Ба қуллаҳои дониш: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary |
No edit summary |
||
Сатри 1:
'''«Ба қуллаҳои дониш»''' - нашрияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|УДТ ба номи В.И. Ленин, ДДМТ ва ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] мебошад.
==Таърих==
Рӯзномаи мазкур [[7 октябр]]и [[соли 1956]] бо ибтикори номзади илмҳои филология Абдулатиф Бухоризода, ки котиби кумитаи Ҳизби коммунисти Донишгоҳ буд, таъсис ёфт. Дар даврони шӯравӣ ҳафтае як маротиба ба ду забон – русӣ ва тоҷикӣ нашр мешуд. Аз [[соли 2009]] бо ибтикори [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|ДМТ]] дар ҳаҷми 16 саҳ., нахуст моҳе ду маротиба ва аз [[соли 2010]] ҳафтае як маротиба бо тасвирҳои рангин чоп мешавад.
Дар «Ба қуллаҳои дониш» донишмандон ва шахсиятҳое ҳамчун [[Воҳид Асрорӣ]], С. Гулов, [[Баҳриддин Камолиддинов]], А. Маҳмадаминов, А. Мухторов, М. Муҳаббатшоев, [[Баҳром Шермуҳаммадов]] ва дигарон ба ҳайси сардабир ё масъули нашри ҳафтанома ифои вазифа кардаанд. «Ба қуллаҳои дониш» дар сафаҳоти худ рафти таълиму тадрис ва охирин рӯйдодҳои илмию фарҳангии Донишгоҳро инъикос мекунад. Дар нашрия инчунин намунаҳо аз эҷоди бадеӣ, баррасӣ ва нақду пажӯҳишҳои донишҷӯён мунташир мешавад. Шоирони халқии Тоҷикистон [[Гулназар Келдӣ]], [[Гулрухсор Сафиева]], [[Саидалӣ Маъмур]], [[Раҳмат Назрӣ]] ва диг. нахустин намунаҳои осори хешро дар ин нашрия ба табъ расондаанд. «Ба қуллаҳои дониш» дар тарбия ва такмили истеъдоди адибон, донишмандон ва рӯзноманигорони ҷавон хидмати шоён кардаву мекунад, ки бисёре аз онҳо имрӯз дар нашрияҳои марказии кишвар, телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, инчунин дар донишгоҳҳову муассисоти илмӣ-фарҳангӣ муваффақона фаъолият доранд. Адади нашраш 8 ҳазор нусха (2012). / [[Пайванди Гулмуродзода]].
==Нигаред==
|