Фирдавсӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 21:
: Фаридуни бедордил зинда шуд..
 
Ҳамчунин бо дарнигаристан ба ин ки Фирдавсӣ дар соли 387 ҳ.қ. панҷоҳу ҳаштсола (58) будааст, метавон дурустии ин гумонро пазируфт.
 
Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нахустин пажӯҳандае ки дар бораи зиндагии Фирдавсӣ ҷусторе навишта аст, зодгоҳи Фирдавсиро деҳи Бож дониста ки имрӯза дар 15 километрии шимоли шаҳри Машҳад ҷой дорад ва маркази деҳистони Табодакон аст.
Сатри 31:
Замони даргузашти Фирдавсӣ то чаҳор сада пас аз даргузашташ дар бунмояҳои куҳан наомадааст. Нахустин навиштае ки аз замони марги Фирдавсӣ ёд карда, «Муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» аст ки соли 416 ҳиҷрии қамариро овардааст. Ин дебоча Ки имрӯз бепоя будани навиштораш ба исбот расидааст, аз бунмояҳои дигаре ёд накардааст. Тазкиранависони баъдӣ ҳамин торихро бозгӯ кардаанд. Ҷудо аз он «Тазкират ушшуъаро», асари Давлатшоҳи Самарқандӣ (ки он ҳам бисёр бепоя аст), замони даргузашти Фирдавсиро соли 411 ҳиҷрии қамарӣ овардааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ бо дарнигаристан дар гуфтаҳое Ки Фирдавсӣ аз синну нотавонии худ ёд кардааст, ингуна натиҷа гирифтааст ки Фирдавсӣ миёни солҳои 405 – 411 ҳиҷрии қамарӣ аз ҷаҳон рафта аст.
 
Бино барБинобар гуфтаи Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола», пас аз даргузашташ яке аз муллоҳо ки душманаш буд, аз рӯи кинатузӣ нагузошт пайкарашро дар гӯристони зодгоҳаш ба хок биспоранд, аз ин рӯ дар боғи худаш ё духтараш дар Тӯс ба хок супурда шуд. Шайх [[Аттори Нишопурӣ]] ин достонро дар «Асрорнома» ингуна овардааст ки «Шайх Акобир Абулқосим» бар ҷанозаи Фирдавсӣ намоз нахонда аст ва Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар пешгуфтори «Зафарнома» ӯро Шайх Абулқосим Курраконӣ дониста аст ки пайравони бисёре дошта аст. Бархе нависандагони дигар номи ӯро «Абулқосими Гургонӣ» ё «Ҷурҷонӣ» низ овардаанд ки гумон меравад арабишудаи номи Гургонӣ бошад. Риёҳӣ пайванд додани онро бо Курраконии суфӣ нораво дониста аст аз онҷо ки ӯ дар ҳангоми даргузашти Фирдавсӣ камобеш 30-сола будааст.
 
''Абулқосим Фирдавсӣ''' яке аз номдортарин шоирони порсӣ ба шумор меравад. Аз маъруфтарин осори Вай "[[Шоҳнома]]" аст ки дар муддати 35 сол навишта шудааст. Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст: