Сотим Улуғзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 9:
}}
 
'''Сотим Улуғзода''' - [[нависандаи]] муосири [[тоҷик]], [[Нависандаи халқии Тоҷикистон]], Узви вобастаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|Академияи илмҳои ҶТ]] (1951) <ref>Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с. </ref>, дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ|Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ]]. Бо асарҳое, чун [[”Субҳи ҷавонии мо” (Қисса)|“Субҳи ҷавонии мо”]], “Қисмати шоир”, “Фирдавсӣ”, “Ривояти суғдӣ”, “Марги Ҳофиз” ва “Восеъ” шӯҳрат ёфтастёфтааст.
 
== Зиндагинома ==
Сатри 24:
 
== Насри бадеии Улуғзода ==
Дар эҷодиёти Сотим Улуғзода насри бадеӣ асосан баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеъ пайдо мекунад. Дар очерку ҳикояҳои “Атака” (1944), “Бибӣ” (1946), “Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ” (1950), “Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер” (1967) воқеаҳои даврони шуравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Воқеаи ҳикояи “Марги Ҳофиз” (1972) бошад, дар Ҳиндустон рӯй медиҳад. Падар – Ҳофизи бузург фарзанди хинашро мекушад ва баъдтар худро низ ҳалок месозад. Моҷарои падару писар ва ҳифзи ватан аз мавзӯъҳои қадимии адабиётӣ ҷаҳон мебошад, ки дар ҳикояи “Марги ҳофиз” тамоман ба таври нав тасвир ёфтааст. Нахустин асари калонҳаҷми Сотим Улуғзода дар соҳаи насри бадеӣ қиссаи “Ёрони боҳиммат” (1947) мебошад, ки ба воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иртибот дорад. Дар асар образҳои Зайнаб, Ҷӯрабек ва Ориф мавқеъ доранд. Зайнаб аз майдони ҷанг “Хати сиёҳ” мегирад, ки шавҳараш Ҷӯрабек дар мухориба қаҳрамонона ҳалок гардида аст. Ӯ баъди як соли мотам ба хотири аз гапу калочаҳои мардум раҳоӣ ёфтан ба Ориф Каримов ном муҳандис издивоҷ мекунад. Вале дере нагузашта аз шифохонаи шаҳри Тошканд мактуби Ҷӯрабек ба дасти вай мерасад. Лаҳзаи ҳассоси асар он аст, ки Зайнаб ду шавҳари қонунӣ дорад ва интихоб дар ихтиёри ин зани дар ҳолати парешонӣ қарор дошта мебошад. Зайнаб баъди андеша ва муҳокимаҳои зиёди мантиқиву ахлоқӣ шавҳари аввалашро интихоб кард, дар беморхона мегӯяд: “Ман Ҷӯрабекро гирифта мебарам”. Зайнаб бо ин сухан масъулияти азимеро дар зиндагӣ ба ӯҳда гирифт, то ки Ҷӯрабеки аз пову даст маҳрум гаштаро наҷот бидиҳад ва ӯро ба ҷодаи зиндагӣ раҳсипор созад. Аввалин романи Сотим Улуғзода “Навобод” (1953) мебошад, ки он ба масъалаҳои муттаҳидкунии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ободонии деҳоти Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ бахшида шудааст. Ин асар дар таърихи адабиётӣ давраи нави тоҷик мавқеи муайян дорад. Асарҳои насрии “Восеъ” (1967), “Ривояти суғдӣ” (1975), “Достонҳои “Шоҳнома”” (1976;, 1977), “Фирдавсӣ” (1985) ба мавзӯъҳои таърихӣ бахшида шудаанд. Дар эҷодиёти Сотим Улуғзода охирин асари калонҳаҷми ӯ – «Фирдавсӣ» мавқеи босазо дорад. “Фирдавсӣ” романи мӯҳташам буда, мавзӯъ ва масъалаҳои зиёди ватанпарастиву хештаншиносиро дар бар мегирад. Нависанда дар маркази сужети роман нақши Ҳаким Фирдавсиро гузошта, ӯро ба сифати шоири ҳақҷӯ, ростгӯ, ватанпараст, додхоҳ ва олиҳиммат тасвир менамояд. Дигар образҳои асар аз ҷумла Фотимабону (ҳамсари Фирдавсӣ), Манижа ва Ҳушанг (фарзандони Фирдавсӣ) Абӯ Дулаф, Муҳаммад лашкарӣ, Ҳусайн қутайб, Салоҳиддини дуредгар, Унсурии шоир дар такмили образи асосӣ саҳм гирифтаанд. Адиб бо эҷоди “Фирдавсӣ” дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик як навъи тозаи романнависиро кашф намуд.
 
== Намунаи осор ==