Унсурулмаъолии Кайковус: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 13:
== Тарҷумаи ҳол ==
Бобои Кайковус Шамсулмаоли Кобус хам аз ахли илму фазл буда, донишмандону суханварони сохибистеъдодро пуштибони мекардааст. Тасодуфи нест, ки донишманди бузург Абурайхони Беруни яке аз маъруфтарин асарҳои худ [[Осорулбокия]]-ро бо эхтироми зиёд ба у бахшидааст. Худи Кобус ба ду забон-форсии дари (тоҷики) ва араби эҷод мекардааст, ки ашъори парокандаи дар сарчашмахо бокимонда ва рисолаи [[Камолулбалогат]] барин асарҳои у аз кобилияти хуби суханвариаш гувохи медиханд. Вай хамчунин дар хушнависи саликаву махорати баланд доштааст.
Унсурмаолии Кайковус дар чунин мухит тарбият ёфта, хануз дар навраси илму хунарҳои гуногунро аз худ намуда буд. Чунон ки дар фасли «Андар парвардани фарзанд» бармеояд, падари Кайковус ба тарбияи у диккату гамхории зиёд зохир намуда, барои таълиму омухтани хар гуна касбу хунархо ба у мурабиёну устодони гуногунро сафарбар мекардааст.
Маълум мегардад, ки Унсурмаолии Кайковус Гелоншох ном писаре доштааст. У бо максади тарбияи фарзанди гиромии худ ва ба роҳи неки зиндаги хидоят намудани вай дар сини 63-солаги ба навиштани насихатномае шуруъ мекунад, ки бо номи [[Кобуснома]] машхур аст. Кайковус насихатномаи худро барои адои «шарти падари» бо максади тарбияи фарзандонаш таълиф кардааст, вале он ба дастури ахлокиву тарбияви ва китоби бадеиву хондании хазорхо одамон табдил ёфт ва номи муаллифашро дар таърихи адабиёту афкори педагогии халқҳои тоҷику форс човидони сабт намуд.
Инчунин Унсурмаолии Кайковус ба моҳияти акл дар хастии инсон диккати ҷиддӣ дода, онро сарчашмаи хамаи хислатҳои хамида медонад ва роли бузурги тарбияву мехнатро дар такомули акли инсони таъкид месозад.
Чунон, ки шарқшиноси маъруфи совети Е. Э. Бертельс хаккони кайд карда буд, “Кобуснома” на ба забони адабии эрони, балки бо забони адабии сокинони каламрави Сомониён, яъне тоҷикон навишта шудааст.
[[Кобуснома]] бо забонҳои дигар низ тарчума шудааст, аз чумла турки, немиси, англиси, руси ва араби.
Бо хуруфи имрӯзаи тоҷики мунтахаби "Кобуснома" бори аввал соли [[1968]] аз тарафи адабиетшинос Девонакулов дар шакли китобчаи алоҳида тахти унвони “Насиҳатнома” нашр гардид.
Нихоят бояд гуфт, ки ин асар бо номҳои гуногун аз кабили "Насиҳатнома", "Панднома", "Андарзнома" ёд мешавад.
 
Насри гузаштаи тоҷику форс хам ба мисли назми оламшумули он таърихи анъанаҳои шоистаеро дорост. [[Кобуснома]]-и Унсурмаолии Кайковус дар силки он дурдонахоест, ки зиеда аз 900 сол пеш аз ин эҷод шуда, то имрӯз арзиши худро аз даст надодааст ва чилову дурахши пешинаашро гум накардааст. Аз ин китоб, ки пур аз панду андарзҳои хакимонаву хикояту саргузаштҳои ибратбахш иборат аст, чандин насл сабаки зиндаги омухта, дарси ахлоку одоби хамида гирифтаанд ва ба тарзи рӯзгордории гузаштагон шиносои пайдо карда, анъанаҳои неки онро давом додаанд.
 
[[Кобуснома]] аз 44 боб иборат буда, хар боби он ба яке аз масъалаҳои гуногуни ахлоку одоб, расму оин, маишату рӯзгордори, оилаву хонадори тахсилу таълим, омузиши касбу хунар, санъату варзиш, сиёсату идораи мамлакат ва дигар пахлуҳои зиндагии инсон бахшида шудааст.
Унсурмаолии Кайковус пас аз бобҳои анъанави, ки бо такозои мафкураи хукмрони замони у чанбаи дини доранд, аз боби панчум сар карда, таваччухи хонандаро ба шинохтани хакки падару модар чалб менамояд, аз фазилатҳои асосии инсон – нутки саханвари ва некиву накукори мулохизахо баён мекунад. Унсурмаолии Кайковус баёнро аз моҳияти инсон шуруъ намуда, дар бобҳои гуногун дар бораи ташаккули фарзанд аз кудакиву чавони то пири ва аз омузиши илму пешаҳои гуногун, тадричан то ба дарачаи хукмрони мамлакат расидани у сухан меронад.
Дар [[Кобуснома]]-и Унсурмаолии Кайковус пеш аз хама ба некиву накукори диккат медихад ва инро аз фазилатҳои асосии инсон дониста, дар хар маврид талкин мекунад: «Аммо неки аз сазовори неки дарег мадор ва некиомуз бош… Ва бар неки кардан пушаймон мабош…»
Дар бобҳои гуногуни "Кобуснома" муаллиф чохили, фиреб, худписанди, бадгуи, кинаву [[бахилӣ]], риёю ситам барин хислатҳои зиштро махкам намуда, дустию некукори, ростиву чавонмарди, саховатманди, фурутани, беозори ва дигар фазилатҳои хамидаи инсониро ситоиш ва талкин мекунад.
 
:Гар бар сари мох барнихи пояи тахт,
:В-ар хамчу Сулаймон шави аз давлату бахт.