Низомии Ганҷавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 23:
 
== Эҷодиёт ==
Ёдгории ҷовидонаи Низомӣ Ганҷавӣ “Хамса”-и ӯст, ки онро '''Панҷ ганҷ''' низ меноманд. '''Хамса''' аз панҷ достон иборат аст: '''Махзануласрор''', '''Хусрав ва Ширин''', '''Лайли ва Маҷнун''', '''Ҳафт пайкар''', '''Искандарнома'''. Ин маҷмуаи достонҳо дар инкишофи минбаъдаи адабиёти Шарқ мақоми арзандае доранд ва боиси пайдоиши анъанаи ҳамсасароӣ гаштаанд. [[Хамса]]-и Низомии Ганчавӣ бо рангинии мазмун, тозагии санъат, гановати забон, пардози сухан ва маҳорати нигорандагии муаллиф машҳур гардида, дар он масоили муҳими иҷтимои ва ахлоқӣ гузошта шудааст. Муаллиф мардумро ба кӯшишу кор, илму донишомӯзӣ, ғанимат донистани умр, покии ахлоқ, шарму ҳаё, ҳакиқатгуию накӯкори ва ғамхорӣ нисбати одамон тарғиб намуда, подшоҳонро ба адолатпарварӣ ва саховату раиятпарварӣ ҳидоят мекунад.
Забони '''Хамса''' ниҳоят бой, рангин, васеъ ва фаҳмост. Низомӣ Ганҷавӣ чун саррофи сухан дар истеъмоли калимаҳои хушоҳанг, ибораю таъбирҳои рехтаи халқи ва маколу зарбулмасалҳо ниҳоят борикбин аст. Ин заркориҳои у мусиқият ва хушоҳангии достонҳоро ба вуҷуд оварда, хонданашро гуворо мегардонад. Низомии Ганчавӣ аз шоирони дорои мактаби адабии хос мебошад. Шоири инсондӯст ва халқпарвари бузург бо осори гаронбаҳояш дар ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ саҳми калон гузоштааст.
Замони зиндагонии Низомӣ Ганҷавӣ, сарфи назар аз нооромиҳои феодалӣ, давраи шукуфони таърихи тамаддуни халқҳои Кавкоз, Эрон ва Осиёи Миёна буд. Дар асри XII дар Озарбойҷон шоирони муқтадире чун Абулаъло Ганҷави, Изиддини Шервонӣ, Махастии Хуҷандӣ, Хоконии Шервонӣ зиста, дар Гурҷистон Шота Руставеллӣ, дар Арманистон Нерсес Шноралӣ зиндагӣ ва эҷод мекарданд. Низомӣ хусусан бо шоирони Ганҷаву Шервон, хоса бо Маҳастии Хучандӣ қаробати маънавӣ дошт.
Аввалин достони '''«Хамса»''' '''«Махзануласрор»''' аз 2260 байт иборат буда, соли 1176 эҷод гаштааст.
'''«Махзануласрор»''' асари фалсафиву ахлоқӣ мебошад.