Хати беимзо», «Вақти хуфтан», «Бандаи нафс», «Одами асил», «Номҳои ғалатӣ» ва ғ. гардидаанд. Асарҳои Баҳорӣ ба забони русӣ ва забонҳои халқҳои собиқ ИҶШС тарҷума шудаанд. Тарҷумаи асарҳои Н. Носов «Оилаи хушбахт», «Рӯзномаи Коля Синитсин», «Фитя Малеев дар мактаб ва дар хона», «Саргузашти Нодонхӯҷа ва дӯстони ӯ», «Нодонхӯҷа дар шаҳри офтобӣ», шеъру достонҳои С. Михалков, С. Маршак, асарҳои М. Лермонтов, А. Чехов, К. Федин, А. Сурков, В. Пшавела, масалу ҳикоя ва шеърҳои И. Крилов, Н. Некрасов, Д. Бедний, А. Қаҳҳор, П. Бровка, В. Инбер, С. Абдулло ва дигарон ба қалами Баҳорӣ тааллуқ доранд.
== Мукофот ==
Бо ордени «Нишони Фахрӣ» (1957), Грамотаҳои Фахрии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Белорусия сарфароз гардидааст. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001), узви Иттифоқи журналистон Тоҷикистон (1957) ва узви Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон (1950).<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с. ? </ref>
 
==Осор==
*[[ Дили беқарор]]. Д.,[[1962]]
*[[ Қарзи ҷӯрагӣ]]. Д., ?
*[[ Аҷоиботи Нодар]]. Д.,[[1972]]
*[[Сунбула (асар)|Сунбула]]. Д.,[[1974]]
* Соҳили мурод. Д., 2000;
* Дастовез. Д., 2002;
Line 28 ⟶ 30:
* Сирри пурасрор. Д., 2005;
* Файзи умр. Д., 2007;
* Осори мунтахаб. Ҷ. 1–2. Д., 2010.
==Намунаи ашъор==
 
Line 71 ⟶ 73:
Худамро бекасу танҳо нагӯям.
 
== Манбаъ ==
<references>
 
== Пайвандҳои беруна ==
* [http://www.khovar.tj/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=16543&Itemid=13 НАВИСАНДАИ АСАРҲОИ ТАХАЙЮЛӢ ДАРГУЗАШТ. АМИТ «Ховар»]