Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 97:
Тадқиқи архиви адиб, омӯхтани вариантҳои гуногуни матни ҳар як асари ӯ имкон медиҳад, ки санаи таълифи асарҳое, ки таърихи навишта шуданашон номаъълум аст, муайян гардад. Агар дар зери дастнависи шоир санаи таълиф гузошта шуда бошад, кори матншинос осон аст. Масалан, санаи таълифи ғазали «парешон» на дар матни Р. Ҳодизода ва на дар «Девон»-и 1971 вуҷуд надорад. Лола Сулаймонӣ онро 1918-1919 тахмин кардааст. Вале дар архиви институт – дар воҳиди ҳифзи 91 зери шеър «Бухоро, 1927» сабт ёфтааст.
Шеъри «Мактуб ба рафиқам» дар ҳамаи маҷмӯаҳои шоир бесана омадааст. Дар архив се нусхаи сиёҳнавис ва як нусхаи покнавис мавҷуд аст. Дар зери нусхаи покнавис, ки рақами 1-ро гирифтааст, «Самарқанд, 1933» навишта шудааст. Мо ин санаро ҳамчун санаи саҳеҳ қабул кардем.
Шеъри дигари Пайрав Сулаймонӣ «Қалам» то соли 1959 ҳам дар маҷмӯаҳои шоир ва ҳам дар асарҳои тадқиқотии адабиётшиносон соли 1928 дониста шудааст. Ва ин дуруст аст. Зеро ин шеър ҳ ҷиҳати сабку услуб ва камолоти адиб, ҳам аз ҷиҳати фарогирии мароми сиёсию иҷтимоии Пайрав Сулаймонӣ маҳлули соли 1928 аст, нас соли 1920. вале дар «маҷмӯаи осор»-и соли 1959 дар зери ин шеър «Бухоро, октябри соли 1920» навишта шудааст. Ба назари мо ин ҷо иштибоҳан 1920 омадааст ва мураттибу муҳаррир ба он эътибор надоданд. Зеро мураттиби ин маҷмӯа Лола Сулаймонӣ дар як мақолааш дар бораи қасидаи ҳасбулҳолии «Нишони бенишонӣ» сухан ронда навиштааст:
«Пайрави зиндадилро, ки се-чор сол қабл аз ин «Қаламам умри ҷовидони ман аст» гуфта буд, ба ҳолати маъюсӣ ва ноумедӣ оварданд, ки дар ин қасидаи ҳасбиҳолӣ « нишоне надиҳад ному нишонам» навиштааст».
Муаллифи мақола санаи таълифи «нишони бенишонӣ»-ро 1930-1931 тахмин кардааст, пас «се-чор сол қабл аз ин» гуфта, соли 1928-ро дар назар дорад. Вале мутаассифона, то охирин маҷмӯаи шоир ин иштибоҳ давом кардааст. Ҳатто танқиди адабӣ ба муҳаққиқоне, ки ин шеърро чун маҳсули соли 1928 таҳлил кардаанд, эрод гирифтааст. Дар як мақолаи роҷеъ ба санаи таълифи ин шеър навишта шудааст:
«Дар омади сухан бояд гуфт, ки нисбат ба таърихи иншоди шеъри «Қалам» низ ҳамин иштибоҳ ҷой дорад. Иштибоҳан соли 1928 донистани санаи таълифи ин шеър аз «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (қ. 11, саҳ. 185) сар шуда, баъдан ба нашрҳои гуногуни китоби дарсии «Адабиёти советии тоҷик» низ роҳ ёфтааст. Аслан ин шеър моҳи октябри соли 1920 гуфта шудааст».
Аз ин рӯ, мехоҳем барои исботи ақидаи худ далели боэътимодтаре орем.
Аввал ин ки дар нахустин маҷмӯаи пайравПайрав Сулаймонӣ «Шукуфаи адабиёт», ки худи ӯ таҳия кардааст, санаи таълифи ин шеър октябри 1928 аст.
 
