Шамсиддини Шоҳин: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 20:
 
==Таҳсил==
Тахминан дар чордаҳ-понздаҳсолагӣ Шамсиддини Шоҳин барои таҳсили илм ба [[мадраса]] дохил мешавад.
Дар мадраса дар пеши устодон ва ҳамсабақонашон истеъдод ва қобилияти баланде зоҳир мекунад. Аммо аз ҷиҳати моддӣ дар ин солҳо зиндагии у хеле сахт буд. Падараш пир шуда, дар таъмини оила ва хонондани писараш хеле мушкилиҳо мекашид. Аммо баъзе олимон ва соҳибмансабони ин замон истеъдоди фавқулоддаи шоир ва қобилияти илмомузии ӯро дида, ба ӯ баъзан ёрии моддӣ мерасониданд. Худи Шамсиддини Шоҳин бошад, нусхаҳои кутуби нодир ва баёзҳоро нусхабардорӣ карда, ба баҳои он як навъ рӯз мегузаронид ва ба оилаи қашшоқаш низ ёрмандӣ мекард.
Баъд аз хатми мадраса Шоҳин кори ба худ муносибро ёфта натавониста, чанд вақт дар масҷидҳо имоматӣ мекард. Аммо ин касб, ки мисли гадо дар тую тамошо гаштан буд, ба таъби Шамсиддини Шоҳин мувофиқ наомад.
Шамсиддини Шоҳин дар мактабу мадарасаҳои [[Бухоро]] таҳсил намуда пас аз хатми мадраса, чанде дар яке аз маҳаллаҳои [[Бухоро]] имом таъин мешавад. Шоир аз солҳои [[1885]] сар карда чанд вақт ба назди парвоначии амир Абдулаҳад Адулқодири Парвоначӣ ба хизмати мирзоӣ даромадааст. Парвоначӣ истеъдод ва илму фазли Шамсиддини Шоҳинро дида, ӯро хеле эҳтиром кард ва дар иваз ӯро аз ҷиҳати моддӣ таъмин намуд. Дар ин солҳо Шоҳин оилаи худро, ки бепарастор монда буд, низ нигоҳубин мекард
 
== Оила ==