Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаи гурӯҳ
Сатри 27:
Инак, он маҷмӯаҳое, ки аз тарафи Пайрав ба чоп омода шудаанд ва ба табъ расидаанд ва мо ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии шоир ба онҳо такя намудем. Яке аз мӯътабартарин маҷмӯаҳое, ки мо матни онро дар бештарин мавридҳо чун матни асосӣ истифода бурдем, «Маҷмӯаи шеърҳо» - и нашри соли 1934 мебошад. Ин нахустин китоби Пайрав аст, ки баъд аз вафоти шоир дар таҳияи Раҳим Ҳошим аз чоп баромадааст. Ба ҳайати таҳририяти он устод Айнӣ низ шомил буданд. Маълум аст, Раҳим Ҳошим бо роҳбарӣ ва маслиҳати устод Айнӣ ин корро анҷом додааст. Баъд аз зикри ҳайати таҳририя дар ҳошияи ҳамон варақ навишта шудааст: «Бо ташаббуси шӯъбаи Самарқандии Союзи нависандагони Шӯрои Ӯзбекистон ҷамъ карда шудааст».
 
Ин китоб аз мукаммалтарин маҷмӯаҳои осори Пайрав Сулаймонӣ ба шумор меравад. Агар нахустин китоби шоир «Шукуфаи адабиёт» 23 шеърро дар бар карда бошад, маҷмӯаи дуввуми ӯ «Шеърҳо» 30 шеърро ва «Қадам ба панҷсолаи дуввум» 45 шеърро фаро гирифтааст. Ба «Маҷмӯаи шеърҳо» -и соли 1934 62 шеър ворид гардидааст. Ин маҷмӯа аз ҷиҳати сохт низ хеле ҷолиб аст. Шеърҳо аз рӯи давраҳои эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ танзим ёфта, лирикаи ӯ қисми алоҳидаро ташкил намудааст. Дар маҷмӯаи «Шукуфаи адабиёт» Пайрав Сулаймонӣ 5 шеъри лирикии худро дохил карда буд, аз ҷумла шеъри ишқии «Шаби ҳиҷрон бо хаёли ҷонон» -ро. Маҳз ҳамин шеъри ишқӣ боиси ба чунин хулоса омадани Бектош гардидааст: «Аз ин нуқтаи назар Пайрав Сулаймонӣ дар адабиёт гӯянда ва намояндаи ҳамон буржуазияи навхези савдо ва саноати маҳаллӣ аст, ки барои инкишофи нуфузи савдо ва саноати маҳаллӣ аст, ки барои инкишофи нуфузи синфи худаш танҳо сароб (обман зрения) будани Инқилоби октябрро аз ҳама пештар ва равшантар ҳис мекунад».
 
Тадқиқи матнҳо нишон медиҳанд, ки Раҳим Ҳошим нафақат осори Пайравро аз дасти рафиқони ӯ ва рӯзномаю маҷаллаҳо гирд овардааст, балки дар ихтиёри худ архиви шоирро доштааст.
Сатри 35:
Раҳим Ҳошим ба «Маҷмӯаи шеърҳо»-и соли 1934 18 шеъри лирикии Пайравро дохил намудааст.
 
Тадқиқи матнҳо нишон медиҳад, ки Раҳим Ҳошим на фақат осори Пайравро аз дасти рафиқони ӯ ва рӯзномаю маҷаллаҳо гирд овардааст, балки дар ихтиёри худ архиви шоирро доштааст. Ин фикрро чунин суханони духтари Пайрав Сулаймонӣ – Шоираи Халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ тасдиқ мекунад: «Чанд сол пеш дӯсти наздики оилаи мо Раҳим Ҳошим архиви падарамро ба мо супурданд. Ман вақте ки онро варақ мезанам, чи шоири нисбат ба худ серталаб будани падарамро тасаввур мекунам. Дар ин архив аксари шеърҳо чанднусхагӣ буда, дар ҳар кадоми он як фикри тоза, мисраи нав илова шудааст».
 
