Фарқият байни намунаҳои "Ашрафӣ Мухтор Ашрафович"

no edit summary
(Саҳифаи нав: '''АШРАФӢ Мухтор Ашрафович''' (25.5.1912, Бухоро – 15.12.1975, Тошканд), композитор ва дирижёри тоҷик,...)
 
'''АШРАФӢАшрафӣ Мухтор Ашрафович''' (25.5.1912, [[Бухоро]] – 15.12.1975, [[Тошканд]]), композитор ва дирижёри тоҷик, яке аз саромадони операи Шарқ, Ҳунарпешаи халқии [[ИҶШС]] (1951), профессор. (1953), Ходими хизматнишондодаи санъати [[ҶШС Ӯзбекистон]] ва [[ҶШС Тоҷикистон]] (1970). Хатмкардаи Институтити омӯзиши мусиқӣ ва хореографияи шаҳри [[Самарқанд]] (1930), Консерваторияи [[Маскав]] (1936, синфи композитсияи С. И. Василенко) ва факти дирижёрии Консерваторияи Ленинград (1948, ба таври экстернӣ). Солҳои 1930–43 дирижёр ва роҳбари бадеии Театри калони опера ва балети Ӯзбекистон ба номи Навоӣ (Тошканд), 1944–52 муаллим ва 1953–75 профессор (ҳамзамон аз с. 1971 ректор) Консерваторияи Тошканд буд. Ашрафӣ бо ҳамкории С. Н. Василенко нахустин операи ӯзбекии «Бӯрон»-ро навишт. Муаллифи операҳои «Канали бузург» (ҳамроҳи С. Н. Василенко, 1941), «Дилором» (1958), «Дили шоир» (1962), балетҳои «Тӯмори ишқ» (1969), «Темурмалик» (1972, Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ), «Симфонияи қаҳрамонӣ» (1942, Мукофоти давлатии ИҶШС, 1943), сюитаи оркестрии «Фарғона», контатаҳои «Ӯзбекистон» ва «Суруди бахт» (1951, Мукофоти давлатии ИҶШС, 1952), мусиқӣ ба филмҳои «Кишвари баҳор» (1937), «Насриддин дар Бухоро» (бо ҳамкории композитор Б. Арапов), «Хоҳарон Раҳмоновҳо» (коргардон К. Ёрматов, 1954), «Наташахонум» (коргардон Л. Файзиев), «Симурғ» (коргардон Ҳ. Файзиев, 1971), филми бадеии дусериягии «Субҳи Ганг» (коргардон Ҳ. Файзиев, муаллифи сенария М. Турсунзода) ва ғ. Асарҳои офаридаи Ашрафӣдорои лиризми баланд буда, обуранги хосси миллӣ доранд. Ашрафӣ барои пешравии мусиқии тоҷик корҳои зиёдеро анҷом додааст. Ӯ с. 1930 ба пойтахти Тоҷикистон омада, бо супориши радиои навтаъсиси ҷумҳурӣ дар асоси оҳангҳои халқӣ 20 суруди тоҷикӣ офарид. Соли 1932 дар ҳайати ансамбли консертии Тоҷикистон ба шаҳри Ленинград сафар намуд. «Сюитаи рақсии тоҷикӣ» яке аз беҳтарин асарҳои ӯ буд. Ашрафӣ муаллифи китоби «Рӯзномаҳои Ҳиндустон», якчанд очерк ва зиёда аз 60 мақола дар мушкилоти санъату мусиқӣ аст. Фаъолияти эҷодии Ашрафӣ чун дирижёри опера ва симфония зиёда аз 40 сол давом кардааст. Дар барномаи консертии Ашрафӣ асарҳои симфонии классикони русу аврупоӣ ва композиторони шӯравӣ («Кармен», «Княз Игор», «Иоланта», балетҳои «Кӯли қувон», «Спартак», «Дон Жуан», «Дон Кихот» ва ғ.) мавқеи намоён доштанд. Ашрафӣмуаллифи дар Осиёи Марказӣ аввалин филм-операи «Дилором» (коргардон А. Ҳамроев, 1967) ва аввалин филм-балети «Қиссаи қалъаи кӯҳна» (коргардон Л. Файзиев) мебошад. Солҳои охири умраш якчанд асари калон офарид: балети «Шамшер ва муҳаббат» (варианти нави балети «Темурмалик», 1974), ораторияи «Достони Рустам» (1974, ба муносибати ҷашни 50-солагии Тоҷикистон), романсҳо ба ашъори Ҳофизи Шерозӣ («Саҳар булбул ҳикоят…», «Ғами ту дорам»), А. Лоҳутӣ («Эй санами Шарқ») ва М. Турсунзода («Дилам хоҳад баҳори зиндагиро», «Суруди арӯсӣ»). Ашрафӣ дар толорҳои Театри калони академияи давлатии ИҶШС, Театри опера ва балети ба номи С. М. Кирови Ленинград, Театри академии опера ва балети Белоруссия, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва дар давлатҳои Миср, Ҳиндустон, Сейлон ҳунарнамоӣ кардааст. Асарҳои ӯ дар саҳнаи театрҳои [[Россия]], [[Ҳиндустон]], [[Шри-Ланка]], [[Туркия]], [[Миср]], [[Юнон]], [[Лубнон]] иҷро карда шудаанд. Дорандаи мукофоти давлатии ИҶШС (1942, 1951), Мукофоти давлатии Ӯзбекистон ба номи Ҳамза (1970), мукофотҳои байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1972) ва Ҷамол Абдунносир (1973). Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои «Нишони Фахрӣ», Ситораи Гарибалдӣ (Итолиё, 1954), Анвар Содот (АМА, 1973) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
*Адабиёт: Композиторы и музыковеды Таджикистана. Д., 2010.
 
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:ФарҳангШахсиятҳо аз рӯи алифбо]]