Қаннодӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Қаннодӣ''' ([[арабӣ]]: '''قنّادي''') шуғли [[қанд]]фурӯшӣ; шираворпазӣ; [[ҳалво]]гарӣ; ҷои [[қанд]]фурӯшӣ; корхонаи қаннодӣ корхонаи шираворпазӣ; мағозаи қаннодӣ мағозаи махсуси қандфурӯшӣ.<ref>
[http://dic.academic.ru/searchall.php?SWord=қаннодӣ= Словари и энциклопедии на Академике/Қаннодӣ]</ref>]
==Қаннодӣ==
*'''Набот''' - як навъ ширинии зардчатоб ё шаффофест, ки аз кристалҳои калон иборат аст. Ду ҳисса шакар ва як ҳисса обро (мас., бо 10 кг шакар, 5 лоб) ба дег андохта ва маҳин ҷӯшонда, шарбат мепазанд. Шарбатро нағз омехта, то пайдо шудани кафк меҷӯшонанд ва пас кафкашро мегиранд. Ба шарбат тухм (ба 80-100 кг шарбат 1 л об ва якто тухм) меандозанд. Шарбатро боз ҷӯшонда, кафкашро гирифта меистанд. Баъд дар деги махсус 3-4 қатор ресмони сафедро параллел мекашанд, нӯгҳои ресмонро ба дег бо ширеш мечаспонанд. Шарбати дар дигар дег ҷӯшидаро ба деги ресмонкашида мерезанд, баъди як соат дар рӯи шарбат парда ҳосил мешавад. Дегро бо сарпӯши махсус пӯшида, 3 шабонарӯз дар ҳамон ҳолат мегузоранд. Дар ин муддат дар атрофи ресмонҳо кристалҳо ба вуҷуд омада, ҳаҷман калон шудан мегиранд. Сипас (баъди 3 шабонарӯз) сарпӯши дегро гирифта, шарбати дар дег боқимондаро ба дигар зарф мерезанд ва дар қаннодӣ истифода мебаранд. Наботи ба таги дег часпидаро ҳам истеъмол менамоянд. Шӯшаҳои ба ресмон часпидаро аз дег гирифта, дар рӯи миз мехушконанд ва набот тайёр мешавад. Барои тайёр кардани 10 кг набот 24,9 кг шакар, 0,01 кг сафеда, 0,004 кг декстрин лозим аст.