Ҳоҷӣ Содиқ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ҳоҷӣ Содиқ
 
Сатри 12:
'''Ҳоҷӣ Содиқ''' [[25 сентябр]]и соли [[1913]] дар [[шаҳр]]и [[Конибодом]] ба ҷаҳон омадааст. Донишомӯзиро дар [[мактаб]]и куҳна сар карда, дар мактаби шӯравӣ давом додааст. Баъди хатми Техникуми мусиқии [[Хуҷанд]] дар колхози ба номи И.В. [[Сталин]], баъдан «Коминтерн»-и ноҳияи [[Ленинобод]] котиби созмони комсомолон будааст. Аз соли 1936 ба [[рӯзноманигор]]ӣ машғул шуда, чанде муҳарририи [[рӯзнома]]ҳои «Ғалаба», «Стахановчӣ» ва «Бо роҳи [[Ленин]]ӣ»-ро бар уҳда доштааст. Аз рӯзҳои аввали [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] дар муҳорибаҳо роҳбари сиёсӣ ва қумондони ротаи пулемётчиён, иштирокчии муҳорибаи Сталинград будааст. Дар назди Харков захмӣ шудааст. Дар ҳамин муҳориба 23 декабри соли 1942 (маротибаи савум) сахт ярадор шуда, муддате дар госпитал табобат гирифтааст. Моҳи июли соли 1943 аз ҷанг баргашта, муҳаррири [[рӯзнома]]и вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» таъин шудааст. Сипас котиби Кумиҷроияи вилояти Ленинобод, муҳаррири рӯзномаҳои [[вилоят]]ӣ ва марказии «Совет Тоҷикистони» (1964-1979) будааст. Вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 7-9). Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 18 декабри соли 1990 аз олам даргузашт.
==Эҷодиёт==
[[Ҳикоя]]ҳои аввалинаш, ки ҳаҷвӣ-мутоябавӣ буданд, аз солҳои 30-юми асри гузашта дар [[рӯзнома]]ю [[маҷалла|моҳнома]]ҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд. [[Китоб]]и аввалинаш «Яъне, ки масалан» соли 1963 интишор ёфтааст. Силсилаи очерку фелетону ҳаҷвияҳои ӯ дар саҳифаҳои [[матбуоти даврӣ]] ва китобҳои «Қаҳрамони шайдоӣ» (1951), «Аз [[Масчоҳ]] то Масчоҳ» (1961), «Аскари ношинос» (1966), «Сироҷиддин-ака» (1972) ва ғ. ба чоп расидаанд. Ҳамчунин, [[муаллиф]]и [[китоб]]и ҳикояҳои ҳаҷвии «Шафқат кунед, дӯстон!» (1971), «Додамро ба кӣ гӯям?» (1970), «[[Қисса]]и [[буз]]и бериш» (1978) ва ғ. мебошад. Барои бачагон ҳам асарҳо навиштааст. Дар ҳикояву намоишномаҳои ҳаҷвӣ образи қаҳрамононашро содаю оммафаҳм ва равшану шинохтанӣ тасвир кардааст. Дар мавзӯи [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] ҳикояҳои ҷолибе навиштааст, ки хонандаро ба ватандӯстию шинохтани қадри зиндагӣ ҳидоят мекунанд. Дар жанри драматургия низ пурмаҳсул кор кардааст. Аз ҷумла, [[пйеса]]ипйесаи «Духтари сӯфӣ»- ашро соли 1937 дар саҳнаи театри колхозӣ намоиш додаанд. Баъдан намоишномаҳои «Қумрӣ», «Ҷони нодон дар азоб», «Таърихи[[Таърих]]и тоқӣ» (1959), «Бемории ногаҳонӣ» (1960), «Кӯзаи[[Кӯза]]и сеҳрнок» (1970), «Туҳфа» (1972), «Дили озурда» (1972), «Эшони риш» (1974), «Виҷдон» (1977), «Воқеаи мошини сабукрав» (1978)-ро таълиф намудааст. Аз ҳама беш намоишномаи мазҳакавии «Интихоби домод» (1962)-аш шуҳрати зиёд ёфта, дар саҳнаи [[театр]]ҳои [[Тоҷикистон]]у [[ Ӯзбакистон|Ӯзбекистон]] борҳо намоиш дода шудааст. Соли 1980 намоиши 600-умини «Интихоби домод» баргузор гардидааст, ки рекорди соҳавист. Бештар аз 300 минётури телевизионӣ, асари ёддоштии «Қаҳрамони нахустин», [[роман]]ҳои «Гардиш» (1986) ва «Қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ донад» (1987) ба [[қалам]]и ӯ тааллуқ доранд. Намунаҳое аз асарҳои ӯ ба бисёр [[забон]]ҳои дигар тарҷума шудаанд. Соли 2003, ба муносибати 90-солагии [[нависанда]], [[роман]]и ӯ «[[Каждум]]и зери бӯрё» пешкаши муштариёнаш гардид.
 
==Мукофот==
*Арбоби фарҳанг ва Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.