Абдусалом Деҳотӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Манобеъ: илова
Сатри 18:
“Куллиёт” – и Саъдӣ, “Латифаҳои тоҷикӣ” – ро ба чоп ҳозир кардааст.
== Эҷодиёт ==
Фаъолияти адабии Деҳотӣ аз с. соли 1928 сар шуда, дар назм, наср, драматургия, адабиёти бачагона асарҳои зиёде офаридааст. Дар шеър аз шогирдони С.Садриддин Айнӣ буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда шуданд. “Манзараҳои сегона” (1934) якумин намунаи достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда, сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони
лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба меҳнати коргарони фабрикаи “Ҳуҷум” – и Самарқанд (қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва фидокориҳои пахтакорона Фарғона (қ.3) бахшида шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи
ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда, эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд.
Сатри 27:
Шеърҳои бачагонаи Деҳотӣ асосан аз охири солҳои 40 – ум ба муносибати аз тарафи ӯ тартиб дода шудани китобҳои хониши мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1 - 4) ба вуҷуд омадаанд. Содагӣ, равонӣ ва самимияти шеъри ӯ, хусусан, дар ин асарҳо барҷастатар намудор шудааст. Аксари ин шеърҳо ҷилваҳои психологияи кӯдакро нозук ифода намуда, дар адабиёти бачагонаи тозабунёди тоҷик мавқеи муайян ишғол кардаанд. Дар бораи шоирони кӯҳистон, аз ҷумла [[водии
Ҳисор]] тадқиқот бурдааст. Тарҷумаи тоҷикии бисёр асарҳои Кирилов, Некрасов, Шевченко, Байрон, Ҷ. Родарӣ ва диг. ба қалами Деҳотӣ тааллуқ дорад. <ref>Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 558-560 </ref>
 
==Осор==
Муаллифи маҷмӯаҳои: