Шӯрбо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 2:
{{иқтибос|муаллиф=[[Аҳмади Дониш|Аҳмади Дониш]]|Ба як табақи [[чӯб]]ӣ '''''шӯрбо''''' меоварданд, аснофи буқулот дар он андохта.}}
'''Шӯрбо''' яке аз хӯрокҳои хеле пурғизо ва писандидаи мардуми тоҷик аст.
*'''Тарзи тайёр кардани шӯрбо ду навъ аст:''' хомшӯрбо ё [[об]]ҷӯшон ва шӯрбои тагҷаз. Бештар аз 20 навъи шӯрбо (вобаста ба масолеҳаш) - [[шалғам]]шӯрбо, [[нахуд]]шӯрбонахудшӯрбо, дӯлмашӯрбо, шилхашӯрбо, [[карам]]шӯрбо ва ғайра мавҷуд аст.
==Хомшӯрбо==
[[Гӯшт]]и [[гӯсфанд]] (тӯш, қабурға ва каме [[равған]]аш)-ро ба [[дег]] андохта меҷӯшонанд. Кафки шӯрборо намегиранд (баъд аз андохтани [[пиёз]] худ аз худ нест мешавад). Ба шӯрбо пиёз ва [[сабзӣ|сабзи]]и бутун, [[помидор]]и резашуда, [[намак]] ва адвиёт илова мекунанд. Баъди 20 [[дақиқа]]и ҷӯшидан ба он [[картошка]]и бутун меандозанд ва [[оташ]]ро паст карда, пухтанро давом медиҳанд. Пас аз он ки картошка пухт, [[таом]]ро аз болои [[оташ]] мегиранд; 3-4 дақиқа пеш аз пухтани шӯрбо ба он [[кашнич]]и майда резашуда илова мекунанд. Гӯшти таомро бо сабзӣ ва картошка ба [[табақ]] гирифта, ба рӯяш [[зира]] мепошанд. Шӯрбояшро ба [[коса]]ҳо мекашанд. Барои хомшӯрбо 500 г [[гӯшт]], 500 г [[картошка]], 400 г [[сабзӣ]], 5 дона [[пиёз]], 4-5-то [[помидор]], барги ғор, [[намак]], 1-2 дона [[қаламфур]], ним бандча кашнич ва 1 [[қошуқ]]ча [[мурч]] лозим аст.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Шӯрбо"