Дар архив дастнависи шеъри «Қалам» маҳфуз намондааст. Вале дар «Маҷмӯаи шеърҳо» -и соли 1934 дар саҳифаи аввал баъд аз сурати Пайрав Сулаймонӣ акси дастхати ӯ бо ҳуруфи ниёгон оварда шудааст, ки дар зери он «Бухоро – 1928» зикр ёфтааст. Бинобар ин мо бидуни шакку шубҳа дар Куллиёти пайравПайрав Сулаймонӣ санаи таълифи шеъри «Қалам» -ро «Октябри 1928» зикр намудем.
Дар архиви Пайрав шеърҳое ҳастанд, ки санаи таълифи онҳоро тахмин кардан ниҳоят душвор аст.
Чунон ки маълум аст, аз солҳои панҷоҳум сар карда, ҳамаи маҷмӯаҳои Пайравро духтари шоир, номзади илми филология шодравон Лола Сулаймонӣ мураттаб сохтааст. Лола Сулаймонӣ солҳои тӯлони бо архивипадар сару кор дошт, онро ба тартиб овард, таҳқиқ намуд ва аз рӯи имконият ва тақозои замон баъзе асарҳои ба чоп нарасидаро интишор сохт. Ӯ орзу дошт, ки Куллиёти илмии Пайравро таҳия кунад ва ба ҳамин ният архивро ба Институти забон ва адабиёт, яъне ба ҳимояи давлат супорид ва худаш ҳам ба шӯъбаи мероси адабии ҳамин Институт ба кор омад. Вале афсӯс, ки марги беамон барои ҷомаи амал пӯшидани ин орзуяш имкон надод.
Сатри 111:
 
Лола Сулаймонӣ дар сарсухани худ навиштааст: «Амакам Яҳёҷон Сулайсонӣ чанде пеш аз вафоташ ба ман як ҷузвдон дастхатҳоро супорида хоҳиш намуд, ки онҳоро ба касе иншон надиҳам. «Аксари ин шеърҳо ба ҷуз яктоаш дар Эрон навишта шудааст. Фаҳмидӣ? Мабодо номи бародарам сиёҳ нашавад…»
Мувофиқи хоҳиши ӯ ман ин ҷузвдонро солҳои зиёд маҳфуз доштам. Ҳоло ки замони ошкоргӯист, ин шеърҳо низ бояд чоп шаванд, зеро ҳеҷ иллате надошта, балки аз сӯзи дили як ҷавони биступанҷсолаи ошиқи раҳдур дарак медиҳанд. Дар дафтаре, ки амакам супорида буданд, ба ғайр аз дастнависи шеърҳои мунташир чанд дастхати шеърҳои номатбӯи Пайрав Сулаймонӣ маҳфуз аст».
Ин шеърҳо ва умуман он тағйироте, ки дар солҳои охир дар ҷомеаи мо ба вуқуъ пайваст, моро водор месозад, ки эҷодиёти Пайравро аз нигоҳи нав тадқиқ намоем, ҳусни шеъри ӯ маҳорати шоирии ӯро нишон медиҳем, роҳи зиндагии пур аз нишебу фарозии ӯро тасвир кунем, сабабҳои ранҷ, дард ва аламҳои ӯро ифшо созем, ки ин кори оянда аст.
Омӯхтани шарҳи шарҳи ҳол ва эҷодиёти адибони охири садаи XIX ва оғози садаи XX назари нави таърихшиносон ва ҷомеашиносонро ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ин давра тақозо дорад.
Ҳоло мо мехоҳем танҳо вобаста ба таъйини санаи таълифи он шеърҳои Пайрав Сулаймонӣ, ки тоза ба даст омадаанд, баъзе андешаҳои худро иброз намоем.
Шеърҳои интишорнамудаи Лола Сулаймонӣ 5-то буда, санаи таълифи 3-тои онҳо «Водоия бо рафиқони бухороӣ дар ҳини сафари Эрон», «Ҳол ва мозӣ», ғазале дар ҷавоби оқои Алӣ Акбари Гулшан аниқ аст. Ин шеърҳо соли 1924 дар Машҳад иншо шудаанд. Вале кай навишта шудани ду шеъри дигар «Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ» ва «Нишони бенишонӣ» маълум нест.
Дар бораи давраи эҷод шудани шеъри «Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ» Лола Сулаймонӣ навиштааст:
«Шеъри дигаре, ки бо матлаи «Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ» сар мешавад, аз рӯи гуфтаи амакам Яҳёҷон пеш аз Инқилоби Бухоро ҳангоми аз таъқиби амир хонанишин шудани Пайрав Сулаймонӣ навишта шудааст, ки дар ҳақиқат муҳити ҳамон замонаро инъикос менамояд».
Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки ин шеър солҳои 1918-1919 навишта шудааст.
Дӯсти Пайрав Алӣ Исмоилзода дар мақолаи номатӯи худ доир ба эҷодиёти Пайрав, ки дар архиви шоир маҳфуз аст, дар бораи хонанишин шудани ӯ навиштааст:
«Падари рафиқ Сулаймонӣ Абдукаримҷон гарчи ба ҳаракати ҷадидӣ ба сифати як инқилобпеша фаъолона иштирок накарда бошад ҳам, вале равшанфикр, газетахон ва ғайри [[мутаассиб]] будани вай аз тарафи ҳукумати Бухоро нисбат ба ӯ ба пайдо шудани сӯизан сабаб шуда буд.
Дар авохир аз тарафи рабоби ҳукумати Бухоро ва муллоёни муттаассиб аз худи Абдукаримҷон зиёдтар ба писари ӯ Отаҷон Сулаймонӣ сӯизан ҳосил мешавад. Сахтии таъқибот Пайрав Сулаймониро маҷбур мекунад, ки дар либоси занона чанд вақт дар хона пинҳон шуда биистад».
Аз як тараф, мазмуни қисми аввали шеър ва тарҷумаи ҳоли шоир ҷоиз будани чунин ақида, яъне пеш аз инқилоби [[Бухоро]] навишта шудани онро тасдиқ мекунад. Шеър ҳасби ҳоли Пайрав Сулаймонӣ, оҳу нола ва фарёди ҷонгудози ӯро «дар чордевори беэътиборӣ» аз ҷаври фалак ва бахти рамида ифода намудааст.
 
:Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ
Сатри 155:
:Барои вафои ту чун месупорам.
 
Пас саволе пеш меояд, ки Пайрав Сулаймонӣ ватани азизаш Бухороро аз дасти кӣ халос карданӣ? Аз истибдоди феодалӣ, зулму ситами амир ва амалдорони вай, рӯҳониёни муттаассиб ё истилои хориҷиён.
Аз рӯи адабиёти мавҷуда маълум аст, ки Пайрав Сулаймонӣ ба ягон созмони зидди аморати бухоро шомил набуд. Пас ӯ ба кӣ ва ба чӣ уммед бастааст?
Солҳои охир дар матбуоти тоҷик доир ба ишқилоби [[Бухоро]], мавқеи зиёиёни авохири садаи XIX ва ибтидои садаи XX дар ин инқилоб баъзе асарҳо ва мақолаҳо интишор ёфтанд, ки ахбори то ин дам дастнорас ва андешаҳои тозаеро фаро гирифтаанд.
Дар фаслномаи «Гули мурод» (1997, 7-9) (3)) порчае аз «Рӯзнома»-и Садри Зиё дар таҳияи [[Муҳаммадҷон Шакурӣ]] бо сарсухани эшон ба табъ расид.
Сатри 162:
Садри Зиё инчунин ба воситаи овардани хобҳои даҳшатбори худ «аз зарбати тӯби қалъакӯб» хароб шудани Бухоро, ба замин яксон шудани қасру кӯшкҳо, ба горат ва яғмо рафтани молу амволи халқ, ба қатл расидани мардуми бегуноҳро нишон додааст, ки ҳама моҳияти «Инқилоби Бухоро»-ро хеле равшан падидор месозад.
 
Шояд Пайрав Сулаймонӣ шеъри худро баъд аз ҳамин воқеаҳо навишта бошад, яъне соли таълифи он на то Инқилоб, балки баъд аз он бошад. Ба ин як порча шеъри нотамоми ӯ, ки санаи таълифаш номаълум аст, низ далолат мекунад:
 
:Мо ба худ кандаем гӯри сиёҳ,
Сатри 181:
:На зи бегонагон умеду на хеш.
 
