Авесто: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот кор карда истодааст, replaced: хазор → ҳазор (6)
Сатри 4:
Авесто - яке аз қадимтарин ёдгориҳои адабиёти бостонии халқи тоҷик китоби мукаддаси Авесто мебошад. Аввал он ба тарзи шифохи аз чониби мубадони зардушти аз дахон ба дахон мегузашт. Забони авестои аз қадимтарин ва мухимтарин забонҳои кадими эрони ба шумор меравад. Аз сабаби ба ин забон эҷод гардидани Авесто онро забони авестои меноманд. Нахустин бор Авесто дар замони Дорои I (522-486 пеш аз милод) тахрир гардида, ба кайди китобат дароварда шуда буд. Аммо аз он тахрир то замони мо осоре намондааст. Бинобар маълумоти китоби пахлавии Шахристонҳои Эрон бо фармони шох Виштосп [[Зардушт]] Авесторо дар 12000 пусти гов бо хати тилло навишта, онро дар хазинаи оташкадаи шоханшохи чой дода буд. Он вакт Авесто ба 1200 фрагард, яъне 1200 боб чудо мешуд. [[Искандари Мақдунӣ]] соли 331-и кабл аз мелод ҳангоми истилои Форс он нусхаро сузонда, хокистарашро ба об партофт нусхаи дигари Авесто дар тахтачаҳои тилло навишта шуда буд. Онро [[Искандари Мақдунӣ]] ба ватани худ бурда, матнашро ба юнони тарчума кунонд.
 
Нихоят, дар охирҳои аҳди Хусрави Парвиз (590-628) тахрири тозаи Авесто ба майдон омад, ки он Занд, яъне шарху тафсир номида шуд. Пеш аз ин дар асри IV барои сабти Авесто дар асоси хати ороми хати махсус ихтироъ гардида буд, ки хати авестои номида мешуд. Он 44 харф ва 3 шакли ду харфи чуфтовоз ва монанди хати араби аз рост ба чап навишта мешуд. Ба хамин тарик, Авесто дар тули кариб як хазоруҳазору дусад сол чандин бор тахрир хурда, суфта гардида, тагйирпазируфта, шакли мавҷудаи ҳозираро гирифтааст.
 
Тарзи навишту талаффузи Авесто дар асли пахлавии он Апастак буда, маънояш асос ва матн мебошад. Ин китоби мукаддас мачмуаи асотир, матнҳои дини мазҳаби ва масъалаҳои илму ахлок ва фалсафа буда, ба арзиши бузурги дини, адаби ва фалсафи молик аст.
Сатри 10:
Тамоми Авесто бо шеъри хичои эҷод гардида, хар мисраъ аз панҷ то понздах ҳиҷо буда, ағлаби фикрахо аз бандҳои 3-5 сатри таркиб ёфтаанд, ки аксари ин сатрхо аз 10-11 ҳиҷо иборатанд. Унсурҳои қофия низ дар он шеърхо ба назар мерасанд. Аммо санъатҳои шоирони бадеӣ , хусусан, тазод он ҷо зиёд аст.<ref name="I-II 1998">Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 1998.</ref>
<ref name="ReferenceA">Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.</ref>
<ref> Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - 11 саҳ. </ref>
 
== Қисматҳои Авесто ==
[[Акс:Faravahar.svg|thumbnail|Фарваҳар]]
Таҳрири якум дар замони Сосониён муназзам гардида, ба 348-боб таксим шуда, дар 21-китоб гирд оварда шуда будааст. Ин 21 китобро наск мегуфтанд, ки аз 350 000 калима иборат будаанд. Ин тахрир то ба замони мо омада нарасидааст.
Нусхаи кадимтарини тахрири дуввуми Авесто, ки соли 1278 рунавис шуда, то замони мо боки мондааст, чоряки тахрири сосонии онро фаро гирифта, тамоми илми авестошиноси ва дониши инсоният дар хусуси ин ойин дар пояи хамин тахрири Авесто карор гирифтааст. Ин тахрир ба панч бахши мустакил чудо шуда, такрибан ховии 83 хазорҳазор калима аст. Ин бахшхо чунин ном доранд:
 
#Ясно ([[Йасна]])
Сатри 34:
 
