Асҳоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Ислом}}
[[File:Hagia-sc-allah.jpg|thumb|255x255px]]
'''Асҳóб''' ({{lang-ar|أصحاب‎}}), ё '''саҳоба''' ({{lang-ar|صحابة‎}}) — саҳобагони [[Муҳаммад|Пайғамбари Ислом (ﷺ)]], дар таърифи истилоҳии вожа – касе, ки [[Муҳаммад|Пайғамбар (с)]]-ро бо имон мулоқот карда ва бо ислом аз дунё рафта бошад. Асҳоб нисбат ба он муъминон ва пайравони [[Муҳаммад|Муҳаммад (с)]] гуфта мешавад, ки дар замони ҳаёташ ба ӯ имон оварда, муддате ба суҳбат ва ҳамнишинии вай мушарраф гаштаанд ва ё дасти кам як бор, ҳарчанд дар замони кӯдакӣ ҳам бошад, бо ӯ дидор ва мулоқот карда ва мусулмон гузаштаанд. Асҳоб сарҳалқаи аввали уммати исломро ташкил дода, ҳамроҳи ӯ дар бинои сохтори нави иҷтимоӣ, таъсиси ҷомеаи динӣ, муборизаҳои зидди ширку [[бутпарастӣ]] ва нашри арзишҳои динӣ дар байни қабилаҳои пароканда ва мардуми бодиянишини араб ширкат варзиданд ва пас аз ӯ ба нашри ойини ислом дар байни ақвом ва миллатҳои дигар пардохтанд. Ҷамоаи муҳоҷирон нахустин муъминон ва гаравандагон ба дини ислом буда, каме пеш аз ҳиҷрат ва ба таври умумӣ пас аз он мардуми [[Мадина]] – ансор низ ба дини ислом гаравиданд ва ҳар ду болотарин раддаи Асҳобро ба вуҷуд оварданд. [[Қуръони Карим (Китоб)|Қуръони Карим]] бо таъбири: «'''Собиқони нахустин аз муҳоҷирон ва ансор…'''» (9:100) мақоми арзандаи онҳоро барои наслҳои баъдии уммати ислом баён доштааст.<br />
Бинобар ин, саҳобаи [[Муҳаммад|Расули Худо (с) ]]<nowiki/>дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии уммат ва раҳбарияти кишвар дар даврони хилофати рошида бар дигарон муқаддам буда, назари онҳо дар умури динӣ ва таъйини салоҳиятҳои давлатӣ тарҷеҳ дода мешуд. Нухбаи онҳо маҷмаи ҳаллу ақд – шӯрои давлатӣ дар замони хилофат – низ ба шумор мерафтанд ва пас аз вафоти [[Муҳаммад|Расули Акрам (с)]] халифа бо таъйиди бевоситаи онҳо интихоб мегардид.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Асҳоб"