Бедил: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 53:
 
== Эҷодиёт ==
Мирзо Абдул Қодири Бедил адиб ва файласуфи сермаҳсул буд. Аз мероси ӯ 65 ҳазор байт осори манзум ва кариб 50 ҷузъи чопӣ асарҳои насрӣ боқӣ мондааст. Қисми асосии асарҳои Мирзо Абдул Қодири Бедил дар «Куллиёт»-аш, ки соли 1882 дар Бамбей чоп шудааст, гирд омадаанд: «Дебоча», «Ирфон», «Тури маърифат», «Нукот», «Ишорот ва ҳикоёт», «Руқаот», «Чор унсур», «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат», «Ғазалиёт», «Рубоиёт», «Қасоид», «Қитаот», «Таркибот ва тарҷеот», «Ташбеҳот ва тамсилот» ва ғ. Ғайр аз асарҳои чопии Мирзо Абдул Қодири Бедил дар деҳаю шаҳрҳои Осиёи Миёна нусхаҳои сершумори дастнависи осори шоир дар китобхонаҳои шахсӣ мавҷуданд.
Асарҳои Бедил масъалаҳои гуногунро дар бар гирифтаанд. «Тилисми ҳайрат» (1669) дар шакли маснавӣ ва дар вазни ҳазаҷи мусаддаси мақсур гуфта шуда, аз 3750 байт иборат аст. Мавзӯи ин асар муносибати тан ва рӯҳи инсон аст. Мирзо Абдул Қодири Бедил рӯҳи инсонро ба подшоҳе монанд кардааст, ки аз олами қудс фуруд омада, мамлакатеро, ки асосаш хоку боду оташу об аст, ба даст медарорад. Дар асар як навъ талаб ва шарти хоси маърифат пешниҳод гардида, Мирзо Абдул Қодири Бедил таълимоти устодони исломии худ ва ақидаи Шоҳкобулиро, ки шоир чанд муддат дар зери таъсири ӯ монда буд, рад кардааст. Хулосаи фикри Мирзо Абдул Қодири Бедил ин аст, ки асли маънии ҳар гуна ақида ба шуури инсон вобаста буда, заминаи он дар олами воқеӣ вуҷуд надорад ва инсон аз рӯи дараҷаи фаҳмиши худ ба он маънии «бенишон» нишонаҳоеро нисбат медиҳад. Агарчи Мирзо Абдул Қодири Бедил дар ин асар ҳолатҳои рӯҳонӣ ва ҷисмонии инсонро бо истилоҳоти аҳли тасаввуф таъбир намудааст, ақидаҳои тарбиявию ахлокии шоир бештар намудор мешаванд.
«Муҳити аъзам» (1681) маснавиест дар вазни «Шоҳнома» ва қариб 4500 байт дорад. Мундариҷаи асар аз ҳикоятҳои зиндагии аҳли тасаввуф иборат аст ва ақоиди фалсафии шоир доир ба офариниши олам бо санъати мисол шарҳу баён ёфтааст. Бедил аввалин маротиба роли таҷрибаро дар тасвири бадеӣ ба миён гузоштааст.
Маснавии «Тури маърифат» (1687) 1500 байт буда, дар вазни «Тилисми ҳайрат» таълиф ва ба Шукруллохон бахшида шудааст. Кӯҳистони Байрот (Дар Бангола) бо тамоми ҷилваҳои табиати шодобу пур аз маъданаш устодона тасвир ёфтааст. Мирзо Абдул Қодири Бедил кӯҳи Байротро ба Тури Мӯсо муқобил гузошта, қайд мекунад, ки агар он «Тури таҷаллии нури илоҳӣ» бошад, ин «Тури таҷаллии маърифат» аст. Мирзо Абдул Қодири Бедил шоирро аз рӯи «қонуни яқин» ба маърифати дунёи вокеъ ва зебоиҳои ҳаёт мехонад ва таъкид менамояд, ки бо шунидан қонеъ нашуда, ба ҳар чиз бо чашми муоина бояд нигарист:
 
:Ҳамоно кӯрӣ аст, эй ҳушдушман,
Сатри 78:
:Ки ҳар сангаш ба дил бурдан Фарангест…
Дар ин асар Мирзо Абдул Қодири Бедил бештар ба фалсафаи олами зинда наздик мегардад.
Маснавии «Ишорот ва ҳикоёт» аз 1300 байт иборат буда, дар вазнҳои гуногун назм шудааст ва бештар масъалаҳои тасаввуфу васфи табиатро дар бар мегирад. Дар «Руқаот» мактубҳои давраҳои гуногуни ҳаёти Мирзо Абдул Қодири Бедил фароҳам омадаанд. Аксари мактубҳо ба номи шахсоне иншо шудаанд, ки бо Мирзо Абдул Қодири Бедил алокаи адабӣ ва фикрӣ доштаанд. Аксари номаҳоро Мирзо Абдул Қодири Бедил дар ҷавоби мактуби дӯстонаш навиштааст. Он мактубҳо барои донистани чи гунагии муносибати ӯ бо баъзе ҳамзамононаш, лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳаёт ва ақидааш нисбат ба муҳити зиндагӣ ёрӣ мерасонанд.
«Чор унсур» (1703) аз калонтарин асарҳои насрии Мирзо Абдул Қодири Бедил буда, бо порчаҳои шеърӣ зиннат ёфтааст. Ин асар илова ба масъалаҳои фалсафа, аз хусуси мактабхонӣ, хотираҳои давраи кӯдакӣ, аҳволи ёру рафиқ, хешовандон, муаллимон ва ҳамсӯҳбатони шоир маълумот медиҳад. Мирзо Абдул Қодири Бедил дар атрофи чор унсур: бод, об, хок ва оташ бештар муҳокима ронда, оид ба пайдоиши наботот, ҳайвонот ва инсон изҳори ақида кардааст. Ӯ барои такомули рӯҳонию ҷисмонии инсон ғизои муътадилро шарти асосӣ шумурда, бақои абадии мавҷудотро рад мекунад ва бақои инсонро дар корҳои неки ӯ медонад. Ин асар барои донистани замон, шахсият ва ақидаҳои фалсафии Бедил маълумоти пурбаҳо медиҳад
«Ирфон» (1712) бузургтарин асари манзуми Мирзо Абдул Қодири Бедил буда, дар вазни хафифи махбуни маҳзуф назм шудааст ва 11000 байтро дар бар мегирад. Фикрҳои тасаввуфӣ, ақидаҳои фалсафӣ, назарияҳои материалистии Бедил масъалаҳое мебошанд, ки мундариҷаи асосии ин асарро ташкил додаанд. Мирзо Абдул Қодири Бедил чун файласуфони қадим обу оташу боду хокро асли моддаи мавҷудоти олам медонад. Дар хусуси хилқати ҷамодот, наботот ва ҳайвонот сухан ронда, инсонро мукаммалтарин шакли мавҷудот ҳисоб кардааст.
::Ба ҳам овард хоку оташу об,
Сатри 91:
 
Дар асар ақидаҳои ахлоқии шоир ифода шудааст. Ӯ сабаби ҳамаи бадахлоқиҳои мардумро аз бекорӣ ва муфтхӯрӣ медонад. Касби деҳқониро аз ҳама муҳим ва сарчашмаи зиндаги инсон мешуморад. Доир ба муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоӣ андеша ронда, табақаи меҳнаткаш –деҳқононро аз тамоми гурӯҳҳои ҷамъиятӣ боло мегузорад; салтанатро «интизоми фасод» ва адолати шоҳонро найранге барои ғорати халқ медонад. Дар «Ирфон» бо унвони «Комде ва Мадан» достони ишқие ҳаст, ки дар он ақидаи нопойдории зулм таъкид шудааст. Ин достон аз достонҳои ишқии пешин («Фарҳоду Ширин», «Лайливу Маҷнун» ва ғайра.) бо ин, ки қаҳрамонони асосиаш бо меҳнати зиёд ба мақсад расидаанд, фарқ мекунад. Дар достон санъат, озодии шахс, дӯстӣ, садоқат, ҳунар, мусиқӣ, илм, адолат ва накӯкорӣ мавриди тавсиф қарор гирифтааст.
