Фарқият байни намунаҳои "Бахшӣ"

no edit summary
(Саҳифаи нав: БАХШӢ (аз калимаи санскритии бҳикту – қаландар, дарвеш), 1) мардуми туркзабон, махсусан туркман...)
 
БАХШӢ'''Бахшӣ''' — (аз калимаи санскритии бҳикту – қаландар, дарвеш), 1) мардуми туркзабон, махсусан туркманҳо шахсеро мегӯянд, ки достонҳо, қиссаҳо, ҳикоятҳоро аз адабиёти хаттӣ ва аз адабиёти омиёна месароид ва ё баъзан ба наср ҳикоя мекард. Бахшиҳо аз асбобҳои мусиқӣ – дутор, дамбура, ғижак истифода мебурданд.
 
Туркманҳо инчунин пири авлодро Бахшӣ мегуфтанд. Бахшигӣ дар асоси шогирдӣ ва устодӣ ривоҷ меёфт;
 
3) Бахшӣ шахсеро мегӯянд, ки ба табобати рӯҳии мардум машғул буд, афсунгарӣ ва фолбинӣ мекард. Ба ақидаи Бахшиҳо ба бадани бемор деву парӣ, ҷин, албастӣ ва ғ. ҷой гирифта, ӯро бемор мекунанд. Бахшиҳо бо истифода аз оташ, кафгири дар оташ сурхшуда, дойразанӣ, садоҳои баланди ваҳмангез, ҳаёҳу ва ғ. намодҳои бадро аз бадани инсон дур мекарданд.
 
== Адабиёт ==
Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 1. М., 1969; Р. Раҳмонӣ.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
*Р. Раҳмонӣ.
== Манбаъ ==
[[Гурӯҳ:Фарҳанг]]
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]