Абдулло Ғанӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
Сатри 14:
 
== Эҷодиёт ==
Фаъолияти эҷодиаш ибтидои с.соли 30 оғоз шудааст. Маҷмӯаҳои ашъораш “Ситораҳои сохтмон” (Д., 1932) ва “Бо номи Веддинг» (1933) дар Тошканд ба табъ расидааст. Шеъру достонҳои тоҷикии ӯ дар маҷмӯаи “Садо” гирд оварда шудаанд (1935). Дар ин муддат чанд мақолаи илмиаш ба табъ расидаанд. Яке аз онҳо “Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ” (1933). Аз ин баъд ба навиштани асарҳои саҳнавӣ миён бастааст. Муаллифи драмаҳои “Вахш” (1933); варианти дуюмаш “Водии бахт” (1934), “Рустам ва Сӯҳроб” (бо ҳамқаламии А.Пирмуҳаммадзода, 1935), “Шӯриши Восеъ” (1936), “Пеш аз субҳ” (1949), “Шарафи инсон” (1956), “Суруди кӯҳсор”, “Тӯфон” (бо ҳамқаламии Шамсӣ Қиёмов, 1957), “Ҳуррият” (1964), “Мо аз Боми Ҷаҳон” (1965), “Ҷомӣ ва Навоӣ” (1969), “Сарбозони инқилоб” (1971), “Фарёди ишқ” (1975), “Ситораҳои умед” (1975, дар бораи Шириншо Шотемуров), “Шамъи маърифат” (1978, дар бораи С.Айнӣ), “Мурғи саҳар” (1980, дар бораи А.Лоҳутӣ) , “Рухшона” (1982). С.соли 1972 барои драмаҳои “Ҳуррият” ва “Сарбозони инқилоб” сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи А.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст. Беҳтарин асарҳояш дар маҷмӯаи “Ҳуррият” (1972) гирд оварда шудаанд. Бисёр асарҳои нависандагони рус ва ҷаҳон, аз ҷумла, пиесаи “Духтари бебисот”-и А.Островский, “Ҷавоне аз шаҳри мо”-и К.Симонов, “Платон Кречет”-и А.Корнейчук, “Арӯси оташ”-и Ҷ.Ҷабборлӣ, “Қурбонӣ”-и Р.Такҳур, “Доми фиреб”-и Т.Драйзер ва диг. ба тоҷикӣ гардонидааст. Баъзе асарҳояш ба заб.забонҳои русӣ, ӯзб.ӯзбекӣ ва дигар халқҳои собиқ СССР тарҷума ва нашр шудаанд.
 
== Мукофотҳо ва ҷоизаҳо ==
Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон (1962), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (1972).