Аритмияи дил: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 7:
- сарчархзанӣ ва беҳушӣ.
Ҳангоми кашишхӯрии дил камераҳои он, бо қабати тунуки мушакӣ ва ҳаҷми хурдтар кашида мешаванд ва мусоидат мекунанд то меъдачаҳо бо хун пур гарданд. Кашишхурӣ вақте оғоз мегардад, ки уқдаи синусӣ (гурӯҳи начандон калони ҳуҷайраҳо дар даҳлезчаи рости дил) импулси электрикиро ирсол мекунад ва маҳз ин импулс ҳар ду даҳлезчаро ба кашидашавӣ водор мекунад. Баъдан ин импулс ба уқдаи атрио-вентрикулярӣ (ки дар маркази дил, дар ҷои гузаштани даҳлезчаҳо ба меъдачаҳо воқеъ гардидааст) гузашта, баъди убури он ба меъдачаҳо мегузарад. Дар натиҷа меъдачаҳо кашида шуда, хунро ба ҳамаи узвҳои дигар мунтақил мекунанд. Дар дили солим ин раванд мунтазам ва доимӣ буда, суръати кашишхӯрии дил 60-100 зарбаро дар як дақиқа (дар ҳолати оромӣ) ташкил мекунад. Дар варзишгарон дар ҳолати оромӣ, суръати набз одатан камтар аз 60 зарбаро дар як дақиқа ташкил мекунад, чун дили ин гуна ашхос аз нерӯи зиёди мушакӣ бархӯрдор аст ва дар як кашишхӯрӣ ҳаҷми зиёди хунро ба бадан равона мекунад. Дар кӯдакон бошад баръакс, набзи мӯътадил зиёда аз 100 зарбаро дар як дақиқа ташкил медиҳад. Дар навзодон ин меъёр аз 140-160 кашидашавӣ дар як дақиқа иборат аст. Дар бештари маврид сабабҳои аритмия бемориҳои гуногуни дил, фишори баланди артериалӣ, диабети қанд, сигоркашӣ, аз ҳад зиёд истеъмол намудани нӯшокиҳои спиртӣ ва кофеин, ифрот дар истеъмоли доруҳои гуногун ва стресс ба шумор мераванд. Баъзе аз захмҳои дил низ сабаби пайдоиши аритмия мегарданд. Барои мисол ҳангоми гузаронидани сактаи шадиди миокард захми ба вуҷуд омада, монеи пайдоиши импулси электрикӣ ё монеи гузаштани он ба мушаки дил мегардад. Дар гурӯҳи бемориҳои дил бемории ишемикии дил (ИБС) кардиомиопатия ва иллатдор шудани клапанҳои дил дар бештари маврид сабаби пайдоиши аритмия мегарданд. Ҳангоми бемории ишемикии дил аритмияҳои меъдачаҳо ва марги ногаҳонии дил метавонанд ба вуқӯъ пайванданд. Ин намуди артимияҳо аз ҳама хатарнок ба шумор мераванд. Инчунин бемориҳои ғадуди сипаршакл низ метавонанд сабаби пайдоиши аритмияи дил шаванд. Барои ташхиси аритмия одатан аз электрокардиография (ЭКГ), ЭКГ и [[шабонарӯз]]ӣ бо усули Холтер ва Эхокардиография (Эхо КГ) истифода мекунанд. Инчунин усулҳои иловагии муоина, ки имкон медиҳанд сабабҳои артимияро ошкор намоянд мавриди истифода қарор мегиранд. Ба ин усулҳо таҳқиқотҳои озмоишгоҳӣ (ташхиси клиникӣ ва биохимиявии хун), Стресс-тест ва ғ дохил мешаванд. Табобати артимия метавонад ҳам бо роҳи консервативӣ ва ҳам бо роҳи ҷарроҳӣ ба роҳ монда шавад. Интихоби усули табобатро бояд танҳо мутахассис - кардиолог муайян намояд. Шуъбаи кардиологии Бемористони Ибни Сино имрӯз чун яке аз беҳтарин марказҳои табобати бемориҳои гуногуни дил шинохта шудааст. Шуъбаи кардиологии [[бемористон]] бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, дар ин ҷо мутахассисони варзидаи [[ватан]]ӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд. Дар шуъбаи кардиологии бемористон ҳамаи намудҳои аритмия ташхис ва табобат мегарданд. Дар назди [[бемористон]] ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" фаъолият мекунад, ки истифода аз барномаҳои он, хароҷоти беморро ба маротиб кам мегардонад.<ref>
[http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/9974-aritmiya-halal-dar-nazmi-dil.html# Аритмия-халал дар назми дил]</ref>