=== Яштҳо ===
Яштҳо ([[Йаштҳо]]) аз ҷиҳати мазмун ва сабк ба Ясно рақобат доранд. Аммо Фарқи асоси он аст, ки ҳар як Яшт ба як Йазат (Яздон, Эзит) мансуб буда, ба [[Аҳура Маздо]], [[Оноҳито|Ардвисура Анаҳито]], Меҳр, Митро (Хуршед), Баҳром ва амсоли инҳо хос аст. Яшт калимаи хоси авестойи буда, маънои ситоиш ва ниёишро дошта, ҳамагӣ 21 яшт то ба замони мо омада расидаанд. Дар ин қисми [[Авесто]] низ аз осотиру ривоятҳои [[кавм]]ҳои эронӣ зиёд карда мешавад. Дар он зикр мегардад; «Худои бузург Урмузд (яъне Хурмуз - А.А.) ин ҷаҳонро офаридааст.».<ref name="I-II 1998"/><ref name="ReferenceA"/>
 
=== Вандидод ===
Сатри 48:
[[Хурдак–Авесто]] аз ду калимаи Авестои хвартак (хурдак) ва апастак (Авесто) таркиб ёфта, баргузидаи тамоми Авесто мебошад. Онро дар замони Шопури II Сосони (309-379) муъбади мубадон Озарбади Маҳраспандонт дар 21 наск тартиб дода буд. Он ба ҳашт бахш ҷудо мешавад. Хурдак–Авесто дуоҳоеро фаро мегирад, ки ҳар як пайрави дини зардушти онҳоро бояд бидонад ва ҳангоми ибодат ба забон ронад. ҳамчунин, доир ба таквим, ҷашнҳо, одоби пушидани сару либос хабар медихад. Хурдак_ Авесто фушурдаи донишҳои ачдоди Моро аз таърих, ҷугрофия, ҳуқуқ, тиб ва монанди инҳо фаро мегирад. Метавон Хурдак-Авесторо қонуни ойини зардушти номид.
 
Авасто боқимондаи сурудҳо, достонҳо, ривоятҳо ва гуфтаҳои бузургони гузаштаи мо мебошад, ки таърихи бисёрхазорсолаибисёрҳазорсолаи ориёиҳоро таҷассум менамояд. Авасто маҷмуаи маълумотҳои дини, фолклори, ҷугрофи, астраноми, биологи, ботаники, табиатшиноси, тибби, фалсафи, адаби, шеъри ва таърихист. Маънои калимаи Авасто чандон равшан нест. Дар адабиёти таърихи номи китоб Авасто, Асто, Усто, Апастак, Вистак ва ғайра навишта шуда ва авастошиносон онро китоб, илм, дониш маъни карданд. Авасто барои мо, тоҷикону эрониён, мукаддас аст, на барои он ки китоби динист, балки барои он ки осори қадимтарини хаттии гузаштагони мо ба ҳисоб меравад.Агар муаллифи наски (китоби) аввали он [[Зардушт]] бошад, пас муаллифони китобҳои боқимонда дигар бузургони мо буданд.
== Таърихи Авесто ==
Ҳеҷ миллате дар ҷаҳон чунин асари гаронбаҳои таърихӣ надорад. Матни пурраи Авасторо дар замони забткориҳои [[Искандари Мақдунӣ]] сухтанд. Мувофики ахбори таърихи ''[[Авасто]] дар ду нусха дар 12 ҳазор пусти [[гов]] бо оби [[тилло]] навишта шуда буд'' ва яке дар хазинаи шоҳи дар Персеполис ва дигаре дар маъбад нигоҳ дошта мешуд. Мақдуниҳо қасри шоҳро ғорат карда, баъд оташ заданд ва Авасто ҳамроҳи дигар китобҳои хазина сухт. Нусхаи дуюмро ба Юнон бурданд ва онҷо нобуд гашт. Мувофиқи гуфтаи муаррихи юнони Плини, [[Авасто]]и [[Зардушт]] ''китоби бузургтарин дар ҷаҳон ва аз 2 миллион байт иборат буд''. Тахмин меравад, ки Плини ин маълумотро аз ҳамон нусхаи ба Юнон бурда гирифтааст. Баъди юнониҳоро аз Ориёшаҳр рондан Портҳо ба гирд овардани Авасто пардохтанд ва ин кор ба анҷом расида буд ё не, мо намедонем. Ба ҳар ҳол Авасто дар замони [[Сосониён]] аз нав мураттаб мешавад. Аммо ''ба Сосониён аз 1200 боб 347 бобро барқарор кардан муяссар гардид''. Азбаски [[Авасто]] бо лаҳҷаи мардуми Бохтар навишта шуда буд, барои фаҳмидани вай лугати тафсирие тартиб дода шуд, ки он [[Занди Авесто|«Занд»]] ном дошт. Дар замони [[Сосониён]] муъбадон [[Авасто]]ро мувофиқи шарҳи "[[Занди Авесто]]" мефаҳмиданд. ''Тафсири паҳлавии Занд аз 2094200 вожа иборат буд.''<ref name="ReferenceA"/><ref>Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 1998</ref> <ref>Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.</ref>
 
