Афғонистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 99:
 
== Мардум ==
[[Акс:Tajik people.jpg|alt[[Тоҷикон]]и Афғонистон|thumb|320x320px|[[Мардуми тоҷик|[[Тоҷикон]] Афғонистон]]
Афғонистон мамлакати сермиллат аст. Дар он беш аз 20 миллату халқият зиндагӣ доранд. Ҳайати аҳолии Афғонистон дақиқан омӯхта нашудааст, вале мутобиқи маълумоти омории соли 2009 аҳолии Афғонистон 28,4 млн. нафарро ташкил дода, аз ҷумла 2 млн кӯчиҳо. Дар ҳайати он [[паштун]] 37%, [[тоҷикон]] 44 %, [[ҳазораҳо]] 8 %, [[ӯзбакҳо]] 6 %, туркманҳо 2,0% ва боқӣ, [[қазоқ]], [[қирғиз]], араб, балуҷ, [[чордеҳ]]ҳо, лӯлӣ ва дигарон халқиятҳои хурд дохиланд. Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ 2,6% буда, зичии миёна дар 1 км² 38 нафар мебошад; дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 44,6 сол (мардҳо 44,2 ва занҳо 47,8). Зичии бештари аҳолӣ дар Ҷалолобод, Ҳирот, Қандаҳор, Балх мушоҳида шуда, ба ҳар як км² то 250–400 нафар рост меояд. Мутобиқи маълумоти расонаҳои итти­лоотӣ, дар давоми 25 соли нобасомониҳо (аз соли 1985 ба баъд) дар Афғонистон бештар аз 2 млн нафар нобуд шуда, қариб 4 млн нафар тарки ватан кардаанд. Тамоми сокинони Афғонистон мусулмонанд( 95% [[ҳанафӣ]] ва 5% [[шиъа]]).