Тоҳириён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
х Вироиши Фарогат Искандарова (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки [[U...
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
х Вироиши AryanSogd (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Фарогат Искандарова а...
Сатри 8:
Агарчанде Тоҳир майли тамоман ошкори мустақилшавӣ дошт, халифа Маъмун ба ҳокими Хуросон писари ӯ Талҳаро (822 - 828) тасдиқ намуд. Писари дигари Тоҳир – [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] ([[830]] – [[844]]) дар ҳеҷ сурат худро мутеи хилофат надониста, Хуросонро бо ихтиёри худ идора мекард. Дар замони ӯ қароргоҳи Тоҳириён шаҳри [[Нишопур]] гардид. Халифа Мӯътасим (833- 842) Абдуллоҳро хеле бад медид, вале барои саркӯби ва мутеъ кардани ӯ ҳеҷ як чора ва имконияте надошт. Кӯшиши ба воситаи заҳр ҳалок сохтани [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] ҳам барор нагирифт.
Тоҳириҳо барои ташкил кардани ҳукумати мутамарказӣ қавӣ ва ба тартиб андохтани умури зироат тадбирҳои қатъӣ пешбинӣ намудаанд. Онҳо тариқи беҳтар истифода бурдани обро ҷорӣ карда, наҳр ва каналҳои нав сохтанд. Мувофиқи супориши [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] машҳуртарин қонундонҳои мамлакат қоида ва мизони баҳрабарии обро дар корҳои зироат таҳти мутоилиа қарор дода, китобе дар ин бора таълиф намуданд, ки муддати дусад сол дао ҳалли мубоҳиса ва моҷарои соҳаи об ва обёри ҳамчун дастурамал хидмат кард.
Номаи[[Нома]]и Тоҳир ибни Ҳусайн ба писараш [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] маҳфуз модааст. Дар он ба тариқи панду насиҳат масъалаҳои давлатдорӣ, муносбат бо фуқаро, усулҳои андозгирӣ ва амсои ин баён ёфтааст. Тоҳир ба писараш маслиҳат медиҳад, ки андозро аз рӯи адлу инсоф бигирад ва аз он на бойҳо ва на назиконашро озод накунад. Асли маънии ин «мувозибат» дар худи [[нома]] равшан ифода шудааст: «Бидон, ки сарват даромаде намеорад, аграчи фузун бошаду дар хазина бимонад, вале баръакс, меафзояд ва зиёдатар мегардад вақте ки ба зарурати фуқаро, барои адои ҳаққи онҳо ва аз ташвиш озод шуданашон сарф шавад; рафоҳи ҳоли халқ бо ҳамин восита таъмин мегардад, ҳокимонро ин зеб медиҳад, шукуфонии даврон аз ҳамин аст, шӯҳрат ва қудратро ҳамин мебахшад…. Дар айни вақт ту ба шарофати ин барои ҷамъоварии миқдори лозимаи андозаи замин имкон меёбӣ ва боигарии ту афзун мешавад ва ин тариқа ту қуввае пайдо мекунӣ, то барои худ қӯшун нигаҳдорӣ ва ба мардум дасти саховати худро боз намуда, ҳамаро аз худ шод градонӣ». Тоҳир ин ҷо ҳамчун ҳимояткунандаи манфиати синфи худ баромад карда, дар айни замон чун шахсе, ки ба ҷуз хонахароб кардан ва аз иқтидори пардохти молиёти маҳрум намудан дигар нафеъ надоштани зулму истисмори мардумро мефаҳмид, ба назар менамояд. Ӯ маҳз аз рӯи манфитаҳои синфи худ ба истисмори «оқилона» даъват мекунад. [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] ҳам васиятҳои падари худро то андозае дар амал татбиқ намуд.
 
