Сотим Улуғзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 15:
 
== Эҷодиёт==
ССотим Улуғзода бо ҳамкории донишҷӯйи факултети шарқшиносии Университети Тошканд Понов повести “Сом ва Дик” –и М.А.Алексеевро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуд ва ин тарҷума бо кӯшиш ва дастгирии устод Айнӣ ба нашр расид. Бадҳо ССотим Улуғзода ин соҳаро бо муваффақият идома дод ва чун сермаҳсултарин тарҷумон дар адабиётӣ садаи асри XX тоҷик эътибор пайдо кард. Тарҷумаҳои ССотим Улуғзода, аз ҷумла асарҳои Э.Л.Войнич “Занбӯр” (1931), В.Билл – Белосековский “Ҳаёт даъват мекунад” (1935), Н.Погодин ва “Одами милтиқдор” (1940), А.Н.Островский “Гунаҳгорони бе гуноҳ” (1945), М.Горкий “Модар” (1953), Шекспир “Дон Кихот” (1974), Ч.Айтматов “Қуллаи Фудзияма” ҳоло ҳам аз беҳтарин тарҷумаҳо дар адабиёти тоҷик мебошанд.
ССотим Улуғзода ҳанӯз аз солҳои 30 – ба тадқиқи осори намояндагони шинохтаи адабиётӣ сеҳазорсолаи тоҷик таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ӯ чун узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) асару мақолаҳои зиёд таълиф намуда дар инкишофи адабиётшиносии тоҷик саҳми муносиб гузоштааст. Як қатор мақолаҳои олим, аз ҷумла “Лоҳутии мо” (1933) “Анҷумани якуми нависандагони шӯрои Тоҷикистон” (1934), “Садриддин Айнӣ” (1935), “Дар бораи широни Помир” (1935), “Барои асарҳои саҳнавии олисифат” (1947), “Дар бораи баъзе масъалаи танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар республика” (1954), ба адабиётшиносии даври нави тоҷик бахшида шудаанд. Ҳамчунин ССотим Улуғзода оид ба рӯзгор ва эҷодиёти шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ, чун Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носир Хусрав, Аҳмади Дониш, ассару мақолаҳои пурқиммат таълиф намудааст. Рисолаҳои “Аҳмади Дониш” (1946) ва “Пири ҳакимони машриқзамин” (1980) дорои қиммати калони илмӣ мебошанд. Мақоми ССотим Улуғзода дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик чун нависанда драматург басо баланд аст.
 
Филмномаҳои «Ҷавонии Ибни Сино» («Узбекфилм», 1956), «Қисмати шоир» («Тоҷикфилм», 1957) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. «Қисмати шоир» дар Фестивали филмҳои Осиёву Африқо (1960) ба дарёфти Ҷоизаи «Уқоби тилло» сазовор гардидааст. Сотим Улуғзода дар насри бадеӣ ҳам устоди забардасте буда, фаъолияти нависандигияш аз иншои қиссаи «Ёрони боҳиммат» (1947) оғоз ёфтааст. Баъдан романи «Навобод» (1953), ки соли 1949 бо номи «Диёри навобод» нашр шудааст, қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» (1954), романҳои «Восеъ» (1967)-у «Фирдавсӣ» (1988), қиссаи «Ривояти суғдӣ» (1975-2014)-ро ба қалам овардааст, ки дар инкишофи насри муосири тоҷик марҳилаи наве гардидаанд. Соли 1996 романи «Фирдавсӣ» дар Озмуни байналмилалии «Китоби сол» ба дарёфти Ҷоизаи аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мушарраф гардидааст.