Пайрав Сулаймонӣ Инқилоби Бухороро бо шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро» (2 сентябр 1920) пешвоз гирифт. Дар ин шеър ӯ аз озодии ҷумҳурӣ, партавафшон шудани байрақи сурх изҳори шодмонӣ кардааст. Дастнависи ин шер дар архиви шоир маҳфуз аст. Оё шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро», дар вақташ дар ягон маҷалла ё рӯзнома чоп шуда буд ё не? Мо имкони тадқиқи ин масъаларо надоштем, зеро маводи заруриро ба даст оварда натавонистем. Тадқиқотчиёни эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ низ дар ин бора чизе нагуфтаанд. Пайрав Сулаймонӣ онро ба ягон маҷмӯаи худ ворид накардааст. Фақат баъд аз вафоти ӯ Раҳим Ҳошим ин шеърро ба «Маҷмӯаи шеърҳо»-и ӯ дохил кардааст.
Тадқиқи шаҳри ҳоли Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ – дар мақолаҳои Расул Ҳодизода «Маҳмуд Хоҷа Беҳбудӣ – тарихи зиндагӣ ва тақдири таърихии ӯ», Муҳаммадҷон Шакурӣ «Нигоҳе ба поёни умри Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ» («Гули мурод», 1997, 1998, 10-12(4)), хулосаҳои ин муаллифон моро ба чунин андеша водор сохт, ки шояд Пайрав Сулаймонӣ низ Инқилоби Бухороро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, гумон карда бошад, ки акнун Осиёи Миёна аз ҷавру зулми ҳукумати амирӣ ва муллоёни мутаассиб раҳои ёфта, ҷумҳурии мустақил хоҳад шуд ва адлу инсоф ғалаба хоҳад кард. Вале асорати миллӣ, бесару сомониҳо, харобӣ ва куштору ғорат, ҳабскуниҳо ӯро аз нав ба кӯи яъсу ноумедӣ андохт.
Шояд муҳоҷирати Пайрав Сулаймонӣ ба Афғонистону Эрон ба ҷуз гурехтан аз иқи духтари Чингиз, ки муҳаққиқони эҷодиёти ӯ таъкид кардаанд, минбаъд дигар хел маънидод шавад?
Шеъри Пайрав Сулаймонӣ «Дилам боз дасти беғамгусорӣ» дар пайравии ғазали Абдурауфи Фитрат «Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухоро» навишта шудааст. Шеъри Фитрат бо мисраъҳои зерин шурӯъ мешавад:
 
:Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухоро!
Сатри 196:
Устод Шакурӣ ин шеъри Фитратро таҳлил намуда, аз ҷумла навиштаанд:
«Ин шеър шояд якумин шеъре бошад, ки дар васфи Бухоро гуфта шуда аст. Ин васф ҳам бештар иборат аз суолу ҷавоб аст. Дар адабиёти равшангарӣ вожаи «Ватан» бештар мавҳуми иҷтимоӣ гирифт ва мавҳуми «Модари Ватан» пайдо шуд, ки онро аз шеър боло мебинем. Ҳисси ватандӯстӣ дар давраи маорифпарварӣ бо шиддат ёфтани муборизаи илмии озодиҷӯӣ зидди имперотурии рус ва гоҳе зидди мустабиддони турки манғит низ то рафт баланд мешуд. Сӯзу гудози мазлумон зери юғи истисмор аз шеъри мазкури фитрат пуртаъсир шунида мешавад».
Ба андешаи мо ба Бухоро ворид шудани аскарони сурх ва ба вуқӯъ пайвастани он бе сару сомониҳо боиси эҷод шудани шеърҳои Пайрав Сулаймонӣ гардида, ифодаи он ҳисси ватандӯстӣ ва муборизаи озодиҷӯӣ зидди хориҷиён аст. Лола Сулаймонӣ санаи таълифи шкъри «Нишони бенишонӣ» -ро 1930-1931 тахмин карда дар ин бора навиштааст:
«Ин қасида маҳсули он солҳоест, ки Пайрав Сулаймонӣ пайдарпай ба фишору танқидҳои муғризонаи чанде ба ном мунақид дучор шуда буд».
Чунонки Раҳим ҳошим дар мақолаи «Пайрав ва тозиёнаи танқид» зикр кардааст, дар солҳои 1930-1931 «дар газетаҳо дар нишастҳои адабӣ танқид кардани вай (Пайрав-Х.О.) давом дошт. Ба мунаққидони гаправтар ҳатто муқаддимаи Бектош (мақаддимаи Бектош ба китоби «Шукуфаи адабиёт»-Х.О.) ҳам ноқис менамуд. Онҳо тамғаҳои дабдабаноктар ёфта, ба вай часпонданӣ мешуданд».
Раҳим Ҳошим суханашро дар бораи вазъияти он солҳо давом дода навиштааст:
«Давроне буд,ки қобилияти касро не, садоқат ва самимияти касро не, балки пеш аз ҳама чӣ айб доштан, чӣ айбҳо дошта тавонистани касро, на танҳо худи вай, балки падару бобояшро мепурсидандва дар баҳо додан ба кори вай айбҳо ба эътибор гирифта мешуд, маҳак қарор дода мешуд».
Устод Ҷалол Икромӣ гӯё барои тасдиқи ин суханони Раҳим Ҳошим дар мақолаи худ «Душанбе ватанам, Бухоро зодгоҳам» чунин воқеаро ба хотир оварданд:
«Охири тирамоҳи соли 1930, як рӯз дар хонаи аскарони сурх якумин анҷумани комсомолони Тоҷикистон барпо шуд. Дар қатори дигар нависанда ва зиёиёни тоҷик ману айравро ҳам хабар карда буданд. Аз ин илтифоти болоиҳо мамнуну фараҳманд шудем. Сари вақт ба маҷлиси анҷуман рафта, дар толори калони хонаи аскарони сурх хурсанду шод нишастем, бо ҳам сӯҳбату хушгӯиҳо мекардем. Вале ҳанӯз анҷуман сар нашуда, Бектош ба ману Пайрав Сулаймонӣ омада гуфт, ки оҳиста бархоста, аз зал баромада раветон. Гап ҳаст, ки Ғуломризо Ализода пеш аз сар шудани маҷлис аз минбар баромада мегӯяд, ки фарзандони бойҳо ва қозиҳо, ки дар ин ҷо ҳастанд, зали маҷлисро холӣ кунанд. Мо намехоҳем, ки дар ин маҷлиси ботантанаи мо унсурҳои бегона бошанд».
 
