Ҳаҷ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
Сатри 10:
 
== Тавсиф ==
Мувофиқи илми ислом, ҳар мусалмон дар ҳаёти худ, лоақал як маротиба бояд барои зиёрати хонаи [[Каъба]] биравад (ҳаҷ), оне ки қудрату тавоногӣ дошта бошад (имконият). Пас аз ин ӯ соҳиби унвони ''«ҳоҷӣ»'' мешавад, ва ҳуқуқи пӯшидани салла, ки ранги сабз дорад, пайдо мекунад. Агар инсон, бо сабабҳои асоснок зиёрат карда натавонад, ӯ ҳуқуқ дорад ба ҷои худ каси дигарро, ки ''«вакилулҳоҷӣ»'' ном дорад, аз ҳисоби худ равон кунад (ин гуна инсон танҳо оне метавон бошад, ки пеш зиёрат карда буд)<ref name="Паломничество в Мекку" />.
[[Акс: Hajj.ogg|left|thumb|250px|[[Масҷидулҳаром]] дар вақти ҳаҷ — 2007]]
Решаи "ҳаҷ", аз қадимулаём омадааст ва маънояш таввофӣ — яъне ''«тоб хурдан»'', ''«гирд гаштан»'', ки дар забони арабӣ ҳамчун ифодаи ''«зиёрат кардан»'' қабул шуд<ref name="Паломничество в Мекку" />.
 
Ҳаҷ се воқеаро дар таърихи ислом қайд мекунад: бахшидан ва якҷоя кардани Одам (с) ва Ҳаво пас аз рондани онҳо аз [[Биҳишт]], қурбонии фарзанди худ Исмоил (с) аз ҷониби Иброҳим (с) ва зиндагии [[Муҳаммад|Паёмбар Муҳаммад]] (с) ҳамчун намунаи банда ва фармонбардори [[Аллоҳ|Парвардигор]]<ref name="Паломничество в Мекку" />.
 
Арзиши рӯҳии ҳаҷ дар он аст, ки ҳамаи мусалмонон метавон баҳри ибодати [[Аллоҳ|Худои Ягона]] раванд. Дар вақти ҳаҷ, тавофон "«меҳмонони [[Аллоҳ]]»" дар Хонаи Ӯ мешаванд, ки ҳамаи мусалмонони ҷаҳон ба ҳамин Хона рӯ оварда, панҷ вақт дар як рӯз ибодат мекунанд (дар вақти намоз). Тарки мувақатии хонаи хеш ва бардошти мушкилиҳои сайр, тавофон бо ҳамин рӯҳи худро тоза мекунанд. Онҳо аз Парвардигор хоҳиш мекунанд, ки гуноҳҳои кардаашонро бубахшад ва меҳрубонии Худро зоҳир кунад. Тавофон дар вақти ҳаҷ борҳо дуъоро такрор мекунанд: ''«Дар инҷо барои Ту хизмат карда истодаам, Парвардигор! Дар инҷо барои Ту хизмат карда истодаам! Нест ба Ту баробар! Танҳо Туро мепарастам, аз Ту ҳама некӣ! Нест салтанате ба ҷуз салтанати Ту, нест ҳокимияте ба ҷуз ҳокимияти Ту!»''<ref name="Паломничество в Мекку" />.
 
=== Урфҳо ===
Урфҳои асосии ҳаҷро (маносиқ ул-ҳаҷ) Паёмбар Муҳаммад (с) муқаррар карда буд, дар вақти ''«ҳаҷҷи хайрбод»'' (ҳаҷ ал-видо), ки соли 632-и ҳиҷрӣ воқеъ гашт. Қонуни [[шариат]] якчанд талабот муаян кардааст, ки дар вақти ҳаҷ муҳим аст: 1) мусалмон бояд ба балоғат расида бошад; 2) ақли соф дошта бошад; 3) бояд озод бошад; 4) моли кироӣ дошта бошад, ки тавофии худро таъмин кунад, инчунин таъмини хонаводаи худ; 5) ӯ бояд ҷисман солим бошад (ба андозаи кофӣ); 6) бехатари худро дар роҳ қудрати таъмин кардан дошта бошад; 7) бармаҳал раҳсипор шавад, ки тавонад сари вақт урфҳои ҳаҷро баҷо оварад (дар рӯзи 7-ми моҳи «зулҳиҷҷа»).
[[Акс:Siyer-i Nebi 123a.jpg|thumb|250px|Расми муслимони осмионӣ, ки чӣ тавр дар гирди [[Каъба]] дар [[Макка]] тоб хурда истодаанд, пас аз он чунон ба назар мерасад, ки рӯи [[Муҳаммад]] (с) бо матои сафед фаро гирифтааст.]]
 
Дар вақти ҳаҷ мусалмон ӯҳдадор аст: пӯшидани либоси махсус - иҳром; тавофии якуми гирди Каъба - ''«тавоф ат-таҳия»''; вуқуф дар кӯҳи Арафот - «вуқуф»; ва тавофии двум, ''«хайрбодӣ»'' гирди Каъба (тавоф ал-видо) пас аз баргашт аз водии Арафот.
[[Акс:Masjid al-Haram panorama.JPG|1000px|center]]
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҳаҷ"