Сотим Улуғзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 24:
 
== Насри бадеии Улуғзода ==
Дар эҷодиёти ССотим Улуғзода насри бадеӣ асосан баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеъ пайдо мекунад. Дар очерку ҳикояҳои “Атака” (1944), “Бибӣ” (1946), “Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ” (1950), “Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер” (1967) воқеаҳои даврони шуравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Воқеаи ҳикояи “Марги Ҳофиз” (1972) бошад, дар Ҳиндустон рӯй медиҳад. Падар – Ҳофизи бузург фарзанди хинашро мекушад ва баъдтар худро низ ҳалок месозад. Моҷарои падару писар ва ҳифзи ватан аз мавзуъҳи қадимии адабиёӣ ҷаҳон мебошад, ки дар ҳикояи “Марги ҳофиз” тамоман ба таври нав тасвир ёфтааст. Нахустин асари калон ҳаҷми ССотим Улуғзода дар соҳаи насри бадеӣ қисаи “Ёрони бо ҳиммат” (1947) мебошад, ки ба воқеҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иртибот дорад. Дар асар образҳои Зайнаб, Ҷӯрабек ва Ориф мақеъ доранд. Зайнаб аз майдони ҷанг “Хатти сиёҳ” мегирад, ки шавҳараш Ҷӯрабек дар муҳориба қаҳрамонона ҳалок гардида аст. Ӯ баъди як соли мотам ба хотири аз гапу калочаҳои мардум раҳоӣ ёфтан ба Ориф Каримов ном муҳандис издивоҷ мекунад. Вале дере нагузашта аз шифохонаи шаҳри Тошканд мактуби Ҷӯрабек ба дасти вай мерасад. Лаҳзаи ҳассоси асар он аст, ки Зайнаб ду шавҳари қонунӣ дорад ва интихоб дар итиёри ин зани дар ҳолати парешонӣ қарор дошта мебошад. Зайнаб баъди андеша ва муҳокимаҳои зиёди мантиқиву ахлоқӣ шавҳари аввалашро интихоб кард, дар беморхона мегӯяд: “Ман Ҷӯрабекро гирифта мебарам”. Зайнаб бо ин сухан масъулияти азимеро дар зиндагӣ ба ӯҳда гирифт, то ки Ҷӯрабеки аз пову даст маҳрум гаштаро наҷот бидиҳад ва ӯро ба ҷодаи зиндагӣ раҳсипор созад. Аввали романи ССотим Улуғзода “Навобод” (1953) мебошад, ки он ба масъалаҳои муттаҳидкунии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ободонии деҳоти Тоҷик дар даврони шӯрвӣ бахшида шудааст. Ин асар дар таърихи адабиётӣ давраи нави тоҷик мавқеи муайян дорад. Асарҳои насрии “Восеъ” (1967), “Ривояти Суғдӣ” (1975), “Достонҳои “Шоҳнома”” (1976; 1977), “Фирдавсӣ” (1985) ба мавзӯъҳои таърихӣ бахшида шудаанд. Дар эҷодиёти ССотим Улуғзода охирин асари калонҳаҷми ӯ – «Фирдавсӣ» мавқеи босазо дорад “Фирдавсӣ” романи мӯҳташам буда, мавзӯъ ва масъалаҳои зиёди ватанпарастиву хештаншиносиро дар бар мегирад. Нависанда дар маркази сужети роман нақши Ҳаким Фирдавсӣро гузошта, ӯро ба сифати шоири ҳақҷӯ, ростгӯ, ватанпараст, додхоҳ ва олиҳиммат тасвир менамояд. Дигар образҳои асар аз ҷумла Фотимабону (ҳамсари Фирдавсӣ), Манижа ва Ҳушанг (фарзандони Фирдавсӣ) Абӯ Дулаф, Муҳаммад лашкарӣ, Ҳусайн қутайб, Салоҳиддини дуредгар, Унсурии шоир дар такмили образи асосӣ саҳм гирифтаанд. Адиб бо эҷоди “Фирдавсӣ” дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик як навъи тозаи романнависиро кашф намуд.
 
== Намунаи осор ==
* Асарҳои мунтахаб /Иборат аз 4 ҷилд.- Душанбе: Ирфон, 1967-1976.