Ҷалол Икромӣ ҳолати рӯҳии ҳар дуяшонро тасвир намуда, чунин хулоса кардаанд:
«Бале, ана ҳамин тавр ба мо муомила мекарданд, ана ҳамин тавр буд зиндагии мо. Ба мо офарин, ки ҳамон рӯзҳои сахтро аз сар гузаронида намурдем, кору эҷод намудем». Пайрав Сулаймонӣ сӯзу гудоз ва дарду аламҳои солҳои тӯлонӣ дар дил ниҳонашро дар шеъри «Нишони бенишонӣ» чунин ифшо намудааст:
----
:Дил сӯхт, ҷигар хун шуду хушкид равонам,
Сатри 220:
Инак, мо дар тайини санаи таълифи ин шеър бо Лола Сулаймонӣ мувофиқем ва ин шеърро бо ҳамин санаи таълиф, яъне соли 1930-1931 ба Куллиёти илмӣ ворид намудем.
Тадқиқи архиви адиб, омӯхтани нусхаҳои гуногуни дастнависи ҳар як асар ба мо имконият медиҳад, ки таърихи эҷоди он, ба кӣ бахшида шудан, сабаби пайдоиш, дар кадом шароит ба вуҷуд омадани онро муайян намоем.
Ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ аз ин нуқтаи назар масъалаҳои аҷибе пеш омаданд, ки ҳеҷ чашмдори он набудем.
Шеъри ба устод Лоҳутӣ бахшида Пайрав, ки «Ба адиби сурхи инқилобӣ рафиқ Лоҳути» ном дорад, дар шакли аввал оҳанги ҳазлу мутойибаро доро буда, Лоҳутӣ ҳамчун инсони шодидӯст ва базму тарабпарвар сифат шудааст. Вале дар нусхаи охирин шояд бо маслиҳати дӯстонаш-нахустин хонандагони ин шеър бошад, ҷиҳати сиёсӣ ва ӣҷтимоии он пурқувват гардида, Пайрав Лоҳутиро ҳамчун шоири мубориз, тарғибгари ғояҳои коммунистӣ васф намудааст.Шеър дар шакли аввал бо чунин мисраъҳо ба охир мерасад:
----
Сатри 231:
 
