Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Гвардияи миллӣ
 
х таҳрир
Сатри 1:
Баъди иҷлосияи таърихии 16-уми [[Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон]] бо иқдоми Ҳукумати конститутсионии кишвар дар назди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бригадаи таъйиноти махсус таъсис дода шуд, ки моҳи январи [[соли 1995]] ба [[Гвардияи Президентӣпрезидентӣ]] табдил гардид.
 
Дар [[соли 2004]] баъди ворид намудани тағйирот дар сохтори он, [[Гвардияи Президентӣпрезидентӣ]] ба Гвардияи миллӣ табдил ёфт. Нақши ҷузъу томҳои ин сохтори муқтадири низомии кишвар дар таъмини амният, таҳкими истиқлолият ва ҳифзу мудофиаи иншооти муҳими давлатӣ хеле бузург аст. Ин воҳиди махсуси ҳарбӣ аз оғози таъсисёбиаш то ба ҳол роҳи душвору пуршарафро тай намуда, ба сохтори муташаккил ва муназзам мубаддал гардид.
 
Маънои калимиакалимиаи гвардияи миллӣ"гвардия", ки воҳиди махсуси низомӣ эътироф мешавад, аз истилоҳи қадимаи тоҷикии «[[гурд]]» сарчашма мегирад. Дар фарҳангҳои тафсирии тоҷикӣ мафҳуми «гурд» - ''шуҷоъ, баҳодур, паҳлавону ғаюр'', ифода гардида, хислатҳои ҷавонмардию содиқ будан ба ватанро таҷассум менамояд.

Нақши ҷузъу томҳои ин сохтори муқтадири низомии кишвар дар таъмини амният, таҳкими истиқлолият ва ҳифзу мудофиаи иншооти муҳими давлатӣ хеле бузург аст. Ин воҳиди махсуси ҳарбӣ аз оғози таъсисёбиаш то ба ҳол роҳи душвору пуршарафро тай намуда, ба сохтори муташаккил ва муназзам мубаддал гардид.
Ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ аз рӯзҳои таъсисёбиаш таҳти роҳбарии бевоситаи [[Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]], Сарфармондеҳи Олии [[Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон]] [[Эмомалӣ Раҳмон]] дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ дар нигоҳ доштани тартиботи қонунӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок кардаанд.

Дар тӯли фаъолият ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро карда, дар лаҳзаҳои душвор бо ҷасорату мардонагӣ садоқати худро ба Президент ва Савганди ҳарбӣ зоҳир намудаанд. Хизматҳои шоистаи 231 нафари онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла ордену медалҳо қадрдонӣ шудааст.<ref>http://jahonnamo.tj/ijtimo/17319-gvardiyai-milli-20-sola-shud.html Гвардияи миллӣ 20 сола шуд </ref>
== Манбаъ ==
<references/>
[[Гурӯҳ:НеруҳоиБехатарии низомии Тоҷикистондавлатӣ]]
{{ҷавона}}