Ҷалол Икромӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
Ботили нусхаи 767171 аз тарафи Yahyoev Abdurahmon (Баҳс)
Сатри 12:
== Зиндагинома ==
Ҷалол Икромӣ 20 сентябри соли 1909 дар ш. Бухоро дар оилаи қозӣ ба дунё омадааст. Аз синни ҷавонӣ ба эҷод шурӯъ намуда ба мавзӯи озодии занҳои Шарқ, ҷанги шаҳрвандӣ ва фош намудани разолати сохти кӯҳнаи амирӣ диққат додааст.[http://www.visualrian.ru/images/item/40081 Таджикский прозаик Джалол Икрами]
Ҷалол Икромӣ зодаи шаҳри бостонии Бухорост. Падари ӯ қози буд. Соли 1928 Дорулмуаллимини шаҳри Бухороро хатм намуда ба касби муаллимӣ пардохтааст. Соли 1930 озими Сталинобод – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Чанд муддат корманди кумитаи тоҷикшиносӣ (баъдҳо ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ табдил меёбад) буда аст. Сипас, котиби маъули маҷаллае ба бахши адабии театри Лоҳутиро ба уҳда дошта аст. Дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ҷалол Икромӣ то поёни умр муқими Душанбешаҳр буда, соли 1993 аз ҷаҳон чашм пӯшид. Шодравон дар қабристони Лучоб мадфун мебошад.
Ҷалол Икромӣ дар оғоз шеър эҷод мекард ва нахустин намунаҳои он дар рӯзномаҳои девории Дорулмуаллимини марбута рӯи нашрро дидаанд. Аз соли 1927 Ҷалол Икромӣ дар навъи ҳикоя (достони кӯтоҳ) ба машқи қалам пардохт. Маҷмӯаи аввалини ӯ ба номи “Ҳаёт ва ғалаба” (соли 1934) ба чоп расида аст. Ҷалол Икромӣ аз оғози солҳои сӣ ба омӯзиши забони русӣ дода шуда, чанде аз намунаҳои ҳикоятҳои А. Чеховро ба форсии тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ҳамин айём буд, ки ӯ тарҷумаи қиссаи Ю. Либединский “Ҳафта” – ро ба поён расонд. Дар пайрави ба ин адиб, соли 1934 Ҷалол Икромӣ нахуст қиссаи худ - “Ду ҳафта” –ро эҷод намуд. Қиссаи дуввумини ӯ бо номи “Тирмор” соли 1935 чоп мешавад. Аз пайи ин асари сеюмини вай “Аз Маскав чи овардӣ -” буд, ки ба рӯзгорои тилибилмони мактабӣ бахшида шудааст (1936).
Аввалин румони Ҷалол Икромӣ таҳти унвони “Шодӣ”, соли 1940 ба табъ расид. Солҳои ҷанги ватании 1941 – 1945 чанде аз ҳикояву очеркҳои ҷанги навишт. Қиссаи “Ситора” соли 1952 эҷод шуд ва ниҳоят асари ҷиддии ӯ бо номи “Ман гунаҳгорам” ба соли 1957 дастраси алоқамандон гардид. Ба таъқиби ин асар “Тори анкабут” –ро навишт, ки аввалин солҳои ҳокимияти Шӯравиро дар Бухоро матраҳ месозад (1960).
Солҳои шаст ба баъд эҷодиёти Ҷалол Икромӣ ранги дигар гирифт, ки манзур мутаваҷҷеҳияти ӯ ба таърих мебошад. Румони “Духтари оташ” намунаи хубест аз ин осор (1962). Ин китоб соли 1964 нависандаро ба доштани ҷоизаи давлати ба номи Рӯдакӣ мушарраф гардонд. Андактар, Ҷало Икромӣ мавзӯи тоби дигар эҷод кард, ки дар адабшиносӣ бо истилоҳи асари сегона маъруфият дорад.
Ба соли 1972 китобе навишт бо номи “Устоди ман, мактаби ман ва худи ман”, ки асари тарҷумаиҳолӣ мебошад. Румони ҳаҷвии “Саргузашти Сафар - Махсум” – ро бо ҳамқаламии Ҳабибуллоҳ Назаров эҷод намуд (1974). Китоби дуюми ин румон соли 1980 рӯи чопро дид, ки “Сафар - Махсум дар Бухоро” унвон дошт.
Румони “Зоғҳои бадмур” (1977) ва “Хатлон” (1986) низ ба қалами Ҷалол Икромӣ тааллуқ доранд. Дар поёни солҳои 80 – ум китоби тозае навишт бо номи “Киллометри дувоздаҳум”, ки ба ҳаводиси даҳаштбори соли 1937 бахшида шудааст.
Ҷалол Икромӣ дар боби осори драмавӣ низ фаъолият доштааст. Бархе аз намунаҳои эҷодиёти ӯ ба забони русӣ ва дигар забонҳои халқҳои собиқ Шӯравӣ тарҷума шудаанд...
Фаъолияти эҷодии Ҷалол Икромӣ пас аз панҷ - шаш соли ба ҷодаи адабиёт қадам гузоштанаш мавриди таваҷҷӯҳи адабшиносон гардид ва нахустин тадқиқот метавон китобчаи дромнавис Ғанӣ Абдуллоро бо номи “Эҷодиёти Ҷалол Икромӣ” шинохт, ки соли 1934 таълиф гардидааст. Баъдан Ҷалол Икромӣ дохили “Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик” (қ. 2, 1957) гардидааст, ки ин бахшро профессор Шарифҷон Ҳусейнзода нигоштааст. Солҳои шаст адабиётшинос Бобо Худойдодов дар мавриди “Духтари оташ”–и Ҷалол Икромӣ рисолаи номзадӣ анҷом дод. Ба ҳамин тартиб, осори Ҷалол Икромӣ мавриди баҳси бархе аз мунтақидини Шӯравӣ шудааст, ки дар ин миён Г. Ломидзе, С. Табаров, А. Сайфуллоев, Ю. Бобоев, З. Г. Усмонова, М. Н. Пархоменко, М. Шукуров, Л. Демидчик ва амсоли ононро номбар кардан мумкин аст. Ба таҳқиқи осори Ҷалол Икромӣ солҳои 70–80 адабиётшиносон: Ҷ. Бақозода, А. Набиев, М. Раҷаб, Н. Салимов ва дигарон машғул шудаанд. Вале аз ҳама бештар осори Ҷалол Икромиро акадмемик М. Шукуров баррасӣ кардааст...
 
==Осор ==
* [[1927]]: ҳикояи «Шаб дар Регистан»;