Абулқосим Лоҳутӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 39:
== Эҷодиёт ==
Ба шеъргӯйӣ аз дувоздаҳсолагӣ сар карда, дар равияи падараш ғазалҳои тасаввуфӣ гуфтааст. Соли 1907 аввалин шеъри ӯ – қасидаи «Ҳуббулватан» дар моҳномаи «Ҳаблулматин» (Калкутта) чоп шудааст.
Пас аз ин шеърҳои ватандӯстона ва инқилобии ӯ дар байни мардум иштиҳор ёфтаанд. Ҷараёни тундутези воқеаҳои инқилобии солҳои 1905-1911 дар тафаккур ва тасаввуроти Абулқосим Лоҳутӣ тағйироти муҳим ворид оварда, дар мазмуну муҳтавои ғоявии шеърҳои ӯ нақши вофир гузоштаанд.
Чунин таҳаввулотро дар шеърҳое, ки танҳо дар давоми соли 1909 ба қалам овардааст, мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, дар шеъри «Фарёди миллат», ки мазмуну пафоси баланди ватандӯстона дорад,
Эронро миллати воҳиду ягона ҳисобидааст; дар шеъри «Ай ранҷбар», дар баробари нишон додани зиддиятҳои дохилии мамлакат, муборизаи порлумониро воситаи асосии муҳофизати ҳуқуқи мардум шумурдааст.
Сатри 65:
тоҷику шӯравӣ ба ҳисоб мераванд. Он солҳо бо овози баланд мегуфт: «Ай
меҳрубон Ватан, ба раҳат ҷонфишон манам, Дастонсаро ба васфи ту бо сад забон манам….».
 
Дар давраи пас аз ҷанг ғояҳои ватанпарварӣ, дӯстии халқҳо, тараннуми комёбиҳои Ватан ва тарғиби сулҳу амният дар эҷодиёти ӯ
мавқеи намоён ишғол кардаанд, ки «Суруди сулҳхоҳон», «Санади сулҳро имзо мекунем», «Сухани мардумони одӣ», «Митинги сулҳхоҳон» ва ғ. беҳтарин намунаи чунин ашъоранд.
Яке аз калонтарин асарҳои шоир достони «Парии Бахт» аст, ки дар сабки достонҳои афсонавии рамзӣ–тамсилии халқӣ нигориш ёфта, ба воситаи образу ифодаҳои рамзиву тамсилӣ муборизаи халқи русу мардумони дигари Иттиҳоди Шӯравиро дар роҳи ба даст овардани бахту саодат ва озодию ҳуррият тасвир намудааст. Силсилаи дигари шеърҳои устод Абулқосим Лоҳутӣ ба тасвири воқеаҳои байналхалқӣ («Фестивали ҷавонони демократи ҷаҳон дар Берлин», «Ба халқи Куба»), ба Эрон ва муборизони роҳи озодии он («Зиндагӣ пирӯз мешавад», «Ба
халқи зодгоҳам», «Ба дафъи қувваи бегона бархез!») бахшида шудаанд.
Дар шеъри «Ҷавоб ба иғвогарон» (1954) унсурҳои иртиҷоъиеро, ки аз номаш китоби ҷаълие чоп карда, барои таблиғоти зиддишӯравӣ истифода бурданӣ шудаанд, бо қаҳру ғазаб фошу маҳкум намудааст.
Дар шеъри «Орзу» (1954) самимитарин омолу умедҳои шоири инсонпарвар оид ба хушбахтии тамоми мардумони ҷаҳон ифода ёфтааст. Устод Абулқосим Лоҳутӣ яке аз мутарҷимони моҳири адабиёти русу дигар халқҳо буда, бисёр
асарҳои А.С. [[Пушкин]] ва намунаҳои осори Т.Г. [[Шевченко]], М. [[Горкий]], В. [[Маяковский]], В. Лебедев-Кумач, Л. Ошанин, Е. Далмаатовский ва суруди «Интернационал»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Инчунин, тарҷумаи асарҳои саҳнавии В. Шекспир («Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «Шоҳ Лир»), Лопе де Вега («Чашмаи гӯсфандон») ва А.С. Грибоедов («Дод аз дасти ақл») ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
 
Асарҳои алоҳидаи худи шоир аз солҳои сиюм ба забони бисёр халқҳои дигари оламу шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
 
== Осор ==