----
Мо нусхаи охиринро ба Куллиёти шоир дохил намудем, зеро маҳз ҳамин нусхаро Пайрав Сулаймонӣ ба Лоҳутӣ ирсол доштааст ва Лоҳутӣ ҳам ба ҳамин нусха посух гуфтааст: Дар архив се дастнависи шеър «Кай гуфтаамат?!» бо матлаи Кай гуфтаамат, партави базмидигарон бош?
Эй шӯъла, ба сӯзи дили мо ҳам нигарон бош? маҳфуз аст. Дар нусхаҳои якум ва дуюм зерсарлавҳае мавҷуд буда, қисми аввали он хат зада шудааст ва қисме, ки хонда мешавад, ин аст:«…ҳини сафари Тошкандашон».
Маълум мешавад, ки ин шеър ба касе бахшида шудааст. Фақат аз дафтарчае, ки Пайрав Сулаймонӣ ба дӯсташ Саъдуллоҷон тақдим кардааст, маълум мегардад, ки ин шахс Абдурауфи Фитрат будааст. Дар зери сарлавҳаи ин шеър навишта шудааст: «Ба бародари мӯҳтарам Фитрат ҳини сафари Тошкандашон». Қарибони Пайрав Сулаймонӣ баъди чун душмани халқ ҳабс шудани Фитрат номи ӯро хат задаанд.
То ин дам маълум набуд, ки шеъри «Оҳанги тор» ба дӯсти Пайрав Сулаймонӣ – навозанда, сароянда, ҳунарпеша ва кинорежисёри шӯравии тоҷик Ғуломризо Баҳор (бародари Мулк Баҳор) бахшида шудааст. Фақат дастнависи шоир ба муайян намудани он имкон дод.
Дар охир мехоҳам ба як иштибоҳе, ки дар матбуот доир ба таърихи эҷоди шеъри «Ҳол ва Мозӣ»-и Пайрав рух додааст, равшанӣ андозанд.
Лола Сулаймонӣ дар сухани худ ба шеърҳои тоза ёфтшудаи Пайрав, ки зикраш дар боло рафт, чунин навишта аст:
Яке аз шеърҳои номатбӯи Пайрав бо унвони « Ҳол ва Мозӣ» аст. Соли 1989 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (1989, №4) — як шеъри Пайрав ба истиқболи «Ҳол ва Мозӣ»-и оғои Мирзо Алӣ Акбари Гулшан – дабири рӯзномаи «Фикри озод» чоп шуда буд. Ин шеъри дуввум аст, ки ба мавзӯи «Ҳол ва Мозӣ» бахшида шудааст.
Баръакс оғои Мирзо Алӣ Акбари Гулшан ҳамин шеъри дуввуми Пайрав Сулаймонӣ «Ҳол ва Мозӣ»-ро истиқбол кардааст. Маълум мешавад, ки Лола Сулаймонӣ ба сарлавҳаи воҳиди ҳифзи 13-и архив чандон эътибор надодааст. Дар ин воҳиди ҳифз дар ақиби варақе, ки шеъри «Ба духтари Чингиз» навишта шудааст, шеъри Гулшан бо хати худи Пайрав сабт ёфтааст. Пайрав Сулаймонӣ ба ҷои сарлавҳаи шеър навиштааст:
<blockquote>
«Истиқболи марҳамати шоиронаи мудири рӯзномаи «Фикри озод» (Машҳад) ҷаноби адиби мӯҳтарам Мирзо Али Акбар (Гулшан) шеъри ҳақиронаи «Ҳол ва Мозиро».Он чи ки дар ин мақола баён гардид, баъзе хулосаҳо ва чанд мисол аз он бори муҳиме, ки ҳангоми таҳияи куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ анҷом дода шуд.
</blockquote>
Инак, ҳоло мехоҳем доир ба сохтори куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ чанд сухан гӯем.
Сатри 249:
Танҳо дар қисми «номаҳо» санаи таълиф риоя нашудааст. Номаҳо аз рӯи шахсоне ки ба онҳо ирсол шудаанд, танзим ёфтаанд, вале агар ба як шахс як чанд нома фиристода шуда бошад онҳо аз рӯи санаи таълиф гузошта шудаанд.
 
Асарҳои Пайрав Сулаймонӣ инчунин аз рӯи қоидаҳои имлои имрӯза ба чоп ҳозир шуда, дар байни замон муҳимтарин хусусиятҳои имлои муаллиф нигоҳ дошта шуд.
 
Тавзеҳоти аз тарафи муаллиф дода шуда, дар поварақ сабт гардид. Шарҳу эзоҳи таҳиягарони маҷмӯаҳои гуногуни Пайрав Сулаймонӣ аз рӯи зарурат дар қисми тавзеҳот оварда шудаанд.
Ба ҳамин тариқ Куллиёти илмӣ барои муҳаққиқони эҷодиёти Пайрав маводи фаровон медиҳад, барои мураттибони осори ӯ матни саҳеҳе пешниҳод менамояд.
 
== Осор ==
* Пайрав Сулаймонӣ. Шукуфаи адабиёт. - Сталинобод – Самарқанд, 1931, Нашр. Дав. Тоҷик., - с.197