[[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]], инчунин кӯшиш намуд он худсариҳое, ки дар маҳалҳо заминадорони калон ва маъмурони давлат нисбат ба барзгарон раво медоштанд, то ҳадди имкон маҳдуд гардонад. Ӯ фармони махсус бароварда, аҳволи барзгаронро қадре ба сомон овард. «Худо ризқи моро ба дасти онҳо мерасонад – гуфта мешуд дар фармони Абдуллоҳ, - ба забони онҳо моро табрик мекунад ва ранҷонидани онҳоро манъ кардааст».
Сатри 15:
 
Тоҳириҳо барои маъмул градидани дини ислом кӯшиш карда, чунин ният доштанд, ки рӯҳониёни исломро дар бобати сиёсати марказият додани давлат ба такягоҳи худ мубаддал намоянд. Дар аҳди Талҳаи Тоҳирӣ дар Устурушан, ки оини зардуштӣ нисбатан бештар маҳфуз монда буд, низ дини ислом ҷорӣ карда шуд. Абдуллоҳи Тоҳирӣ дар соли 840 ба ташкили мурофиаи ҷиноятӣ бар афшини собиқи Уструшан Ҳайдар, ки пас аз қабул кардани дини ислом яке аз сардорони ҳарбии халифа Мӯътасим градида буд, мусоидат намуд. Афшин Ҳайдар дар вақти муҳокима ба он гунаҳкор карда шуд, ки ӯ барои пинҳон доштани асли мақсади худ дини исломро қабул карда, дар амал барои шӯриши Уструшан дар талаби истиқлол ва оини қадима тадорукот медид. Ҳангоми мурофиаи суд маълум гардид, ки уструшаниҳо фақат дар зоҳир дини исломро қаблу кардаанд, аммо дар амал ба пайравии оини қадимаи худ давом медодаанд.
 
==Заволи сулола==
Давлати Тоҳириҳо ба миқдори зиёди амалдорони босавод эҳтиёҷ дошт. Аз ин ҷост, ки [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] кӯшиш мекард назар ба давраи гузашта дониш ва омӯзишро бештар дастраси оммаи васеи аҳолӣ гардонад. [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] низ монанди падари худ шоир буд. Бародарзодаи ӯ Мансур, ки [[Марв]], Омул ва [[Хоразм]]ро идора мекард, бо асарҳои фалсафии худ шӯҳрат пайдо карда буд. Писари [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] Тоҳири II ([[844]] – [[862]]) саъй мекард, ки дар ҳар бобат ба падараш тақлид намояд. Умуман, замони ҳукмронии Абдуллоҳ ва Тоҳирро метавон оғози эҳёи маданияти маҳаллӣ номид. Аммо ин протссес хеле мураккаб ва ихтилофомез буд. Гап дар сари ин аст, ки худи намояндагони сулолаи Тоҳириён, хусусан [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]], ба маданияти араб ва тамоми зуҳуроти он ихлос доштани худро бо исрор таъкид мекарданд. Дар асри IX ва ибтидои асри X дар [[Эрон]] ҷамоатҳои зардуштӣ нашъат пайдо карда, маҳз дар ҳамин вақт чунин асраҳои зардуштӣ, аз қабили «Бундаҳишн» ва «Денкарт», инчунин як қатор таълифоти ғайридинӣ ба вуҷуд меоянд. Тоҳириён ҳамаи инро ба эътибор нагирифта наметавонистанд, хусусан, ки аз ҷиҳати сиёсати душмани асосиашон хилофати Аббосӣ буд ва худи онҳо ба ҳамон вилоятҳое такя мекарданд, ки аксари аҳолиашон эронизабон буданд. Маҳз аз ҳамин сабаб Тоҳириён ба шоирон, алалхусус, мӯътақидони шуубия иҷозат медоданд, ки онҳоро бо подшоҳону қаҳрамонони Эрони пеш аз ислом қиёс карда, [[ситоиш]] намоянд. Дар дарбори Тоҳириён дар қатори забони арабӣ забони форсӣ ҳам мустаъмал буд. Дар Марв китобхонае вуҷуд дошт, ки асарҳои ба забони паҳлавӣ навишта шуда нигоҳдошта мешуд.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011. –с.94- 96.</ref>
{{таърих-нопурра}}
 
== Пайнавиштҳо ==
<references />