Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Таърих: бот кор карда истодааст, replaced: хазор → ҳазор
Сатри 10:
 
[[15 октябр]]и [[соли 1929]] дар шаҳри Душанбе Анҷумани фавқулодаи 3-юми Шӯроҳои Тоҷикистон, ки барои муҳокимаи масъалаи азнавташкилдиҳии ҶМШС Тоҷикистон даъват карда шуда буд, ба кори худ оғоз кард. Анҷуман дар бинои «Хонаи колхозчӣ» (ҳоло театри ба номи Маяковский) баргузор гардид. Дар рӯзи дуюми кори анҷуман, [[16 октябр]]и [[соли 1929]] Декларатсия дар бораи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба ҳайати [[Иттиҳоди Шӯравӣ|Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ]] дохил шуд.<ref>[http://www.minjust.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=96&Itemid=101&lang=tj Сомонаи Вазорати адлияии ҶТ/Таърих]</ref>
[[16 октябр]]и [[соли 1929]] Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати вилоятҳои Бадахшон, Ғарм, Кулоб, Курғонтеппа, Ӯротеппа, Панҷакент, Хуҷанд ва Ҳисор, ки дорои 1 миллиону 220 хазорҳазор нафар ахолӣ буданд, ташкил ёфт.
 
Ҷумхуриҳои навташкилёфтаи [[Иттиҳоди Шӯравӣ]], аз ҷумла ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1929) аз рӯи намунаҳои умумииттифоқӣ идора мешуданд, Дар маънавиёти мардуми кишвар тағйироти нав ба амал омад. Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталифи Осиёи Марказӣ, ичунин тоҷикон ба инобат гирифта намешуданд. Дар Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар Ватани бобоияшонро тарк намуданд. Дар солҳои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатӣ гузошта шуданд. Дар деҳот коллективони хоҷагиҳои яккадасти деҳқонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани хоҷагиҳои деҳқонони соҳибмулк гардид. Дар натиҷаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ (солҳои 1926-1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 % расид. Маъракаи «Ҳуҷум» («озодшавии занон») оғоз гардид. Тоҷикистон комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ ([[ИҶШС]]) гардид.