«Нукот» асари мансур аст ва зоҳиран, Мирзо Абдул Қодири Бедил онро дар давраҳои гуногуни ҳаёташ навиштааст. Ин асар низ ақидаҳои фалсафӣ тасаввуфии адибро дарбар гирифтааст. Бедил диндорони мутаассибро танқид карда, ба охират, зиндагии дубора, дӯзаху биҳишт барин мафҳумҳои динӣ бовар надоштани худро изҳор кардааст<ref>Edward A. Allworth Evading Reality: The Devices of Abdalrauf Fitrat, Modern Central Asian Reformist (Brill's Inner Asian Library) саҳ.118 http://books.google.com/books?id=2v-kuvkbSiUC&printsec=frontcover&redir_esc=y#v=onepage&q&f=false</ref>.
Ашъори Мирзо Абдул Қодири Бедил чун «Ғазалиёт», «Рубоиёт», «Қасоид», «Қитъа ва қитъаҳои таърихӣ», «Таркибот ва тарҷеот» ва ғайра, ки 37500 байтро ташкил медиҳанд, барои муайян намудани ҷаҳонбинии шоир аҳамияти калон доранд. Ашъори лирикии БедилМирзо Абдул Қодири Бедил масъалаҳои иҷтимоию сиёсии муҳиммеро дарбар гирифтаанд. Мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори ӯ мухталиф буда, таълифашон ба давраҳои гуногуни ҳаёташ рост меояд. Вай қуввати халқро дар иттифоқ дониста, таъкид мекунад, ки фақат хамфикрӣ ва муттаҳидӣ ҳуҷуми ҳар гуна душмани хориҷиро боздошта метавонад.
Эҷодиёти Мирзо Абдул Қодири Бедил, махсусан ашъори ӯ дар асрҳои 18-20 байни аҳли адаби тоҷик хеле шӯҳрат ёфта, мушкилбаёниаш маҳфилҳои махсуси «бедилхонӣ» ба вуҷуд овард. Мушкилоти девони ӯ дар тарзи истиснохи он ҳам таъсир гузоштааст: Котибон девони шоирро бештар бо хати шикаста ва гоҳо бенуқта нусхабардорӣ кардаанд. Тарзу услуби шеъри ӯ дар байни шоирони ин давраи тоҷик як мактаби алоҳида ба вуҷуд овард. Вале бештар пайравони Мирзо Абдул Қодири Бедил моҳияти фалсафию мазмуни иҷтимоии таълифоти ӯро дарк накарда, асосан шакли мураккаби ашъорашро тақлид кардаанд. Дар нимаи дуюми асри XIX мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш моҳияти ҳақиқии эҷодиёти Бедилро дарк кард ва ба шогирду пайравони худ афкори пешқадамонаи ӯро тарғиб намуд. Мунтахаби девони Мирзо Абдул Қодири Бедил дар мактабҳои кӯҳна ба сифати китоби дарсӣ таълим дода мешуд. Аз маҳфилҳои «бедилхонӣ», ҳатто бесаводони бедилдӯст низ баҳра мебурдаанд, ҳофизони халқӣ дар маъракаҳо ғазалҳои дилнишини Мирзо Абдул Қодири Бедилро месуруданд.
Мирзо Абдул Қодири Бедил шӯҳрати ҳақиқиро дар замони шурави ёфт, мазмунҳои амиқи фалсафӣ ва иҷтимоии осори Мирзо Абдул Қодири Бедил ошкор ва дастраси хонандагон гардид. Дар тадқиқи аҳвол ва таҳлили осори безаволи Мирзо Абдул Қодири Бедил махсусан роли устод Садриддин Айнӣ бузург аст.
 
{{Шоирони порсигӯй}}
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бедил"