== Пайвандҳои беруна ==
<references/>
'''2'''.Бо туфайли ҳамчун насоси фишор кор кардани дил хун муттасил дар ҳаракат аст. Рагҳои хун аз артерия, артериола, вена ва мӯйрагҳо иборатанд. Артерияҳо хунро аз дил ба бофтаҳо мебаранд; онҳо чун шохаи дарахт паҳн шуда, билохир ба артериолаҳо табдил меёбанд, ки дар навбати худ ба рагҳои бориктарин – мӯйрагҳо тақсим мешаванд. Даври хурди гардиши хун аз раги [[шуш]], ки аз меъдачаи рости дил мебарояд, оғоз меёбад. Хун бо ин роҳ ба мӯйрагҳои шуш рафта, дар он ҷо гази карбонатро медиҳад ва бо оксиген пурра таъмин гашта, аз хуни венавӣ ба хуни артериявӣ табдил меёбад. Аз шуш хуни артериявӣ бо чаҳор венаи шуш ба даҳлези чапи дил ҷорӣ мешавад. Тасаввурот оид ба дил ва рагҳо ҳамеша мисли имрӯза набуд. Дар замони қадим гумон мекарданд, ки хун фақат дар венаҳо буда, дар артерияҳо ҳавои нафасгирифтаи одам воқеъ аст. Соли 1628 гардиши хунро кашф кардани физиологи англис Вилям Гарвей воқеаи бузургтарине буд дар [[илм]]и тиб. Ӯ аввалин шуда қайд кард, ки дил хунро ба тамоми рагҳо таҳти фишор равона месозад. Дар натиҷа хун «ба тамоми бадан равона мешавад, ба венаҳо ва масомаи бофтаҳо медарояд ва пас гашта, тавассути венаҳо ба даҳлези рости дил ҷорӣ мешавад».
Яъне, дил узви марказии системаи гардиши хун буда, ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд. Дил дар қафаси сина, байни ҳарду қисми шуш, дар болои диафрагма ҷой гирифтааст. Дили одами калонсол ба ҳисоби миёна 220 – 300 г ва дарозиаш 12 – 15 см мешавад. Гардиши хунро силсилаи асаб бо роҳи тағйир додани дараҷаи ғализии хун танзим мекунад, худи дил ҳам дар танзими хун иштирок менамояд. Хуне, ки аз дил баромадааст, ҳаракати минбаъдаашро дар артерияҳо давом медиҳад. Ба дили одами солим омаду рафти хун миқдоран як хел аст. Венаҳои даври калони гардиши хун хунро аз тамоми қисмҳои бадан, узв ва бофтаҳо гирифта, билохир ба ду венаи ковоки болову поин, ки ба даҳлези рости дил мераванд, табдил меёбанд.
[[Беморӣ|Бемори]]ҳои силсилаи дилу рагҳо хеле сершуморанд. Баъзе аз онҳо асосан бемориҳои дил (тарбод, миокардит ва ғ.), дигарашон бемориҳои артерия (атеросклероз) ё вена (флебит – илтиҳоби венаҳо, васеъшавии модарзодии онҳо) мебошанд, сеюмӣ умуман узвҳои силсилаи дилу рагҳоро иллатдор мекунанд (бемории гипертония). Сабаби бемориҳои силсилаи дилу рагҳо ҳамчунин иллати модарзоди рушд, зарбу лат, илтиҳоб, заҳролудӣ, ихтилоли механизмҳое, ки фаъолияти рагҳо (ва нисбатан камтар кори дил)-ро танзим мекунанд, тағйироти патологии мубодилаи моддаҳо ва баъзе сабабҳои дигар, ки феълан пурра ошкор нашудаанд, мебошанд.
Осеб дидани рагҳо, хусусан артерияҳои калон боиси хунравӣ мешавад. Он барои зиндагӣ хатарнок буда, ҷарроҳии таъҷилиро тақозо мекунад. Бинобар ин, хуб донистани усулҳои ёрии аввалин ҳангоми хунравӣ ба ҳама, хусусан ба онҳое, ки аз нақлиёт истифода мекунанд – ронандагон, геологҳо, сайёҳон ва диг. ҳатмист. Набояд фаромӯш кард, ки зарб хӯрдани қафаси сина бисёр вақт боиси лат ёфтани дил, хунравӣ дар миокард ва халтачаи назди дил (перикирд) мешавад, илтиҳоби халтачаи назди дил (перикардит) рӯй медиҳад.<ref>
[http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/9974-aritmiya-halal-dar-nazmi-dil.html# Аритмия-халал дар назми дил]</ref>
[http://www.navid.tj/health/?ELEMENT_ID=3773 Дил ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд]</ref>
== Пайвандҳои беруна ==