Вале дар баъзе шеърҳо матни истифода бурдаи Раҳим Ҳошим аз матни архиви шоир, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ маҳфуз аст, фарқ мекунад. Ин фарқҳо дар қисми муқоиса ва тавзеҳоти Куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ нишон дода шудаанд.
Чунон ки илми матншиносӣ тақозо мекунад, мутуни асосӣ барои Куллиёти илмии адиб нашри охирини ҳар як асари ӯст, ки ҳангоми дар қайди хаёт будани ӯ ба табъ расидааст. Вале на ҳамеша нашри охиринро чун матни асосӣ истифода бурдан мумкин аст.
 
Барои мутуни саҳеҳи ҳар як шеърро пешниҳод кардан ҳамаи сарчашмаҳои онро мавриди тадқиқ қарор додан зарур аст. Аз ин ҷост, ки ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ ҳамаи сарчашмаи матни осори ӯ, пеш аз ҳама маводи архив, маҷмӯаҳои ҳангоми дар қайди ҳаёт будани шоир ва баъди сари ӯ ба табъ расида, китобҳои дарсӣ ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба ҳам муқоиса ва аз назари тадқиқ гузаронида шудаанд.
 
Дар бисёр мавридҳо ба ҷои нашри охирини асари шоир дастхати ӯ аз архив чун матни асосӣ истифода шуд, зеро матни шеърҳои Пайрав Сулаймонӣ бо ду роҳ осеб дидааст:
 
# Нодуруст хондани калима боиси тағйир ёфтани он ва дигар шудани мазмуни мисраъ гардидааст.
Масалан, дар шеъри «Кай гуфтаамат?» мисраи 16 дар ҳамаи маҷмӯаҳои шоир ба тарзи зер навишта шудааст:
 
Сатри 59:
:Модом ки ту дили касеро рабудаӣ, худат ҳам дил хоҳӣ аз даст дод.
 
Дар матни «МухаммасМухаммад бар ғазали Ризоӣ» ҳангоми муқоиасаи ҳамаи нашрҳо бо дастнависи Пайрав се нуқсон ба назар расид.
#Банди дуюм ва сеюм пешу қафо омадааст. Ин нуқсон ҳангоми аз назар гузаронидани таркиби мисраъҳои ғазали Ризоӣ равшан падидор гардид.
#Дар мисраи 14-ум, яъне мисраи 5-уми ғазали Ризоӣ, ки Пайрав овардааст, иваз шудани як ҳарф боиси осеб дидани матн гардидааст.
Сатри 85:
 
Аз ин рӯ матни архивро матни асосии ин шеър қарор додем. Дар зери сарлавҳаи шеъри дигари ӯ бо унвони «Маснавӣ» «ба духтур – ба ҳакими дӯст» навишта шудааст.
Ба аҳли илму адаб кайҳо маълум аст, ки ин шеърро Пайрав ба дӯсти худ – духтури чех ЙозефЁзеф Авл бахшидааст. Вале номи ӯ дар ягон маҷмӯаи шоир зикр наёфтааст. Танҳо дар як дастнависи Пайрав баъд аз сарлавҳа «Ба Юсуф Авли австриягӣ» омадааст. Дар ин дастнавис байте мавҷуд аст, ки аз тамоми маҷмӯаҳо шоир партофта шудааст:
 
:Австрия ӯрост мулку ватан,
:Шабу рӯз дар иштиёқи ватан.
 
Ин шеър нахустин бор баъд аз вафоти Пайрав Сулаймонӣ дар «маҷмӯаи шеърҳо»-и соли 1949 ба табъ расидааст. Дар ин маҷмӯа партофта шудани он таъкид гардида, баъд аз мисраи 8-ум се нуқта гузошта шудааст.
Маълум мешавад, ки мураттибон танҳо ба хотири сиёсати Ҳокимияти Шӯравӣ нисбат ба шахсони хориҷӣ, аз тарси он ки мабодо ба гардани Пайрав Сулаймонӣ ягон гуноҳеро бор накунанд, зерсарлавҳа ва байтеро, ки номи Йозеф Авлро ошкор месозад, партофтаанд.
 
== Тадқиқи архиви адиб ==