Ҷаъфарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 4:
[[Дору]]и табиӣ барои тарс, изтироб ва афсурдагӣ, муҳофизат аз фарбеҳӣ, тозагии хун ва сарчашмаи ҷавонӣ, фаъолкунандаи қувваи [[мард]]он, танзимкунии ҳайзи [[зан]]он, мустаҳкам намудани системаи масунияти кӯдакон, бо хусусияти антисептикӣ, муҳофизати бадан аз микробҳо, табобати захм ва аз ҳама муҳимаш пешгирӣ аз [[Бемории Саратони|саратон]]. Натанҳо [[барг]]аш, балки [[реша]] ва [[тухм]]аш низ шифобахш буда, аз [[витамин]] ва минералҳо аст. Ҷаъфарӣ дорои [[витамин]]ҳои A, B1, B3, C, E, оҳан, калсий, магний, калий, фосфор, манган, натрий, мис, сулфур, хлорофил ва [[равған]] мебошад. Ба вуҷуд қувват бахшида, кори пешоб ва талхаро хуб ба роҳ мемонад. Инчунин гузариши ҳайзи [[зан]]онро осон мегардонад. Аз касалиҳои [[Бемории зуком|зуком]], шамолхӯрӣ ва табларза ҳифз мекунад; қанди хунро мӯътадил нигоҳ дошта, аз касалии [[Бемории Саратони|саратон]] муҳофизат мекунад. Моддаҳои заҳролудро берун карда, аз тарбод ва зардпарвин ҳифз менамояд. Хунро тоза карда, системаи асабро ором мекунад. Инчунин ба бемориҳои [[санг]]и гурда, фишори хун, фарбеҳӣ ва [[бемориҳои ҷигар]] фоидаи зиёд дорад. Барои инкишофи кӯдакони заиф хеле муфид мебошад. Дар дилбеҳузурӣ ва кӯтоҳнафасӣ камтар ҷаъфариро хуб хоида фурӯ бурдан, фоидаи зиёд дорад. Модаронро кам[[шир]] мекунад. Ба [[мӯй]]и [[сар]] қувват бахшида, рехтани онро пешгирӣ мекунад. Ҳатто [[реша]]и ҷаъфариро пас аз тоза кардан бо хӯроку хӯришҳо истеъмол кардан мумкин аст. Бӯйи нофорами [[даҳон]]ро низ аз байн бурда, ба нури [[чашм]] зиё мебахшад. Тавассути роҳҳои пешобдон намаки ҷамъшуда ва санги гурдаро аз бадан хориҷ мекунад. Ҳар [[рӯз]] миқдори муайянро итеъмол кардан лозим мебошад, чунки истеъмоли аз ҳад зиёд зарар дорад. Шахсоне, ки ба сабаби сармохӯрдагӣ варами гурда доранд, истеъмол набояд кунанд. [[Об]]ашро зиёда аз 60 гр ва худашро танҳо истеъмол набояд кард.<ref>
[http://www.navid.tj/health/?ELEMENT_ID=5614 Таркиби мӯъҷизавии ҷаъфарӣ...]</ref>
{{ҷавона}}
==Пайвандҳои беруна==
<references/>