Авасторо дубора арабҳо сузониданд. Дар асрҳои VII-IX арабҳо тоҷиконро ба бефарҳангӣ таъна мезаданд ва ба иззати нафси онӽо мерасиданд. Дар муқобил ғурури миллии онҳо бедор шуд ва номи миллати худро тоҷик-тоҷдор аз нажоди пок муаррифӣ сохтанд ва ба тарҷимаи осори хаттии худ ба арабӣ шуруъ намуданд. Дар замони халифа Маъмун, ки модараш аз тоҷикони Балх буд мубоҳисае байни диндорони мусулмон, насрониён ва иброниён ташкил карда шуд, ки дар он мубади зардуштӣ бо Номи Озарфаранбағ ([[Отурфарнбағ]]) ширкат дошт. Дар ин мубоҳиса Озарфаранбағ нисбат ба ҳамаи намояндагони динҳои дигар дастболо шуд ва халифа ба у иҷозат дод, ки дар бораи Авасто ва ойини [[Зардушт]] китобе мураттаб кунад. Озарфаранбағ ба навиштани китобе ба номи «[[Динкард (Китоб)|Динкард]]» сар мекунад, лекин онро тамом карда наметавонад, зеро уро диндорони исломи куштанд. Навиштани «[[Динкард (Китоб)|Динкард]]»-ро мубад Озарбод (Отурпати) давом дода, ба охир мерасонад «[[Динкард (Китоб)|Динкард]]» мухтасаран дар бораи бахшҳои [[Авасто]], аз ҷумлаи 21 китоби замони Сосониён маълумот медиҳад.<ref>[ftp://91.218.161.60/kitobho/tojnomaaaaa.pdf kmt.tj Тоҷнома PDF].</ref>
Сатри 89:
Мухаккикон хусусияти чамъияти авестоиро тадқиқ намуда, чахорзина будани онро кайд намудаанд. Дар «Яшт»-и X, 115 оварда шудааст: «Сарвари динии хонадон «нманйа»: сарвари динии авлод – «висйа»; сарвари динии қабила – «зантума»; сарвари динии мамлакат – «дахйума»: сарвари олии дии – «заратуштротэма» номида мешавад26.
 
Ба хамин тарик, оила «нмана» ном дошт. Сарвари чунин оилаи патриархали кадхудо – «нманопати», яъне «худованди хона» буд, заи калони дар оила «нманопати» – «кадбону» омида мешавад. Мавкеи зиёдро ишгол кардани зани калони дар оилаи тоҷикон, махсусан сокинони махалҳои назди Помир, бо хукмронии хазорсолаиҳазорсолаи ислом нигох акарда то замони мо боки мондааст. Материалҳои этнографие, ки дар мавзеъҳои гуногуни Помир чамъовари шудаанд ба ин шаходат медихад.
 
