Бобоҷалол Носирзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
Сатри 11:
'''Бобо Ҷалол Носирзода''' (машҳур ба Ота Ҷалол, 1845-1928) — [[сароянда]], [[навозана]] ([[танбӯр]]), донандаю ҳифзкунандаи номвари «[[Шашмақом]]», намояндаи бузурги мактаби эҷодию иҷроии [[Бухоро]].
== Зиндагинома ==
Хатту савод, шеъру мусиқиро ибтидо аз модараш, ки бонуи бодониш будааст, меомӯзад. Сипас донишандӯзиро дар [[мадраса]]и Бадалбек ([[Бухоро]]) идома дода, аз падараш асосҳои шеъру мусиқиро фаро гирифта, бо донандаи машҳури мусиқӣ [[Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ]] (1851-1906) ҳамкорӣ намуда, дониши назарию иҷроияшро такмил медиҳад. Муддати чанд дар дарбори амирони манғитӣ Музаффар (Шаҳрисабз, 1860-1885), Абдулаҳад (Кармина, 1885-1910), Олимхон (Бухоро, 1910-1920) ба сифати мутриб, сарвари ромишгарони дарбор хидмат намуд. Аз ҳамфикорон, фаъолони маҷлисоти адабӣ, мусиқии [[Аҳмади Дониш]] (1826-1897) буда, бисёр сирҳои ниҳонии шеъру мусиқиро аз ӯ омӯхт. Бобо Ҷалол дар таҳияи чандин баёзу рисолаҳои «Шашмақом», ки дар аҳди Музаффар, Абдулаҳаду Олимхон ширкат намуда, дар иҷрою ҳифзи «наср», «мушкилот», осори мусиқии ҳирфаии мардумӣ донишу сомеаи нотакрор доштааст. Б.Ҷ. аз ҳифзкунандагони маҷмӯи комили «[[Шашмақом]]» маҳсуб шуда, мусиқишинос-мардумшиноси рус Успенский В.А. (1879-1949) бахшҳои созии (мушкилот) мақомҳоро аз ӯ ва ҳамкораш [[БобоБобоғиёс Ғиёс АбдуғанизодаАбдулғанизода]] (1859-1927) сабт (1923, Бухоро) намуда, соли 1924 бо номи «Шесть музыкальных поэм» зери сарпарастии Ҷумҳурии халқии Бухоро ба чоп расанид. Бобо Ҷалол солҳои 1920-1927 дар мактаби мусиқии Шарқи Бухоро ба ҷавонон асосҳои мақомҳоро омӯхта, солҳои 1927-1928 дар Институти хореография ва мусиқӣ тадрис намуда, ба сарояндагону навозандагон, оҳангсозон [[Шоҳназар Соҳибов]], [[Фазлиддин Шаҳобов]], [[Мухтор Ашрафӣ]], М. Бурҳонов, Ю. Раҷабӣ, Т. Содиқов ва диг. мероси мусиқии мардумӣ ва устодонаро омӯзонида, мусиқишиносони рус Н.Н. Миронов, В.А. Успенский дар иҷрои ӯ осори баргузидаи мусиқии мақомӣ, шифоҳиро сабт намудаанд. Бобо Ҷалол дар тазмин, бардошт аз «Шашмақом» (махсусан зарбу усулҳои мақоми «Сегоҳ») чандин асарҳои созию овозӣ («Савти Ҷалолӣ», ба ғаз. Аҳмади Дониш) тасниф карда, устодони мусиқӣ [[Ҳоҷӣ Абдулазиз]] (1852-1936), [[Домулло Ҳалим]] (1876-1940), [[Устод Шодӣ]] (Азиз, 1878-1942), [[Бобоқул Файзуллоев]] (1897-1964) ва диг. назди ӯ санъати сознавозӣ, овозхониашонро такмил додаанд.
 
== Адабиёт ==