Ноҳияи Истаравшан: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
No edit summary
Сатри 72:
*
* Зироатҳои асосӣ: ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот,ангур
 
== Мавқеъи географӣ ва масоҳати маъмурӣ ==
Масоҳати умумии ноҳияи Истаравшанро 7,6 ҳазор кв.км ( 0,2%-и Вилояти Суғд) – ро ташкил медиҳад. Ноҳияи Истаравшан аз маркази шаҳр ( 22 маҳалла) , 10 ҷамоат ( ҷамоати Гули Сурх, Комунизм, Қалъа Баланд, Ленинобод, Ниҷони, Нафароҷ, Правда, Пошкент, Ҷавкандак ва Фрунзе ) ва 68 деҳот иборат аст. Шаҳри Истаравшан дар қисми шимолии қаторкуҳи Туркистон ( 70 км ), дар ҷанубу ғарбии маркази Вилояти Суғд ҷойгир шудааст.
[[Акс:Ҷойгиршавии географии ноҳияи Истаравшан дар харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.jpg|thumb|Ҷойгиршавии географии ноҳияи Истаравшан дар харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон]]
 
== Таърих ва фарҳанг ==
Ноҳияи Истаравшан дар аввали асри V п.а.м. ташкил шудааст. Соли 2002 – ум , 2500 солагии шаҳри бостонии Истаравшан бо тантана қайд карда шуд. Дар асрҳои бисёр вуҷуд доштани ноҳияи Истаравшан ба худ номҳои Курушкада, Киропол, Устурушана, Суйдуйшана, Уротеппа ва дигарҳо гирифтааст. Истаравшан яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиё Миёна ба ҳисоб рафта ба як қатор бо шаҳрҳои қадимии Бухоро ва Самарқанд меистад. Ба ин Қалъаи Муғ, Калъи Баланд, Қалъаи Метар, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Калъачаи Араб ба қадимшаҳр будани Истаравшан шоҳид шуда метавонанд.
 
Дар ноҳия зиёда аз 150 ёдгориҳои таърихию меъмори вуҷуд дорад, ки ҳар яки он таърихи аз 300 то 1500 сола дорад. Шаш дарахтони бузург, ки дар ҷойгоҳи бо ном Савристон деҳоти Ругунд ҷойгир аст ҳар яки он бо 10-12 ғафсии одам баробар буда 1400 сола мебошанд. Мавзолеҳои Абубакри Шибли ( асри VIII ), Ҳоҷа Абдураҳмони Авф ( асри VIII ), ансамбели меъмории Ҳазрати Шоҳ ( асри XVII-ХIХ ), Сари Мазор ( асри XVI ), ва дигарҳо мебошанд ва ин танҳо як рӯйхати хурди офаридаҳои нодири беназири меъморӣ аст, ки ҳунармандон, кандакорон ва дигар устоҳои ҳунарпешаи шаҳри Истаравшан дар гузашта сохтаанд. Бо доштани чашмаҳои ҳаётбахши худ ва гиёҳҳои шифобахши кӯҳҳояш Истаравшан аз замонҳои қадим ҳамчун мамлакати табобатгоҳи табии дар Осиёи Миёна шинохта шудааст.
Пештар дар Истаравшан 578 кучаҳо иборат буд, ки ба ҳаргуна ҳунарҳои мардумӣ вобаста буданд ва 642-то мағозаҳои ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд будаанд. То кунун куҷаҳои мисгарон, оҳангарон, кордсозон, кулолгарон ва шонатарошон арзи вуҷуд доранд. Дуредгарон ва сангтарошон, мӯзадӯзон, қолиндӯзон, оҳангарон, танӯрсозону кордсозон ин ҳунарҳое мебошанд, ки аз қадимуаён аҳолии Истаравшан шуҳрат ёфтаанд.
 
Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ноҳия мебошад, ки дар солҳои 1898 оғоз намуда соҳибкорони Рус дар Истаравшан ширкатҳои гуногуни истеҳсоли таъсис додашудаанд. Дар солҳои минбаъда дар шаҳри Истаравшан корхонаҳи вазнини саноатии истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди меваю сабзавот ва корхонаҳои саноатии сабук сохта шудаанд.
Солҳои 1946-1949 ноҳияи Уротеппа дар дохили Ҷумҳурии Советии Шуравии Тоҷикистон сохта шуда буд.
9-уми сентябри соли 2002 бахшида ба 2500 солагии шаҳри Уротеппа ба Истаравшан номгузори карда шудааст.
[[Акс:Қалъаи Муғтеппа.jpg|thumb|Қалъаи Муғтеппа]]
 
== Шароити табии ва иқлимӣ ==
Маркази ноҳияи Истаравшан дар баландии 1040 м аз сатри баҳр ҷойгир шудааст. Бод асосан дар шаб аз ҷануб – шарқ ва дар руз аз шимол – ғарб медаманд. Дар фазои субтропикӣ, хушк, ҷойгир буда ҳарорати баланди тобистон +40°C ва ҳарорати пастарин дар зимистон -25˚С – ро ташкил мекунад, боришоти миёнаи сол 172 мм – ро ташкил медиҳад. Дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо растаниҳои гуногун месабзанд. Аз дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда асосан гиря бед, сафедор, чинорҳо, гелосҳо, себҳо, чормағз, зардолуҳо, шафтолуҳо, анор ва ангурҳо ( зиёда аз 30 намуд) меруянд.
 
Дар қаламрави ноҳияи Истаравшан захираҳои фаровони табии ба монанди фосфор, маводҳои сохтмон, хоросанг, сангҳои мармар, ашёи хом барои таёр намудани рангҳои сохтмони мебошанд. Ва низ захираҳои маъруфи канданиҳои ҳастанд ( санг, шағал, рег).
 
== Вазъи демографӣ ==
Дар 1 – уми январи соли 2011 аҳолии Истаравшанро 232,2 ҳазор нафарро ташкил медод ё 10,3 % аз аҳолии умумии вилояти Суғд, ки аз инҳо мардҳо 113,6 ҳазор нафар ( 48,9%) ва занон ( 51,1%) мебошанд. Ба ҳисоби суръати афзоиши аҳолӣ дар як сол 2.3% - ро ташкил медиҳад. Дар қаламрави шаҳр 41567 хонавода ва дар ҳисоби миёна дар як оила 4 - 6 нафар зиндагонӣ мекунанд.
Маркази шаҳри Истаравшан аз 22 маҳалла, ки дар он 63,4 ҳазор нафар зиндагони мекунанд, ин 27,3% - аҳолии умумии Истаравшанро ташкил медиҳад.
:Шумораи аҳолии ноҳияи Истаравшан дар доираи ҷамоатҳо дар 1 январи соли 2010:
 
{| class="wikitable"
|-
! Номгуи ҷамоатҳо !! Шумораи хонаводаҳо !! Шумораи аҳолӣ !! Аз онҳо занон
|-
| Гули Сурх || 5182 || 38229 || 19726
|-
| Комунизм || 4453 || 29733 || 15342
|-
| Қалъаи Баланд || 1875 || 8595 || 4435
|-
| Ленинобод || 2784 || 15190 || 7838
|-
| Ниҷонӣ || 1800 || 9612 || 4960
|-
| Нафароҷ || 1930 || 9562 || 4934
|-
| Правда || 3040 || 14379 || 7420
|-
| Пошкент || 4016 || 18274 || 9429
|-
| Ҷавкандак || 2218 || 9648 || 4978
|-
| Фрунзе || 2948 || 15529 || 8013
|-
| Дар маҷмуъ: || 30246 || 168751 || 87076
|-
| Маркази шаҳр || 11321 || 63400 || 34870
|-
| Ҳамагӣ: || 41567 || 232151 || 121946
|}
 
Дар таркиби иҷтимоии аҳоли 86,5% тоҷикон мебошанд, ки нақши асосиро мебозанд, 13% узбекҳо ва 1% намояндаҳои дигар миллатҳо мебошанд.
Бино ба омори расмӣ, аҳолии шаҳри дар синни то 14 сол 28,0% - ро ташкил медиҳад, аҳолии қувваи кори 44,5 % ва аҳолии синни нафақахур 27,5 % мебошанд.
 
== Манобеъ ==
* [http://sugd.tj/tj/shahrunohiya/121-istaravshan.html Ноҳияи Истаравшан]