Як далели дигар, вале гайримустакиме оид ба роли баланди занон дар Осиёи Миёнаи кадим мавчуд аст чунон ки маълумот аст, дар замонҳои кадим хукмронии нохияҳои Осиёи Миёна – Уструшон ва Сугд лакаби «афшин» доштаанд27. Таҷзия ва таҳлили таърихию этимологии ин истилоҳро В. И. Абаев анҷом додаст. У тафсирҳои кӯҳна ва дар ҳақиқат беасосро рад намуда, ин истилоҳро бо калимаи дар забони осетини бокимондаи afsin – «кадбону» макоиса намуд28.Ба акидаи В. И. Абаев занон – сарварони қабилаҳои сакои – массагети бояд хамин унвонро медоштанд. Аз онҳо ин истилоҳ баъдтар ба нохияҳои ҳамсояи Осиёи Миёна гузашта, нисбат ба мардони сарвар истифода шудааст29. Ба хамин тариқ, истилоҳе, ки дар байни осетинҳо маънии кадбонуро дошт, дар Осиёи Миёнаи қадим тадриҷа нисбат ба мардони ҳукмрон истифода гардид.
Сатри 126:
Чамоаи дар «Готхо» тасвир шуда аз торочгари , тохтутози вахшиёнаи хамсоягон, горат шудани чорпоён ба дод омадааст. «Готхо» ба зиндагии орому осоишта ва мавчудияти маконҳои гул –гулшукуфон бо сарварии шохони «хуб» , даъват мекунанд .Хамаи ин тагироти бузурги ичтимоиро талаб мекард ,ки чараёни онхо дар он замон хеле тезутунд буд .Ин холатро низ ба назар гирифтан зарур аст.ки «дар давраи авали чамъияти синфи мавкеи халқунандаро дар байни синфи хукумрон хамеша аъёну ашрофи кабила – пешвоён ва рухониёне ,ки дар заминаи сохти чамоати ибтидои ба миён омада будаанд, ишгол мекард. Аммо давлати муттахида танхо анъанаҳои кабилави ва хукумронии олигархиро ,ки бо решаҳои махлли ва чамоавии худ пурқувват буда ва аз ин вачхо доимо чудоиталаб аст ; аз миён бардошта , ба вучуд омада метавонад».
 
Ба хамин тарик , муносибатҳои ичтимои – сиёсии давраи мазкурро дар Осиёи Миёна ҳамчун муносибатҳои гузариш аз сохти ибтидоии чамоати ба сохти чамъиятии синфи маънидод кардан мумкин аст. Чамъоати кабилави аз байн рафта , чамъоати дехот ба миён меомад . «Оилаи чудогона вохиди хоҷагии чамъият шуда мемонад»- гуфтааст Ф.Энгелс. Асоси чамъоати дехотро бар хилофи чамоати кабилави ,на муносибатҳои кабилави ,балки алокаҳои хоҷаги ва территорияви иашкил мекарданд .Дар таърихи мардуми Осиёи Миёна чамъоати дехот роли калоне бозида ,асарҳои аср пояндаву баркарор будааст. « Истибдоди шарқ ива хукумронии истилогарони бодиянишине ,ки чои якдигарро мегирифтанд,дар давоми хазорхоҳазорхо сол бо ин чамоаҳои кадими ягон коре карда натавонистаанд» ,- кайд мекунад Энгелс «Анти –Дюринг» .
 
Дар дохили обшина тадричан нобаробарии молумулки меафзуд .Гуломдории патриархали инкишоф меёфт . Дороён ва камбагалон пайдо мешуданд. Мавкеи сипахсолорон ҳамчун шахсони доиманд соҳибмансаб баланд мегардид. Вале ҳокимияти онхоро шурои кухансолон ва мачлиси кабилави махдуд мекард. Зарурати иттиҳодияи кабилахо ба миён меомад .
Сатри 132:
Чунон ки Ф.Энгелс кайд мекунад ,лашкаркашиҳои горатгарона мавкеи сипахсолорон ва пешвоенро боз хам баланд менамуд. Чанг бо максади горатгари касбу кори доими мегардад. Сипахсолори Оли ва дастёрони вай аъёну ашрофи мероси шуда мемонанд, «демократияи табиии сохти ибтидои ба аристократияи нафратовар» мубаддал мегардид.
 
Мутобики шароити мухталифи истехсолот дар минтакаҳои сахрои ва водихо дар огози хазораиҳазораи I пеш аз милод ду намуди хоҷаги –кучманчиги, чорводори дар сахро ва мукимнишинии, заминдори дар вохаву водиҳои сероб ташкил гардиданд. Ба хамин тарик,аз давраҳои кадимтарин дар Осиёи Миёна холате баркарор гардида буд ,ки дар бораи он К .Маркс навиштааст: «Дархамаи кабилаҳои Шарқ аз сарогози таърих дар байни мукими будани як кисми онхо (кабилахо .-Б.Г.) ва кучманчигии давом кардаистодаи кисми дигар таносуби умумиеро дидан мумкин аст).<ref name="I-II 1998"/><ref name="ReferenceA"/>
 
== Нигаред ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Авесто"