Фарқият байни намунаҳои "Камоли Хуҷандӣ"

Камоли Хуҷандӣ дар [[соли 1321]] дар шаҳри [[Хуҷанд]] дида ба ҷаҳон кушода аст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои [[Самарқанд]]у [[Тошканд|Шош]] давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.
 
КамолКамоли Хуҷандӣ пас аз сафари [[ҳаҷ]] ба [[Макка]], дар шаҳри [[Табрез]] монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи КамолКамоли Хуҷандӣ маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.
 
Шайх КамолКамоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози [[Тӯхтамишхон]] ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри [[Сарой]] бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.
 
Камоли Хуҷандӣ [[соли 1401]] дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд. Дар канори оромгоҳаш нигоргарон [[Камолиддин Беҳзод]] ва [[Султон Муҳаммад Наққош]] ва шоирон [[Машрабии Шервонӣ]] ва Тусӣ низ хобидаанд.