Гулназар Келдӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 16:
Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи "Расми сарбозӣ" дар соли 1969 аз дасти чоп раҳо мешавад
Шеъргӯиро дар дабиристон оғоз кард ва соли [[1961]] ба шаҳри [[Душанбе]] омад, то таҳсилоташро дар [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон]] идома диҳад. Вай дар ин шаҳр, ки маҳалли будубоши бузургони шеъру адаби имрӯзи Тоҷикистон аст, мондагор шуд.
Бисту чаҳор солаш буд, ки дар с. [[1969]] нахустин маҷмӯъаи шеъраш бо номи “Расми сарбозӣ” мунташир шуд ва мавриди истиқболи шоъирони замон воқеъ шуд. Ва акнун Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоъирони ин диёр аст. Ашъори ӯ дар [[Эрон]] ва [[Афғонистон]] ҳам ба табъ расидааст. Қайсари Аминпур гулчине аз ашъори ГулназарроГулназар Келдиро бо номи “Забони ошиқӣ” дар [[Теҳрон]] мунташир кард.
Бештари соҳибназарони адабиёти тоҷик шеъри ГулназарроГулназар Келдиро чун худи ӯ сода ва самимӣ арзёбӣ кардаанд. Ба назари пруфесум Мирзои Муллоаҳмад, “вежагии боризи ашъори Гулназар Келдӣ ҷанбаи қавии иҷтимоъии онҳост. Гулназар Келдӣ тавонистааст дарди мардумро ба забоне сода ва самимӣ бигӯяд, ки боъиси пазируфта шудани ашъораш аз сӯи мардум шудааст.”
Нигоҳи шоъиронаи Гулназар Келдӣ ва истеъдоди фитрии ӯ аз ҳар мавзӯъ ва манзара ё андеша ва эҳсосу авотифе дар қолибҳои мухталиф ё берун аз қаволиби роиҷ шеър месозад.
Устод [[Лоиқ Шералӣ]], ки бо Гулназар Келдӣ тайи солҳои тӯлонӣ дар дафтари маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” кор карда буд, гуфта буд: “Дар шеъри мо ягон нафар чун Гулназар таҷрубаҳо накардааст”.
Фарзонаи Хуҷандӣ, шоъири саршиноси дигари тоҷик, мегӯяд: “Шеъри Гулназар мисли дарахти азими тановарест, ки дар масоҳати бузурги шеъри форсии тоҷикӣ доман густардааст”.
Акнун устод Гулназар Келдӣ дар интишороти “Адиб” кор мекунад, аммо ҳамчунон дар ҳоли навиштан ва чоп кардани маҷмӯъаҳои тозаи ашъораш аст. Тозатарин маҷмӯъаи вай бо номи “Туву хубиву раъноӣ” мунташир шуд.
Гузашта аз шеъргӯӣ, Гулназар Келдӣ дар навиштани филмнома ҳам табаҳҳур дорад ва тозатарин асараш дар ин замина филмномаи бахши дувуми сериёли “Дар орзуи падар” аст.
 
==Осор==
* "Расми сарбозӣ" (1969).