Шӯрбо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 22:
[[Таом]]ест, ки аз [[моҳӣ|моҳи]]ҳои гуногун тайёр мекунанд. Моҳиро аввал чок карда, дар [[об]]и хунук хуб мешӯянд. Баъди пулакчаҳояшро тоза кардан ба оби сарди [[дег]] андохта, каме меҷӯшонанд, сипас ба миқдори зарурӣ [[намак]], [[пиёз]], барги ғор илова мекунанд ва онро дар [[оташ]]и паст 40-60 дақиқа мепазанд. Баъди пухта тайёр шудани моҳишӯрбо обашро алоҳида ба [[коса]]ҳо ва моҳиро ба [[табақ]]чаҳои хурд гирифта, ба [[дастархон]] мегузоранд. Моҳишӯрборо аз моҳиҳои нав яхкуноншудаи баҳрӣ - равған[[моҳӣ]], ало[[моҳӣ]] низ бо ҳамин тарз тайёр мекунанд. Ба 1 кг моҳӣ як пиёз, каме ҷаъфарию кашнич, 2,5-3 л об ва мувофиқи табъ мурчи нокӯфта, барги ғор ва намак лозим аст.
==Каллапочашӯрбо==
Калла, поча, ишкамба ва рӯдаҳои [[гӯсфанд]]ро нағз тоза карда, дар оби[[об]]и хунук мешӯянд. Сипас ба дег андохта, 2,5 - 3,5 соат дар оташи паст меҷӯшонанд. Пеш аз ҳама баъди як маротиба ҷӯшидан, ба [[дег]] пиёзи резашуда ва 40 дақиқа пеш аз пухтани каллашӯрбо [[сабзӣ]], кабудӣ, барги ғор, намак ва хӯриш меандозанд. Мувофиқи хоҳиш ба каллапочашӯрбо забон, гурда, шуш, ҳасиб ва ғайраро низ андохтан мумкин аст. Каллапочаро баъди пухтанаш аз [[дег]] гирифта, ба оби дег шалғам, [[каду]]и поракардашударо андохта 30 дақиқа меҷӯшонанд. Ба оби каллапочашӯрбо [[биринҷ]], нахӯд низ андохтан мумкин аст. Каллапочашӯрборо ба [[коса]]ҳо кашида, бо пиёзи кабуд, қаламфур истеъмол мекунанд. Каллаю поча, дилу ҷигарро алоҳида ба табақҳо мекашанд. Масолеҳ; 1 калла, 4 поча, яктогӣ дилу шуш, ҷигар ва ғайра, 1 кг шалғам ва сабзӣ, 300 г [[каду]], 250 г пиёз, 2 бандча пиёзи[[пиёз]]и кабуд, мувофиқи табъ намак, хӯриш лозим аст.<ref>
[http://www.odamvaolam.hol.es/%D0%A2%D0%B0%D0%B1%D0%B1%D0%BE%D1%85%D3%A3.html Шӯрбоҳо]</ref>
 
==Манбаъ==
Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – Москва 1969, - c. 609
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Шӯрбо"